ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОТАШИ ҶАШНИ САДА

ОТАШИ ҶАШНИ САДА

31 январ 2024, Чоршанбе
58
0
 Ҷашни Сада, саду як қиссаву ривоят ва достону қасида дорад. Сада ҷашни нуру зиё  ва тавлиди оташ асту аз қаъри таърих маншаъ мегирад... Таърих варақгардон мешавад. Мехоҳем аз асли хеш, аз решаи миллати худ бештар огаҳӣ ёбем. Ниёгони мо дар таърих ҳазору як савту наво ва қиссаву достонро ба ёдгор гузошта… Ҳамаи онҳоро наметавон рӯи қоғаз овард, нақл кард.
Достони безаволи «Шоҳнома» беҳтарин муаррифгари ниёгони мо дар ҳунару ҳунарварӣ, шуҷоату мардонагӣ ва далерию ватандорӣ мебошад.
Мо низ хостем аз ин шоҳасари ҷаҳонӣ ва чанд сарчашмаи дигаре ба Ҷашни Сада рӯ биоварем ва бубинем, ки ниёгонамон дар баробари дигар ҷашнҳо, Ҷашни Садаро чӣ тавр ид мекарданд ва он чӣ сон падид омадааст.
Шоири достонсаро Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» меоварад:
Яке ҷашн кард он шабу бода х-вард,
 Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
Чӣ сон ёдгор монда аз Ҳушанг?! Қисса чунин аст, ки Ҳушанги Пешдодӣ рӯзе ба шикор  меравад ва море дар сари роҳаш  пайдо мешавад.
Ҳушанг санге ба сӯи мор мепартояд, аммо ба гуфти шоир:
Нашуд мор кушта валекин зи роз,
 Падид омад оташ аз он санг боз.
Санг ба санг бармехӯраду оташ падид меояд. Гӯё то замони Ҳушанг оташ набудааст…
Донишманди маъруф Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ меоварад: «Аз ин устура, ду омили мутазоди зиндагии эронӣ рӯбарӯи ҳам қарор мегирад: Аҳриман морро, ки мазҳар ва ҳамрешаи марг аст, падид овард ва Аҳурамаздо дар баробари он барои муқобила ба он, оташро офарид ва ба ин тартиб, оташ муқаддас шуд ва Ҳушангшоҳ ба маҳзи дидани он Аҳурамаздоро сипос гуфт:
Ки ӯро фурӯғе чунин ҳадя дод,
Ҳамин оташ онгоҳ қибла ниҳод.
Ва ба шодии ин иду оташе барафрӯхтанд ва бар гирди он ба сурур пардохтанд ва номи онро Сада гузоштанд» .
Боз дар китоби «Шоҳнома» ривояти дигаре вобаста ба Ҷашни Сада оварда шудааст. Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ онро чунин бозгӯ мекунад: «Китоби шарҳи бист боб достони дигаре дар боби кайфияти пайдоиши Ҷашни Сада нақл карда, ба ин баён, ки баъд аз он ки Фаридун бар Заҳҳок зафар ёфт, холигари (ошпази) Заҳҳок, Ормоилро уқубат мекарданд. Ӯ муддаӣ шуд, ки қавмеро аз куштан наҷот дода ва акнун дар кӯҳи Дамованд бошанд. Фаридун бо лашкари худ савора мутаваҷҷеҳи Дамованд шуд, то он мардумро ба шаҳр бозоварад. Чун шаб даромад ва роҳ гум карданд, бифармуд то оташҳо барафрӯхтанд ва халқе азим аз озодкардагони таббоҳ ҷамъ оварданд ва Фаридун дар он шаб шодиҳо кард ва ҷашне фармуд... Эрониён ба ёдгори ин шодӣ ҳар сол дар он шаб оташ меафрӯзанд…».
Бубинед, таърихи пайдоиши як ҷашн ба чанд ривоят ҷо дорад.
Сада, аз адади сад гирифта шуда, аз рӯи гуфтаҳо, гӯё то Наврӯз панҷоҳ рӯзу панҷоҳ шаб монданашро пешакӣ ид мекарданд. Дар ин бора Абурайҳон Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» меоварад: «…дар ин рӯзҳо духули Офтоб ба бурҷи Ҳамал наздик буда, мардум шодмонӣ мекунанд аз баҳри он ки шиддати сармо сипарӣ шуд ва рӯзҳои гарми баҳор наздик мегарданд».
Дигар он ки Ҷашни Сада садумин рӯз аз оғози зимистон ва сад рӯзу шаб монда ба аввали баҳор ё тобистон баргузор мешуд.
Ба Наврӯзи Ҷамшеду Ҷашни Сада,
Ки нав гашта ойини оташкада, –
гуфтани Низомии Ганҷавӣ аз ҳамин сабаб аст.
Як хусусияти барҷастаи ин Ҷашн ба ҳам омада, оташ афрӯхта бо тамоми ҳастӣ шодию хурсандӣ намудан, ба шеъру ғазал оҳанг пӯшондан аст.
Фаррухӣ он лаҳзаро ёд оварда, мегӯяд:
Шаби сада-ст яке оташи баланд афрӯз,
Ҳақ аст мар Садаро бар ту, ҳаққи он 
бигзор.
ва ё Манучеҳрӣ чунин замзама намуда:
Омад, эй сайиди аҳрор, шаби 
Ҷашни Сада,
Шаби Ҷашни Садаро ҳурмати бисёр 
бувад.
Ҳоқонии Шервонӣ ҳам ин Ҷашнро хуш дида, хуш ёфта ва зебо тасвир карда:
Чун дидамаш, ки Иди Сада дошт 
чун муғон,
Оташ зи лолабаргу чалипо зи анбараш.
Ин Ҷашн як шӯру шавқ, бедордилӣ ва худогоҳию хештаншиносиро ба миён меовард.
Дар «Бурҳони қотеъ» омадааст: «Сада ҷашнест, ки  порсиён дар рӯзи даҳуми баҳманмоҳ кунанд ва дар он рӯз оташи бисёр афрӯзанд».
Ҷашни Садаро дар баъзе сарчашмаҳо ба Каюмарсу Исфандиёр нисбат медиҳанд.
Чунончи Манучеҳрӣ овардааст:
Ҷашни Сада амиро расми кибор бошад,
Ин ойини Каюмарсу Исфандиёр бошад.
Олими соҳибзавқ Муҳаммадқул Ҳазратқулов дар китоби «Наврӯзи оламафрӯз ва дигар идҳои суннатии сол» овардааст: «Ривояти дигаре низ вуҷуд дорад, ки муҳаққиқон онро (Садаро) ба Сиёмаки устуравӣ нисбат медиҳанд. Писари ӯ Ҳушанг, ки ҷонишини бобои хеш шуда буд, Ҷашни Садаро созмон дод. Аз дидгоҳи оини зардуштӣ Фарҳангмеҳр ин Ҷашнро ба ёд овардани нуру равшанӣ, оташ ва ҳарорати он арзёбӣ кардааст…».
Фаррухӣ қасидае дорад, ба Ҷашни Сада, ки чунин аст:
Гар на ойини ҷаҳон аз сар ҳаме дигар
шавад,
Чун шаби торе ҳама рӯз равшантар 
шавад,
Равшанӣ бар Осмон з-ин оташи 
Ҷашни Сада,
К-аз сарои Хоҷа бо гардун ҳаме ҳамсар 
шавад.
Олимону донишмандон ва шоирон бесабаб Ҷашни Садаро васф ва таърихи пайдоиши онро ин қадар шарҳу тафсир накардаанд.
Ҳам Абурайҳон Берунӣ ва ҳам Ҳаким Умари Хайём Ҷашни Садаро ба Фаридун донистанашон як баҳси дигар аст.
Чун  Фаридун бар Заҳҳок пирӯз шуд, Ҷашни Сада ба миён омад:
Сада ҷашни мулки номдор аст,
Зи Афридуну в-аз Ҷам ёдгор аст.
Бар сари Заҳҳоки Морон ғолиб омадани Фаридун ғолиби нур ба торикӣ дониста шуда.
Сада ҳамчун Иди Наврӯз дар ҳавои кушод ва талу теппаҳо ҷашн гирифта мешуд. Аз рӯи гуфти таърихнигорон Маликшоҳи Салҷуқӣ дар Бағдод, Султон Мабъуд дар роҳи Марв, Мардовичи Дайламӣ дар Исфаҳон Садаро чунон пуршукӯҳ ва хотирмон ҷашн гирифтанд, ки номашон дар таърих монд.
Сада моро ба мо мешиносонад ва бо саду як расму оини худ ҳамово месозад.
Хуррам аст ин садаву шодравон бод, ки гуфт,
«Шаби Ҷашни Садаро ҳурмати бисёр бувад».
Ин ҷашнҳо ҳам барои худогоҳию худшиносии мо хидмат мекунанд ва ҳам моро ба асли хеш рӯ ба рӯ менамоянд.
Шаҳобиддин ҲАҚНАЗАРОВ
Санаи нашр: 31.01.2024 №: 22
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив