ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «МАЙДОНИ ҒАЛАБА»  БА «БОҒИ ҒАЛАБА» МЕРАВАД

«МАЙДОНИ ҒАЛАБА»  БА «БОҒИ ҒАЛАБА» МЕРАВАД

31 январ 2024, Чоршанбе
11
0


Бо мақсади сохтмони роҳи дусатҳа дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ва буриши кӯчаҳои Садриддин Айнӣ, Тарас Шевченко ва Моёншо Назаршоев Маҷмааи меъмории «Майдони Ғалаба» ба ҳудуди «Боғи Ғалаба» кӯчонда мешавад, – хабар додааст шуъбаи иттилооти дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе.

Ин тадбир дар асоси Нақшаи генералии шаҳри Душанбе амалӣ гардида, дар ин самт бо дастуру супоришҳои раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ мутахассисони варзида кор мебаранд. Айни замон дар мавзеи нави интихобшудаи ҳудуди «Боғи Ғалаба» корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.
Тибқи нақша, давоми солҳои оянда дар шаҳри Душанбе сохтмони 5 роҳи дусатҳа мутобиқ ба талаботи ҷаҳонӣ дар назар дошта шуда, онҳо дар буриши кӯчаи Қаҳҳоров-Даврӣ-Ҷанубӣ бо сохтани пул дар болои дарёи Душанбе, дар буриши хиёбони Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ бо кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров, дар буриши кӯчаи Абай бо Қаҳҳоров, дар буриши хиёбони Саъдии Шерозӣ бо хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ва гузаргоҳи дусатҳа бо пул дар буриши кӯчаи Ҳабибулло Назаров бо Муродали Шерализода сохта, ба истифода дода мешаванд.
Бунёди роҳҳои дусатҳа ба бартараф намудани тамбашавии зиёди воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои пойтахт, бехатарии ҳаракати нақлиёт ва роҳгузарҳо, инчунин, ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани роҳҳои пойтахт мусоидат менамоянд.
Ҳамчунин, дар ҷараёни бозсозии ин гуна роҳҳо пули роҳи оҳани назди Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик» навсозӣ гардида, бунёди эстакадаи дусатҳа дар хиёбони Саъдии Шерозӣ дар назди чорроҳаи Сирки давлатии Тоҷикистон низ дар назар дошта шудааст.
Ҳадафи асосии навсозии хиёбони Саъдии Шерозӣ аз кӯчаи Неъмат Қарабоев то пули болои дарёи Душанбе пешгирӣ аз тамбашавӣ ва садамаҳои нақлиётӣ, таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои боркаш ва пиёдагардон, аз ҷумла аз байн бурдани танбашавии воситаҳои нақлиёт дар хиёбони мазкур ва кӯчаҳои ба он пайваст мебошад. Ҳамзамон, азнавсозии хиёбони Саъдии Шерозӣ аз кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров то кӯчаи Садриддин Айнӣ низ ба кам шудани садаманокӣ, таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиётию пиёдагардон, аз ҷумла аз байн бурдани тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар хиёбон мусоидат менамояд.
Бояд зикр кард, ки бунёди роҳҳои замонавӣ дар пешрафти шаҳрҳо саҳми назаррас доранд. Сохтмони ин шоҳроҳҳо симои пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанберо давоми чанд соли оянда ба куллӣ тағйир медиҳанд. 

Меҳрона ЗУВАЙДОВА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 31.01.2024 №: 22
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив