ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПАЁМИ САРВАРИ ДАВЛАТ САРШОР АЗ МУҲАББАТ БА МАРДУМУ ВАТАН

ПАЁМИ САРВАРИ ДАВЛАТ САРШОР АЗ МУҲАББАТ БА МАРДУМУ ВАТАН

17 январ 2024, Чоршанбе
23
0


Паёми навбатии Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ миёни бошандагони ҳамаи манотиқи мамлакат, аз ҷумла вилояти Суғд, ҳамовозии гарму ҷӯшон ёфт.

– Ин Паёмро ман Паёми меҳрубонӣ, Паёми меҳр ба халқу Ватан унвон кардам, – мегӯяд Равза Иброҳимова, омӯзгор, собиқадори меҳнат. – Ростӣ, зимни тамошо аз ҳаяҷону эҳсосот гиря гулугирам кард, зеро Паёми Пешвои миллат комилан саршор аз муҳаббат, дилсӯзӣ ва садоқат ба мардуму Тоҷикистони азиз буд. Пешвои миллат бори дигар аз мақому манзалати соҳаи маориф ва таваҷҷуҳ ба он сухан гуфта, таъкид доштанд, ки то чи андоза Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳа ғамхорӣ зоҳир мекунад. Ман 40 сол аст ба шогирдон аз забони хориҷӣ – англисӣ дарс мегӯям ва ифтихор дорам, ки шогирдонам ҳоло дар соҳоти гуногун  фаъолона барои пешрафи Ватан саҳм мегузоранд. Имрӯз шароити давру замон тақозо дорад, ки баҳри пешрафти соҳоти гуногун забонҳои гуногуни хориҷиро донем. Хушбахтона, ҳоло дар ҳамаи мактабҳо - чи дар шаҳру чи русто ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.
– Ман чун ҳамешагӣ Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бесаброна интизор будам, – мегӯяд Зебинисо Рустамова, чемпиони ҷаҳон оид ба камонварӣ, директори Маркази камонварии шаҳри Хуҷанд. – Дар Паёми навбатӣ низ, Сарвари давлат баробари рушди соҳоти гуногуни хоҷагии халқи кишвар, аз муваффақият ва комёбии варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти сатҳи гуногуни ҷаҳонӣ ҳарф зада, бо ифтихор иброз доштанд, ки намояндагони Тоҷикистон танҳо соли 2023 бо ба даст овардани 343 медал, ки 108-тои онро медали тилло ташкил медиҳад, Тоҷикистонро сарбаландона, бо рӯйи сурх ба оламиён муаррифӣ карданд.
Бешубҳа, солҳои охир таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон дар баробари соҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ба варзиш низ хеле баланд аст. Чунки варзиш воситаи солимии ҷомеа маҳсуб меёбад. 
Соли 2023 барои варзишгарони камонвар соли фаромӯшнопазир буд, чунки  бо иштироки Ҷаноби Олӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Мактаби камонварӣ ба фаъолият шуруъ кард ва эътимоди комил дорам, ки солҳои наздик аз муваффақиятҳои варзишӣ мужда хоҳад расонд. Кишваре, ки ба варзиш таваҷҷуҳ дорад, албатта, кишварест бо ҷомеаи солим.

Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 17.01.2024 №: 13
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив