ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПАЁМ. БАРНОМАИ РУШДИ ҶОМЕА ВА ДАВЛАТ

ПАЁМ. БАРНОМАИ РУШДИ ҶОМЕА ВА ДАВЛАТ

19 январ 2024, Ҷумъа
66
0


Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ барномаи рушди ҷомеа ва давлат маҳсуб ёфта, самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян менамояд. Воқеан, гарчанде ки Паём барои таҳқиқи сиёсати давлатии Сарвари давлат дар давраи муайян ҳамчун барномаи асосӣ хизмат мекунад, аз ҷиҳати мазмун ва моҳияти худ, ин ҳисоботи Сарвари давлат ва Ҳукумат дар назди тамоми сокинони мамлакат низ мебошад. 
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар вазъияти ниҳоят душвори иқтисодӣ ва иҷтимоие, ки бо сабабҳои геопалитикӣ ва муносибатҳои шадиди иқтисодӣ, мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа ба амал омада истодааст, ироа гардид. 
Бо вуҷуди ҳама мушкилоти зикршуда, соли гузашта барои мардуми кишвар бобарор буд, зеро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳо ба назар расиданд.  Маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли 2022-юм 8,3 фоиз зиёд гардида, ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расид.  Дар ҳафт соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,5 фоизро ташкил дод. Даромади пулии аҳолӣ, музди миёнаи меҳнат  зиёд гардид.  Сатҳи таваррум муътадил нигоҳ дошта шуда, сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш ёфт. Дар баробари ин, даҳҳо мисолҳои дигар низ овардан мумкин аст, ки аз пешравии тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа  шаҳодат медиҳанд.  
Вобаста ба силсилаи ташаббусҳои Пешвои миллат дар самти расидан ба ҳадафҳои стратегӣ бошад, исбот гардид, ки ҳар яке аз онҳо амалишавандаанд. Дар Паёми навбатии Пешвои миллат бештар таваҷҷуҳ ба раванди расидан ба чор ҳадафи стратегии кишвар ва як қатор иқдомҳо дар ин самтҳои барои давлат ҳаётан муҳим, мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифт. Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ ба рушди соҳаи саноат ва тақвияти саноатикунонии босуръати кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, иброз доштанд, ки баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ сиёсати давлат дар соҳаи саноат комилан тағйир ёфт. Диққати асосӣ ба тақвияти истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёр бо роҳи ворид намудани технологияҳои нав, истифодаи ҳарчи бештари манбаъҳои ашёи хоми маҳаллӣ, коркарди пурраи он ва истифодаи васеи захираҳои меҳнатӣ нигаронда шуд.
Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ гуфтанд, ки рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад. Сарвари давлат дар кишвар ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим, маърифатнокии аҳолӣ, рушди илм, бахусус илмҳои табиатшиносӣ, як қатор тадбирҳоро амалӣ намуданд.
Пешвои миллат дар самти рушди маориф ва илм таъкид карданд, ки ҳамасола Озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» дар сатҳи баланд доир мегардад. Вазорати маориф ва илм ташаббусу таҷрибаҳоро доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи муассисаҳои таълимии кишвар васеъ татбиқ менамояд.  
Таҳлили Паёми навбатӣ нишон медиҳад, ки дар маркази сиёсати Пешвои миллат маҳз беҳбуди вазъияти зиндагии мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини рушди бардавоми иқтисодию иҷтимоии кишвар, эҳёву тақвияти фарҳангу арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботу амнияти мамлакат, устуворсозии ҷойгоҳи кишвар дар саҳнаи байналмилалӣ ва ғайра қарор гирифтаанд.
Ҳамин тариқ, Паёми навбатӣ  бори дигар собит намуд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз як марҳалаи таърихии давлатдориро сипарӣ намуд.  

М. Н. ДОСИЕВ, номзади илмҳои иқтисодӣ  

Санаи нашр: 19.01.2024 №: 14
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив