ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ  БО ДАСТАИ МУНТАХАБИ ФУТБОЛ

МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ  БО ДАСТАИ МУНТАХАБИ ФУТБОЛ

23 январ 2024, Сешанбе
10
0
22-юми январ дар шаҳри Давҳа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Давлати Қатар бо футболбозони дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот карданд.
 
Зимни суҳбати самимӣ Сарвари давлат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди варзиш дар Тоҷикистон, оммавигардонии футбол ва фаъолияти пурсамари Федератсияи футболи Тоҷикистон андеша ронда, ҷавононро ба ватандӯстию ифтихори ватандорӣ ҳидоят намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бори нахуст дар Ҷоми Осиё иштирок мекунад. То имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, ки дар гурӯҳи “А” шомил мебошад, дар доираи Ҷоми Осиё 2023 бо дастаҳои Чин ва Қатар рақобат кардааст.
Шоми 22-юми январ дастаи мунтахаби футболи мо дар шаҳри Давҳа бо дастаи Лубнон қувва месанҷад.
Санаи нашр: 22.01.2024 №: 15
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив