ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲУНАР ВА ЭЪТИРОФИ МИЛЛАТ.  РАҲОВАРДИ ҲУНАРМАНДОНИ ПАНҶАКЕНТ АЗ БОЗДИДИ ШАҲРИ САМАРҚАНД

ҲУНАР ВА ЭЪТИРОФИ МИЛЛАТ.  РАҲОВАРДИ ҲУНАРМАНДОНИ ПАНҶАКЕНТ АЗ БОЗДИДИ ШАҲРИ САМАРҚАНД

27 феврал 2023, Душанбе
37
0
Дар заминаи сиёсати ҳамҷавории шоиста, ки Тоҷикистон бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш гирифтааст, бо мақсади ошноӣ бо таҷрибаи ҳунармандони шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва таҳияи барномаи шаҳрии рушди ҳунармандӣ  як гурӯҳ ҳунармандони шаҳри Панҷакент, ки ба ҳайати он зардӯзон, гулдӯзон, адрасу атласбофон, ҷомадӯзон, сӯзанидӯзон, тарроҳон, кундалкашон, рассомон, роҳбари Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи Рӯдакӣ, Кохи фарҳанг, Шурои шаҳрии сайёҳӣ ва дигарон шомил буданд, бо ибтикори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр аз шаҳри бостонии Самарқанд боздид намуданд.
Ҳайати ҳунармандони Панҷакентро дар ин боздид раиси Ассотсиатсияи “Ҳунарманд”-и вилояти Самарқанд Умед Ҳакимов роҳнамоӣ намуд.
 
ДАР “САМАРҚАНД СИЛ КОРНЕТ” ҚОЛИН МЕБОФАД
Дар ин корхонаи муштарак, ки соҳибкорони Ӯзбекистон ва Афғонистон ташкил намудаанд, аз пашм ва абрешим бо усулҳои халқӣ, ки асрҳо боз дар байни мардуми Осиёи Миёна ва Эрону Афғонистон роиҷ аст, қолин мебофанд.
Тавре иттилоъ доданд, ҳама маҳсулоти хом барои бофтани қолин, аз ҷумла рангу ришта, аз маҳсулоти табиӣ аст. Рангро барои қолин, асосан бо истифода аз пӯсти чормағзу анор ва рӯян ном рустанӣ омода мекунанд. Қолинро бонувон дар дастгоҳҳои қадима мебофанд ва он дар бозори дохила ва беруна харидорони зиёд дорад. 
Боздид аз ин коргоҳ ба хатсайрҳои сайёҳии ин шаҳр ворид шудааст ва ҳар сол ҳазорон нафар хориҷиён ба ин ҷо меоянд, бо усули қолинбофии классикӣ ошно мешаванд ва аз маҳсулоташ харидорӣ ҳам мекунанд. Нархи фурӯши он вобаста ба гиреҳҳо ва ҳаҷми қолин аз 100 то 10-12 ҳазор доллари ИМА аст.
Дар се бахши коргоҳ беш аз ҳазор бону бо усули хонакорӣ ба қолинбофӣ ҷалб шудаанд.
Масъулони коргоҳ омодагиашонро барои омӯзондани ҳунари қолинбофӣ ба бонувони Панҷакент иброз намуданд. Онро дар се моҳ хуб аз бар намудан мумкин аст.
Зимнан, ҳунари қолинбофӣ то бисту панҷ сол қабл дар Панҷакент рушд дошт, фабрикаи ҳунарҳои мардумӣ амал мекард ва ҳоло донандагони ин ҳунари қадимаи миллӣ низ ҳастанд.
 
ДАР КОРГАҲИ КӮЗАГАР
Боздиди ҳайати ҳунармандони Панҷакент аз устохона - осорхонаи кулоли машҳури самарқандӣ - академики Академияи бадеии Ӯзбекистон Шариф Азимов хеле ҷолибу таассуротбахш буд.
Намунаи ҳунари ин кулоли номвар, ки умраш ба 70 расидааст, дар даҳҳо кишвари дунё ба намоиш гузошта шудааст ва ҳоло узви шурои бадеии ассотсиатсияи “Ҳунарманд” аст ва ба садҳо нафар асрори ин ҳунари қадимаро омӯзондааст. Устохона - осорхонаи ӯ низ мавзеи боздиди сайёҳони дохилию хориҷии Самарқанд аст. Зимнан, ӯ барои ороиши зарфу армуғонҳои гилин аз ангишт, мис, занги оҳан ва кобалт рангҳое омода мекунад, ки даҳҳо сол бақо доранд.
Шариф Азимов аз боздиди ҳунармандони Панҷакент, равобити ҳасанаи байни Тоҷикистону Ӯзбекистон, саҳми роҳбарияти олии ду кишвари ҳамсоя ва дӯст изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки омода аст ба Панҷакент омада, дар ташкили устохонаҳои кулолгарӣ ва омӯзондани ин пеша саҳм гузорад.
 
ХИЁБОНИ ҲУНАРМАНДОН 
Кӯчаи Тошканди шаҳри Самарқандро, ки дар шафати майдони Регистони машҳур ҷойгир аст, метавон хиёбони ҳунармандон унвон кард.
Дар саргаҳи ин кӯча Маркази ҳунармандии шаҳри Самарқанд ҷойгир аст. Он ҷо дар бинои дуқабата, ки ба тарзи миллӣ ороста шудааст, коргоҳ - фурӯшгоҳи маҳсулоти наққошӣ, заргарӣ, сӯзанидӯзӣ, кулолгарӣ, маҳсулоти чармин, рассомӣ, дуредгарӣ, минётуркашӣ ва ғайра ҷойгир карда шудаанд.
Дар саҳни он барои тановули хӯрокҳои миллӣ ҷой ҷудо шудааст. Тавре нақл карданд, ин ҷо дар ҳузур ва бо иштироки сайёҳон хӯрокҳои миллӣ мепазанд ва онҳоро меҳмондорӣ мекунанд. Ҳунармандон аз ин бино ройгон истифода мекунанд ва маҳсулоти хомро барои онҳо низ марказ таъмин менамояд ва маблағи онро баъди фурӯш мепардозанд. Дар ду тарафи кӯча низ даҳҳо фурӯшгоҳи маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ҷойгир аст.
Ин таҷрибаи ҳамсояҳо низ қобили пайравӣ дониста шуд. Ташкили чунин марказҳо барои сарҷамъ намудани ҳунармандон, муаррифӣ ва фурӯши ҳунарҳои мардумӣ мусоидат менамояд.
 
КОНИ ГИЛ - ДЕҲКАДАИ ҲУНАРМАНДОН ВА САЙЁҲОН
Вақте роҳбаладон ҳайати ҳунармандони Панҷакентро ба мавзеи Кони гили ноҳияи Самарқанд оварданд, онҳо монандиеро ба мавзеи Лаби чашма ва боғи Камоли Хуҷандии шаҳри Панҷакент диданд. Ҳамон мавзеи обшор ва сабз.
Ин ҷо ягона коргоҳи истеҳсоли коғази абрешимин аз пӯсти дарахти тут дар Осиёи Миёна ҷойгир аст. Тавре нақл намуданд ва ҳайати шаҳри Панҷакент шоҳид шуд, дар ин коргоҳ аввал пӯсти тутро аз навдаҳо ҷудо мекунанд, баъдан қисмати дохили онро, ки сафед аст мегиранд, меҷӯшонанд, тавассути обҷувоз мекӯбанд. Баъдан бо об якҷо намуда, ба қолаб гирифта, пасон хушку суфта мекунанд ва ниҳоят коғази машҳури абрешимӣ, ки асрҳо аз чизе газанд намеёбад, ҳосил мешавад.
Дар ин коғаз мешавад китобҳои нодирро китобат кард, армуғонҳои зебо бо нақшҳои миллӣ омода намуд.
Дар ин деҳкада осиёбу обҷувоз, коргоҳи кулолгарӣ, ошхонаҳои таомҳои миллӣ, нонвойхонаҳо низ ҷойгиранд. Осиёбу обҷувоз, лойхона барои маҳсулоти кулолӣ бо чархҳои чӯбӣ, бо оби ҷӯйбори деҳкада мегарданд. 
Аз ин деҳкада ҳар сол ҳазорон нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ дидан мекунанд ва аз армуғонҳо мехаранд. Хокро барои кулолони зиёди Самарқанд низ аз ҳамин маҳал мегиранд. 
Минтақаи Шаҳри абадиро, ки дар як гӯшаи шаҳри Самарқанд бо намои бозор, қасру кӯшкҳо, устохонаю дуконҳои ҳунарҳои мардумии ин шаҳри куҳан ва дигар вилоятҳои ҷумҳурии Ӯзбекистон чанд сол пеш бунёд шудааст ва ҳайати ҳунармандони Панҷакент аз он дидан намуда, он рӯз ҳазорон нафар тамошо мекарданд.
 
ҲАМКОРӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАД
Дар ин боздид бо роҳбарияи Ассотсиатсияи “Ҳунарманд”-и вилояти Самарқанд, ҷиҳати роҳандозии робитаҳо, омӯхтани таҷрибаи ташкили марказҳои ҳунармандӣ, тартиби фаъолияти ассотсиатсияи ҳунармандон, қабули хоҳишмандон барои омӯхтани ҳунарҳои мардумӣ, кор бо ҳунармандон, ҷалби сайёҳон ба тамошои марказҳои ҳунармандӣ ва коргоҳи ҳунармандон, ташкили фурӯши маҳсулоти онҳо, ҳамкории давлат ва ҳунармандон гуфтушуниди судманд сурат гирифт.
 
Т. СОЛЕҲЗОДА, шаҳри Панҷакент
Санаи нашр: 27.02.2023 №: 44
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив