ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАЪИНОТИ КАДРӢ

ТАЪИНОТИ КАДРӢ

17 январ 2024, Чоршанбе
197
0

 
16-уми январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар вазифаҳои роҳбарикунандаи сохторҳои молиявию бонкӣ, маориф, Академияи миллии илмҳо, кумитаҳои ҷавонон, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таъин гаштанд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни суҳбат Пешвои миллат фаъолияти сохторҳои зикргардидаро таҳлилу баррасӣ карда, аз роҳбарони навтаъиншуда барои фаъолияти боз ҳам самараноку сифатноки сохторҳои мазкур масъулияту иродаи қавии роҳбариро талаб намуданд.
– Тарбияи ҷавонони  соҳибкасбу баландихтисос аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар ин замина тадбирҳои муассир амалӣ шуда истодаанд. Дар такя ба неруи созандаи ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол ва омода сохтани мутахассисони дорои донишу малакаи ҷавобгӯ ба меъёрҳои муассисаҳои байналмилалии молиявию иқтисодӣ мо метавонем дар оянда рушди устувори давлати худро таъмин намоем, – таъкид карданд Президенти мамлакат.
Баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии мамлакат, таваҷҷуҳи зарурӣ ба забономӯзӣ ва интихоби дурусти касбу шуғл, тарбияи кадрҳои ҷавон дар зинаҳои гуногуни илм, дастгирии олимони ихтироъкору навовар, ислоҳот дар пажӯҳишгоҳҳои Академияи миллии илмҳо, алоқамандии илм ба истеҳсолоту ихтироот, ҳарчи зудтар таъмин намудани шароит барои пурра гузаштан ба низоми пардохти ғайринақдӣ, иқтисоди рақамӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат аз мавзуъҳои асосии суҳбат буданд.
Роҳбарони намояндагии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО), Бонки ҷаҳонӣ ва Фонди байналмилалии асъор дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.
– Барои Тоҷикистони соҳибистиқлол мутахассисоне лозиманд, ки баҳри пешрафту рушд ақлу заковат, маҳорат ва ҳастии худро дареғ надоранд, – таъкид намуданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми мулоқот.

Санаи нашр: 17.01.2024 №: 13
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив