ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА СУҲБАТИ ШИРИНИ МОДАР ДЕР НАКУНЕМ!

БА СУҲБАТИ ШИРИНИ МОДАР ДЕР НАКУНЕМ!

28 феврал 2023, Сешанбе
258
0
 
Рӯзе бо шӯхиву бо лутф аз модарам пурсидам: “Модарҷон, Шумо аз куҷо ин қадар доно? Ин ҳама сариштакориву чашмикордониро аз куҷо омӯхтаед?”
Модарам оҳи дардноке кашида, гуфтанд: “Аз хушдоманам...”
Аз ин посух ҳайрон шудам. Гуфтам, модар ё лутф мекунанд, ё ин ҷо ягон гапи дигар ҳаст, зеро чеҳраашон тағйир ёфта, чашмашон аз ашк пур шуд. 
Боз ҳам гапро ба тарафи шӯхӣ кашонда гуфтам: “О, на ҳама занҳо аз хушдоманҳои худ ба некӣ ёд мекунанд – ку, Шумо мегӯед хушдоман”. Ин бор модарам бисёр ҷиддӣ ва яклухт ҷавоб доданд: “Пеши руҳи гузаштагон, дар намозу ниёз ва, ҳатто дар танҳоӣ ҳам, дуо мекунам ва шукр мегӯям, ки келини чунин хушдоман будаам”.
– Пас, модари худатон чӣ? – боз кунҷковӣ мекунам.
– Аз модарам он чи омӯхтам, барои худам, барои низоми рафтору кирдорам даркор буд, аммо мактаби зиндагиро дар хонадони хушдоман гузаштам. Вақте арӯс шуда омадам, гӯё кӯдак будам, намедонистам, ки зиндагӣ ин қадар пасту баландиҳо доштаст. То он дараҷа хушдоманамро дӯст медораму ёд мекунам, ки, ҳатто ҳар як рӯзи 22 солу 6 моҳ ҳамроҳашон зистанамро дар хотир дорам. Хушдоманам ҳамсари раис буданд, бо ҳар кас суҳбат ҳам намекарданд, салобати ба худ зебанда доштанд, аз сиёсати он кас ҳамеша дар ҳарос будам, зеро ягон гап ё рафтори он зани зебо хато набуд, санҷидаву дида, баъдан пайи кор мешуданд. Ба қавли гузаштаҳо, гапашон ба корашон мувофиқ буд. Нон пазанд, дар рӯи сурхи нон одам рӯяшро медид. Дар меҳмонӣ ҳам як дам нишаста боз мехестанд, меҳмондориҳояшон дар ёди ҳама ҳаст то ҳанӯз, ҷои ҳама ашёи рӯзгор дақиқ ва мавқеи бонизоми истифода доштанд. Муҳимтарин хислати неке, ки аз он кас омӯхтам, ғайбат накардан аст. Ман гоҳо аз рафти зиндагии ин ё он ҳамкор, ё ҳамдиёрамон ғайбатро сар кунам, зуд мегуфтанд: “Келин, сару савдои ҳама бо худаш, ба мо чӣ?!” Ҳеҷ гоҳ гапи маро об дода, “хӯш, баъд чӣ шудаст?” нагуфтаанд. Ҳамин рафтор дар хислати ман низ ҷо гирифт ва то ҳол фаромӯш накардаам...”.
Аз чунин ранг гирифтани суҳбат батамом ҳайратзада будам. Ҳамин гуфтаҳо тасдиқ мекарданд, ки модарҷонам ҷавонмарданд. Вагарна, дар рӯзгор камшуморанд занҳое, ки некиҳои хушдоманашонро қадр намуда, нақши ӯро дар рӯзгордорӣ аз модар ҳам, муҳимтар арзёбӣ кунанд ва, ҳатто чанд солу чанд рӯз якҷо зистанашонро бо хушнудӣ дар хотир дошта бошанд. 
 
Боз ҳам шавқам афзуду “Аз модаркалонам, яъне аз модаратон чизе дар ёд надоред?” – гуфтам. 
Ба дӯшаш гӯё кӯҳе фитода бошад, аз нав оҳ кашиду посух дод: “Озодагиву кордонӣ, андешаву гуфтор ва ба сӯи мақсад талош кардан, аз модарам мерос мондааст. Модари коммунистам дар кори хеш ҷиддӣ буданд. Бо вуҷуди ин, дили бисёр нарм ва нозук доштанд. Бештар аз ҳама рӯзҳои охири умрашон дар ёдам монда. Чанд вақти охир бемори бистарӣ буданд, зери танини Шашмақом ашкашон ҷорӣ мешуд. Дар хона як радиоча дар мех овезон буд ва ҳар гоҳ Шашмақом шунида шавад, оҳиста оби чашмашон мерафт ва онро модарҷонам пинҳон мекарданд. Ҳамеша як дуо зери лабашон мегашт: “Худоё, Худоҷонам, ҳамин се рӯз дардам деҳу ҷонамро гир, бачаҳом, духтари ягонаам саргардон нашаванд”. Ман будам он духтари ягона дар байни 4 писар ва он замон намефаҳмидам, вале ҳоло ба мағзи он гуфтаҳо мерасам. Пеш аз марг маро даъват карда, ҳама насиҳату васиятҳои худро фармуданд. Ҳатто гуфтанд: “Дар фалон ҷо суфи сафед, матоъҳои гуногун, як миқдор пул нигоҳ доштаам, агар мабодо гузарам, натарс, дар сари ҳама ин рӯз ҳаст, муҳимаш, худатро ба даст гирифта, бообрӯ дар қатори мардум маро ба хонаи охират гусел кун. Сарамро тарафи қибла мон ва поям ба сӯи обраҳа, ба тарафи дарёи Зарафшон бошад”. 
Фақат зани тоҷик чунин дили бузург дорад ва барои мурдан пешакӣ омода мешавад. Албатта, чунин таъкидҳо ва гӯшзадҳои пешакӣ буданд, ки аз марги азизтаринам наҳаросидам ва мардонавор қоматамро рост гирифта, бо марсияҳои ҷонгудоз гуселашон кардам. Вале як чиз маро ҳамеша азоб медод, мегуфтам, чаро модарам суруд шунида гиря мекунанд? Ба “синни пайғамбарӣ” расидам, гарму сарди рӯзгоронро бисёр дидам ва ҳоло дарк мекунам, ки дар пардаҳои Шашмақом ва матни он дарду ормонҳои инсонӣ нуҳуфта буданд. То имрӯз барои модарам месӯзам, ҳар қадар ба синну соли ӯ наздик мешавам, ҳамон қадар ӯро бештар эҳсос мекунам ва сӯзиши дилам даҳчанд мешавад. Сӯзиши модар дигар будаст...” 
 
– Барои ҳамин гоҳу ногоҳ ба хонаатон оям, зери чашмонатон варамида сурх шудааст. Пас, Шумо ҳам мисли модаратон пинҳонӣ гиря мекунед? 
– Намозамро хонда, куллиёти Лоиқ Шералиро ба даст мегирам. Бештари шеърҳои ин шоирро аз ёд медонам. Модарномаашро, махсусан бештар, мутолиа мекунам. Дар телефонам муноҷот гӯш карда, мегирям. Медонӣ, ҳамин мусиқии дар телефонам буда, ки ҳар гоҳ вақти занг задани ин ё он кас садо медиҳад, чӣ таърихе дорад? Он таронаи дӯстдоштаи падаратон буд: “Як дил мегад, бирав, бирав, Як дил мегад, нарав, нарав”. Гоҳо як суруд як ҷаҳони тозаро ба рӯи кас мекушояд. Шеъри дӯстдоштаам достони “Ҷони ширин”-и устод Мирзо Турсунзода аст. Дари хонаро гоҳо баста, мерақсам, мерақсаму мегирям, мегиряму мерақсам. Намедонам, шояд ҳамаи занҳо бо  гиря  таваллуд шуда, бо ашкрезиҳо зиста, бо гиря аз ҷаҳон мераванд...
 
– Модарҷон, бо ин гапҳо маро натарсонед, гӯё аз забони модар ба ман ҳам васият карда истода бошед. 
– Ҳам ину ҳам он. Бо ин баҳона аз гузаштаҳо ёд мекунему ба шумо аз омадани он рӯзи аз сари ҳама мегузашта хабар медиҳам. Омода шавед, касе сутуни дунё нест.
 
– Чаро дарду ҳасрататонро бо мо ё бо ман ба ҳам намебинед? 
– Эҳ духтараме, ту ҳоло ҷавонӣ. Рафта-рафта дардҳое дар дилат хона мекунанд, ки онҳо танҳо хоси туянд ва туро дӯст медоранд, ҳам ширин ва ҳам шӯру талх. Ҳамаро ба шумо гуфта наметавонам. Аз қадим чунин будам. Ҳатто ғамҳое доштам, ки то зинда будани падаратон ба он кас ҳам нагуфтаам. Зани тоҷик танҳост ва бузургии ӯ ҳам дар танҳоии ӯст. Мушкилиҳои бешумори зиндагӣ зани тоҷикро мефишоранд, пахш мекунанд, мешикананд, вале баъди чанде ӯ боз зиндаву саломат аз оташи ғуссаҳо бадар меояд.
 
– Аз падаратон чӣ хотираҳо доред?
– Падарам омӯзгори фанни математика бо лутфи Илоҳӣ буданд. Ҳама ҳисобдониву рақамфаҳмиҳои ман аз падар ба ман кӯчидааст. Аз кӯдакӣ то донишҷӯӣ, аз арӯс шуда меҳмони хонадони падаратон шуданам, то рӯзи марги қиблагоҳам ҳазорон хотираҳо дорам, вале гуфтани як васият ва як воқеаро муҳим медонам. Яке ин аст, ки то ҳол дар гӯшам садо медиҳад: “Духтарам, Очаҷон (он кас маро бо навозиш то рӯзи вопасин чунин садо мекарданд), зиндагӣ се зина дорад: баланд, байн ва поён. Шумо ҳаракат кунед, ки дар мобайн бошед. Агар бисёр баланд раведу якбора бо гардиши фалак ба поён афтед, сахт мешиканед, дар поён монда равед, хору зор мешавед”. 
Воқеаи дигар, ки диламро зуд-зуд мефишорад, ин аст. Рӯзе падарам хабаргирӣ омаданд. Солҳо боз аз бемории дил азият мекашиданд. Он рӯзҳо, аллакай, падаратон ба “дорулбақо” рахти сафар баста буданду ман танҳо будам. Вақти бархостан гуфтанд: “Очаҷон, хонавайронии ду додаратро таҳаммул кардам, марги модаратро тоқат овардам, вале ба ғами танҳоии Шумо дигар дилам тоб намеорад”. Баъди се рӯзи ин гуфтугӯ сари ҷонамоз ба Ҳақ пайвастанд. 
 
– Барои зан омадани фасли пирӣ бисёр вазнин ва пазируфтанаш мушкил аст, мегӯянд. Ҳол он ки Шумо пири нуронӣ ҳастеду чунин эҳсоси ногуворро дар Шумо надидам. 
– Бачем, пирӣ як марҳилаи ногузир бошад ҳам, аммо барои зан воқеан ҳам, дардовар аст. Медонед, вақте бори аввал рӯбарӯи оинаи арӯсии хеш нишаста аввалин торҳои мӯи сапедамро дида, ба чи ҳол гирифтор шуда будам. Гӯё охири умрам расидааст, чунон ноумед шудам, ки ҷойи гуфтан надорад. Ҳама гумкардаҳову ёфтаҳоямро пеши чашмам оварда, сабаб меҷустам, ки чаро ин қадр зуд пирӣ расид? Чун аз ин “ҳодиса” падаратонро огоҳ кардам, бепарвоӣ карданд, замири дардноки маро нафаҳмиданд. Ман нурониву шод метобам, вале ботинан ба умри рафтаам месӯзам. Он сӯзу гудозро бо чашми одӣ дида намешавад. 
 
– Дар бораи падари азизам бисёр гуфтаеду боз пурсиданиам. Оё ҳастанд розҳое дар мавриди он кас ҳанӯз ба мо нагуфта бошед? 
– Падаратон 47 сол умр диданд, ҳамсолу ҳамсинф будем, аммо ман гӯё бо он кас ҳазор сол умр дидам. Як чизро омӯзонда рафтанд: ба танҳоӣ хӯ гирифтан ва дар вазнинтарин ҳолатҳо нашикастан. Вақте ба сактаи дил мубтало буданд, мегуфтанд: “Замира, 63-сола шавем, якҷо Ҳаҷ меравем”. 63-сола шудаму дигар он кас набуданд. Ёри танҳо Худо гуфтаму бо вуҷуди аз сар гузарондани ду ҷарроҳии вазнини дилу гурда, ба хонаи Худо рафта баргаштам. Нияти падаратон ҷомаи амал пӯшид. Ишқу меҳрубониҳояшон бешумор буд, ки медонед. 
 
– Баъди падарам чӣ рӯзҳои душвореро аз сар гузарондед? 
– Ба Душанбе кӯч баста, зиндагиро аз нав оғоз кардам. Дар базми фарзанди чорум, яъне хоҳари шумо ва дар базми хонадоршавии додаратон мардонавор ҳам падар ва ҳам модар шудам. Ҳама хонабадар шудед. Агар як рӯз дар дег гӯшт бошад, рӯзи дигар ба як бурда нон қаноат кардам. Садҳо бор ташаккур ба падару модарам, ки маро соҳиби маълумоти олӣ карданд. Аз сарам чи рӯзҳо гузаштанд, худам медонаму Худо.
“Боз як чизи дигар” – гуфта саволе доданӣ будам, ки модар аз вақти намози шом шудан хабар дода, бархостанд, чашмонашон пурашк ва каме сурх. Модарам берун рафтанду дар баҳри фикру мулоҳиза, дар баҳри ғаму андӯҳ ғарқ шудам. Модари ман ин қадар гуфтаҳои пурҳасрат доштаанду ман аз ғафлат ҳеч намепурсидамашон. Бо сарулибоси расмӣ ё касбӣ дар бинокорӣ дида, гумон мекардам, ки ҳеҷ ташвише надоранд. Пайдост, ки ӯро на танҳо ҳамкорону ҳамкасбонашон дар Дирексияи сохтмони назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки мо – фарзандону пайвандон низ, дар зиндагӣ як бонуи коргар, як хидматгари давлатӣ донистаем, модарро ба сифати корманд, бибӣ, роҳбар дидаему аммо ҳамчун зан ба ҷаҳони нуҳуфтаи замираш роҳ наёфтем. Надонистем, ки ӯ бо вуҷуди ҳама масъулиятҳо ва вазифаҳои муҳим, боз ҳам зан асту зан мемонад. Шояд ба ин хотир номи ӯ Замира аст, бонуе, ки дар замираш ҳасрати садсола ниҳон асту табассуми зебояшро нисор мекунад. Танҳо асту танҳоии моро ҷуброн мекунад. Ғам дораду боз ғамҳои моро мехӯрад. Ҳар ҳафта вомехӯрему гапҳои муқаррарӣ, ғами обу нон, гапи набераҳо, нарху наво, моҷарои кадом ҳамсояву ошноро гуфта боз ба хона бармегардам, аммо чаро дили модарро намепурсидам? Бори аввал мешунидам ин ҳама ҳарфҳои пурдард ва омӯзандаро. Ҳамин суҳбат, ки бо лутфу шӯхӣ оғоз шуду охир бо ормонҳои бетафсир ҷамъбаст гардид. Ё шояд ин суҳбат охир надорад. Бори дигар исбот намуд, ки мо “муҳимтарин корҳоро” сомон медиҳем, вале дили поки модарро намекушоем. Охир, вазифаи фарзанд танҳо муҳайё кардани ҷойи зист ва хӯроки гарму либоси модар нест, балки ҳамдарду ҳамдам будан аст. 
Модар, моро бубахшед, ки кушодани дастархони пурнозу неъмат, сандуқи молу колои шуморо медонему боз кардани сандуқи дардҳои ниҳонатонро фаромӯш месозем ва гоҳе дар кушоиши дари розҳоятон дер мекунем!
 
Зулола БОБОРАҶАБОВА,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 27.02.2023 №: 44
Муҳокима кунед

Ҳамчунин хонед:

13 феврал 2023, Душанбе
ОФАРИНИШИ НАМОЗИ МОДАР
ШОМИ ШАНБЕ
17 феврал 2023, Ҷумъа
ШОМИ ШАНБЕ
ШОМИ ШАНБЕ
03 феврал 2023, Ҷумъа
ШОМИ ШАНБЕ
ДУОЯШ ҲАМСАФАРИ ЗИНДАГИСТ
01 феврал 2023, Чоршанбе
ДУОЯШ ҲАМСАФАРИ ЗИНДАГИСТ
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив