ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲУНАРМАНДОНИ ХАТЛОН ДАР ТЕҲРОН

ҲУНАРМАНДОНИ ХАТЛОН ДАР ТЕҲРОН

31 январ 2024, Чоршанбе
15
0


Ҳунармандони Тетари вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо намоишномаи "Зол ва Рудоба" ҷиҳати иштирок дар Фестивали бонуфузи байналмилалии 42-юми "Фаҷр" дар Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор доранд.

Намоишномаи "Зол ва Рудоба" аз рӯи асари “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ дар таҳияи Баҳром Қурбонзода ва саҳнавигардонии Ҷумъа Қуддус бори аввал дар Фестивали байналмилалӣ ширкат мекунад. Дар нақшҳои Зол Фирдавси Турдиалӣ, Рудоба - Дилафрӯз Саидова, шоҳ Манучеҳр – Отахон Саидзода, шоҳ Сом - Муҳаммад Шомуддинов, Синдухт - Меҳрӣ Ҳоҷибоева, Комрон - Азизҷон Сайфуллоев ва дигарон бозӣ кардаанд.
Қиссаи ишқи Рудоба ва Зол (Золи Зар) яке аз достонҳои муассири ишқии «Шоҳнома» аст, ки дар риштаи умумии тасвироти қаҳрамонӣ ва эпикии асар ҷойи муайян дорад. 
Зикр бояд кард, ки намоишномаи "Зол ва Рудоба" соли 2023 дар Озмуни театрҳои касбии ҷумҳурӣ – «Парасту» соҳиби ҷойи дуюм гардида буд.

Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 31.01.2024 №: 22
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив