ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶОМИ ОСИЁ-2023. ТОҶИКИСТОН - ҲАНГОМАИ АСОСӢ ДАР ФУТБОЛИ ҚОРА 

ҶОМИ ОСИЁ-2023. ТОҶИКИСТОН - ҲАНГОМАИ АСОСӢ ДАР ФУТБОЛИ ҚОРА 

30 январ 2024, Сешанбе
20
0

 Набзам баробари набзи футболбози тими миллии кишвар метапид. Ашкам (ашки шодӣ) баробари ашки Ваҳдат Ҳанонов ҷорӣ мегашт. Аз маҳорати футболбозон, махсусан дарвозабон Рустами дастон, меболидам. Онҳо бо ҳунари волои бозигарӣ номи Тоҷикистонро бори дигар вирди забонҳо карданд. Афсонаро ба ҳақиқат табдил доданд. Офаринашон! 
Саҳифагардонии шабакаҳои иҷтимоӣ шаҳодат дод, ки дар Тоҷикистон иди ҳақиқии футбол танинандоз мебошад ва шаби 28-уми январ ба шаби шодию сурур мубаддал гашт, чи дар Қатар ва чи дар Тоҷикистон. 
Дар ин лаҳзаҳо, ки дур аз Ватан ҳастам, ба ёди Меҳан дилам гум мезад. Аллакай, бо шунидани Суруди миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар оғози бозии даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё миёни тими миллии кишвар ва Амороти Муттаҳидаи Араб ҳавои сарди Россия бароям яку якбора ба ҳавои гарми Тоҷикистони офтобӣ мубаддал гашт... Бо садои ҳуштаки довари ҷопонӣ Араки Юсуке қувваозмоӣ шуруъ шуд. Ҳар ду даста бозии баробар доштанд. Кор то ба экстратайм рафт. Боз ҳам ғолиб муайян нашуд. Дар силсилаи пеналти футболбозони тими миллии Тоҷикистон бо ҳисоби 5:3 ғалаба ба даст оварда, ба даври 1/4-финал роҳашонро ҳамвор карданд. 
Ҳамин тавр, мунтахаби мо дар аввалин иштирокаш дар Ҷоми Осиё ба ҳангомаи асосии футболи қора табдил ёфт. Чанд нуктае доир ба ҷилои тими миллии Тоҷикистон бояд гуфт: якум, то сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар ва вохӯрӣ бо ҳайати тими миллӣ футболбозони мо дар ду бозии марҳалаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 ғалаба надоштанд (Тоҷикистон - Чин - 0:0, Тоҷикистон - Қатар - 0 -1) ва маҳз ҳамин мулоқоти Сарвари давлат ба бозигарони мо ангезаи иловагӣ барои ғолиб омадан дар вохӯрии ҳалкунандаи даври гурӯҳӣ дод ва онҳо ба таври ҳангомавӣ Лубнонро шикаст дода, ба плей-офф баромаданд. Яъне, бо файзи қудуми Пешвои миллат дар таърихи варзиши кишвар саҳифаи нав рақам хӯрд. Дуюм, шербачаҳои майдони сабзи тоҷик исбот карданд, ки ғурури миллӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ метавонад аз ҳама чиз боло бошад. Онҳо бо маҳорати воло ва бозии даставӣ тамоми Осиёро шигифтзада карданд. Сеюм, махсусан бояд зикр кард, ки кори Федератсияи футболи Тоҷикистон зери роҳбарии Рустами Эмомалӣ хеле сутуданист. Қатъи назар аз хароҷоти ҳангуфт, қариб ду моҳ шароит фароҳам оварда шуд, ки тими миллӣ ба машқҳои дастаҷамъӣ фаро гирифта шавад ва миёни бозигарон ҳамдигарфаҳмӣ ба миён ояд. Зеро ин дар футбол хеле муҳим аст. Самари ин заҳматҳост, ки ҳоло қудратҳои футболи Осиё аз Тоҷикистон ҳарос доранд ва назарашон ба футболи тоҷик дигар шудааст. Чорум, формулаи ихтироъкардаи Эйнштейн (Петар Сегрт), сармураббии тими миллии кишвар, дар футболи Осиё кор дод ва мунтахаби мо дар аввалин ҳунарнамоӣ коршиносон ва мухлисони футболи қораро ҳайратзада кард. Муҳимтар аз ҳама, Сегрт тавонист дар баробари бозии тактикӣ футболбозонро аз нигоҳи равонӣ ба бозиҳо омода созад, ки ин омил аҳамияти махсус дорад. Панҷум, дурахши тими миллӣ дар Ҷоми Осиё таваҷҷуҳи дастаҳои овозадори осиёиву аврупоиро ба бозигарони тоҷик бештар мекунад. Намунаи он, аллакай, ҷалб шудани Амадонӣ Камолов ба дастаи "Персеполис" (Эрон) мебошад. Гузашта аз ин, дар кишвар таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба варзиши рақами яки сайёра зиёд мешавад.

Маҳмуд МИРЗОЁН, рӯзноманигор

Санаи нашр: 30.01.2024 №: 21
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив