ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Варзиш

Варзиш

17 январ 2024, Чоршанбе
9
0


ФУТБОЛ
Ҷоми Осиё - 2023: Бозиҳои даври аввали марҳалаи гурӯҳӣ анҷом ёфтанд
12-уми январ дар Давлати Қатар Ҷоми Осиё-2023 оид ба футбол оғоз гардида, бозиҳои даври аввал дар шаш гурӯҳ 16-уми январ ба анҷом расиданд. 
Дар гурӯҳи “А” тими миллии Тоҷикистон муқобили дастаи мунтахаби Чин мусовӣ (0:0) бозӣ карда, Қатар бар Лубнон бо ҳисоби 3:0 пирӯз гашт. Дар гурӯҳи “В” Австралия бар Ҳиндустон бо ҳисоби 2:0 зафар ёфта, бозӣ миёни дастаҳои Сурия ва Ӯзбекистон мусовӣ (0:0) шуд. Дар гурӯҳи “С” АМА бар Ҳонгконг (3:1), Эрон бар Фаластин (4:1), дар гурӯҳи “D” Ҷопон бар Ветнам (4:2), Ироқ бар Индонезия (3:1), дар гурӯҳи “Е” Урдун бар Малайзия (4:0), Корея бар Баҳрайн (3:1), дар гурӯҳи “F” Тайланд бар Қирғизистон (2:0) ва Арабистони Саудӣ бар Уммон (2:1) ғолиб омаданд.  
17-уми январ бозиҳои даври дуюм оғоз мегардаданд. Тими миллии Тоҷикистон бо Қатар, Лубнон бо Чин вомехӯранд.


Месси беҳтарин футболбози ҷаҳон дониста шуд
15-уми январ дар Лондон маросими ҷоизасупории беҳтаринҳои FIFA дар соли 2023 баргузор шуд. Айтана Бонмати ва Лионел Месси, дар пайи овоздиҳии капитанҳои дастаҳои миллӣ, мураббиён, дарвозабонҳо, хабарнигорон, беҳтарин футболбозон миёни занон ва мардон эътироф шуданд.

Ғолибон дар ҳамаи номинатсияҳо:
Беҳтарин бозигари FIFA миёни занон: Айтана Бонмати
Беҳтарин бозигари FIFA миёни мардон: Лионел Месси
Беҳтарин дарвозабони FIFA миёни занон: Мэри Эрпс
Беҳтарин дарвозабони FIFA миёни мардҳо: Эдерсон
Беҳтарин мураббии дастаҳои бонувон: Сарина Вигман
Беҳтарин мураббии дастаҳои мардона: Пеп Гвардиола
Ҷоизаи FIFA – “Puskаs”: Гилерме Мадруга
Ҷоизаи махсуси FIFA: Марта
Ҷоизаи “Fair Play”-и FIFA: тими миллии мардонаи Бразил
Ҷоизаи мухлисон: Уго Даниэл "Тото" Инигес
Лионел Месси маротибаи сеюм ин унвонро ба даст меорад. Ӯ қаблан солҳои 2016 ва 2022 беҳтарин бозигар шуда буд. Месси дар назарсанҷии мураббиён, капитанҳои тимҳои миллӣ, инчунин, рӯзноманигорону коршиносон дар саросари ҷаҳон, бо 48 хол дар ҷойи аввал қарор гирифт. Ҳамлагари “Манчестер Сити” ва Норвегия Эрлинг Ҳоланд низ, ки 48 хол гирифт, дар ҷойи дуюм, ҳамлагари мунтахаби Фаронса Клиан Мбаппе бо 35 хол дар ҷойи сеюм мавқеъ ёфтанд.
Аз Тоҷикистон дар ин назарсанҷӣ нимҳимоятгари тими миллии кишвар Парвиз Умарбоев, сармураббии тими миллӣ Петр Сегрт ва сардори маркази матбуоти Федератсияи футбол Фаридун Солиев ширкат карданд. 

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
 

Санаи нашр: 17.01.2024 №: 13
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив