ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИННОВАТСИЯ ВА ПЕШРАФТ Ё ЧӢ ТАВР МЕТАВОН БА ТАҲАВВУЛОТИ ТЕХНИКӢ РАСИД?

ИННОВАТСИЯ ВА ПЕШРАФТ Ё ЧӢ ТАВР МЕТАВОН БА ТАҲАВВУЛОТИ ТЕХНИКӢ РАСИД?

23 январ 2024, Сешанбе
35
0

 
Техникаву технологияҳои инноватсионӣ бо ваъдаи ояндаи бофароғату бехатар тадриҷан ба зиндагии мо ворид шуда, онро тағйир дода истодааанд. Ба ин, пеш аз ҳама, идея ва таҳаввулоти техникии инсоният асос гузошт. Вале на ҳамеша идеяи хуб технология мешавад; барои ин вақт, шароит ва дастгирии молиявӣ лозим меояд. Тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, имрӯзҳо барои соҳибкорону сармоягузорон имконияту воситаҳои зиёди рушди тиҷорат пайдо шудаанд, бахусус дар самти инноватсия.
Раванди гузариш ба технологияи инноватсионӣ, ки дар асри XXI ҷомеаи инсониро фаро гирифт, ба пешравии иқтисоди миллӣ дар тамоми соҳаҳо асос гузошт. Айни ҳол зеҳни сунъӣ, манбаъҳои барқароршавандаи неруи барқ, электромобилҳо, воқеияти вертуалӣ, робототехника, ҳавопаймоҳои  бесарнишин инноватсияи равияҳои гуногун ба ҳисоб мераванд. Аксари мамолики пешрафта барои расидан ба ҳадафҳои олии худ маҳз аз ҳамин равияҳо истифода мебаранд. Технологияҳои инноватсионӣ истеҳсоли босифати маводҳои хӯрокворӣ, либос, дору, масолеҳи сохтмонӣ, воситаҳои техникӣ, навъҳои нави рустанӣ ва дарахтони мевадиҳанда, зотҳои хуби чорво, таҷҳизоти электрониро таъмин менамояд. 
Ҳанӯз соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид дошта буданд, ки мо бояд ба … татбиқи технологияҳои инноватсионӣ кӯшиш намоем. Зеро рушди технологияҳои инноватсионӣ, пеш аз ҳама, ба ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда, дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ мусоидат мекунад.
Анвар Қодирӣ, директори маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ мегӯяд, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идеяҳои инноватсионӣ зиёданд, лекин, мутаассифона, технологияҳое, ки имрӯз дар истеҳсолоти мо ҳаст, аз кишварҳои хориҷӣ ворид мегарданд. Гарчанд имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ тадқиқоти илмӣ гузаронда шуда, патентҳо гирифта мешаванд, ки хусусияти инноватсионӣ доранд, вале ҳамкориву алоқамандӣ байни илму истеҳсолот вуҷуд надорад. Масалан, олимони мо контейнере ихтироъ карданд, ки ба воситаи он метавон аз як тараф бензин ва аз тарафи дигар онро ношуста, ҳатто, ширро  интиқол дод. Патент ҳам гирифтем. Акнун бояд соҳибкор ояду ҳамин намуди контейнерро созад. Дар ин сурат як қатор мушкилоти мардум ҳал мешавад. Ҳоло ин намуди контейнер дар ҷаҳон нест.
Чун заминҳои Тоҷикистон аз маъданҳои табиӣ бой мебошанд, азхудкунии захираҳои сангҳо, металлҳои қиматбаҳо ва дигар маъданҳои кӯҳӣ барои кишвари мо аз самти афзалиятнок маҳсуб меёбанд. Ҳатто, барои истихроҷу коркарди литий, ки дар батареяи телефонҳои мобилӣ истифода мешавад, кӯшиш дорем.  
Олимон мегӯянд, ки ҷавҳари асосии инноватсия нанотехнология аст, ки яке аз самтҳои навтарини илмӣ-техникӣ буда, дар сатҳи хеле хурд омӯхта ва сохта мешавад. Нанотехнология барои пешрафти босуръати тамоми соҳаҳо, бахусус илм, истеҳсолот, тиб, нақши асосиро бозида, ҷиҳати истифодаи босамари сарватҳои табиӣ, баланд бардоштани сатҳи тамоми намудҳои хизматрасонӣ дар ҷаҳони муосир мусоидат менамояд. Аммо, бино ба гуфтаи Анвар Қодирӣ, дар кишвари мо шароити сохтани нанотехнология нест. Барои он ки мо лабораторияҳои дорои микроскопҳои боқувват надорем, то ягон намуди технология сохта шавад. Мо бояд дар ин масъала кор кунем. Ҳамагӣ дар АМИТ як микроскопи электронӣ ҳаст ва танҳо бо микроскоп мо ҳеҷ кор карда наметавонем. Ба мо лабораторияи муосир барои омӯзиши наноматериалҳо лозим аст. Омӯзишҳо дар самти илмҳои тиб ҳастанд, вале хеле кам. Дар кишвари мо, ҳатто, мутахассисони нанотехнология тайёр карда намешаванд. 
Олимони ватанӣ дар хусуси истифодаи манбаъҳои энергияи барқароршаванда, ки яке аз равияҳои актуалии инноватсия ва роҳ ба сӯи «иқтисодиёти сабз» ба ҳисоб меравад, иброз медоранд, ки дастрастарин манбаи барқароршаванда барои Тоҷикистон пас аз неруи обӣ, барқи офтобӣ мебошад, зеро кишвари мо дар камари офтобӣ ҷойгир аст. Тибқи арзёбии онҳо, неруи Офтоб тамомнашаванда ва аз ҳама бехатар буда, истифодаи самараноки он ба манфиат хоҳад буд. 
Анвар Қодирӣ мегӯяд, ки маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав, махсусан дар самти энергияи барқароршаванда машғул буда, дастовардҳои зиёд дорад. Вале ин дастовардҳои илмӣ буда, дар истеҳсолот ва истифодаи умум ҷорӣ нашудаанд. Дастгоҳи офтобии дуконтураи обгармкунанда бо коллектори ҳамвор дар асоси алюминйи аввалияи  ҶСК «Ширкати алюминийи тоҷик», хонаи офтобӣ, истифодаи гармии зеризаминӣ, панели офтобии шинокунанда, насосҳои офтобӣ аз ҷумлаи ҳамин навовариҳои марказ мебошанд, ки дар сурати амалишавӣ зиндагии мардуми деҳотро бамаротиб беҳтар мекунанд. 
Инноватсия ин такондиҳандаи рушди иқтисодиёт маҳсуб меёбад. Дар ҳамин ҳол, мувофиқи маълумот, саҳми инноватсия дар буҷети Тоҷикистон тахминан 0,3-0,5 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳандаи хеле кам аст. Агар саҳми инноватсия 5-6 фоизро ташкил диҳад, дар он сурат мо метавонем гӯем, ки Тоҷикистон кишвари инноватсионӣ мебошад. Мушкили асосии рушди инноватсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин набудани таваҷҷуҳ ба дастовардҳои илмӣ мебошад. Коршиносон дар ин хусус иброз медоранд, ки агар аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳибкорон барои дар истеҳсолот ҷорӣ кардани ихтирооти илмӣ имтиёзҳои андозиву қарзӣ пешбинӣ гарданд, он сармояе, ки мавҷуд асту баъзан ба иқтисодиёти дигар кишварҳо гузошта мешавад, ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон равона шуда, боиси таҳаввулоти техникӣ мегардад. Таҳавуллоти техникӣ бошад, сармоягузории хубро тақозо менамояд. Бинобар ин, яке аз роҳҳои расидан ба рушди инноватсия ҷалб ва ҳавасмандсозии соҳибкорону сармоягузорон ба дастовардҳои илмии ватанӣ мебошад. 

Шаҳноз ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 23.01.2024 №: 16
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив