ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ГАЗ АЗ АНГИШТ. МАСЪАЛАЕ, КИ ҲАЛЛИ ОН ИҚТИСОДИ МИЛЛИРО ТАКОН МЕБАХШАД

ГАЗ АЗ АНГИШТ. МАСЪАЛАЕ, КИ ҲАЛЛИ ОН ИҚТИСОДИ МИЛЛИРО ТАКОН МЕБАХШАД

28 феврал 2023, Сешанбе
120
0
 
Ба иттилои Корхонаи воҳиди давлатии “Ангишти тоҷик”, соли гузашта  дар ҷумҳурӣ тақрибан 3 миллион тонна ангишт  истихроҷ ва ҳамчун маводи сӯхт ба маблағи 514,7 миллион сомонӣ фурӯхта шудааст. Аммо ба гуфтаи мутахассисон, аз ҷумла  Баҳодур Мирзоев, олими кимиёшинос, устоди филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов дар Душанбе,   дар ҳолати коркарди комплексии саноатии ин миқдор ангишт фоидаи иқтисодии он аз 514 миллион ба миллиардҳо сомонӣ расида, ҳазорон ҷойи нави кор муҳайё мешавад. 
 
– Пас, аз эълон шудани Солҳои рушди саноат (2022 – 2026)  аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадқиқотро дар ин самт мо дар меҳвари фаъолияти худ қарор додаем. Бовар дорам, ки дар ҳолати машварати сарҷамъонаи олимони соҳа бо масъулони соҳаҳои саноату сармоягузорӣ, аз ҷумла   масъалаи аз ангишти кони “Фон-Яғноб” ҳосил кардани гази гидрогенӣ барои фаъолгардонии корхонаи “Азот”, ҳалли худро меёбад, –  изҳор намуд олими номбурда. 
Ба гуфтаи Баҳодур Мирзоев, бахусус аз ангишти кони “Фон-Яғноб” ва “Шӯроб”-и шаҳри Исфара, маҳсулоти дигари боарзиштар  назар ба  маводи сӯхт истеҳсол кардан мумкин аст. Вале  ангишти он  имрӯзҳо бо сабаби бо таври комплексӣ  коркард нашудан самаранокии воқеии иқтисодии худро аз даст дода, аз фурӯши он маблағи  назар ба фоидаи саноатиаш ночиз ба даст меояд. Ҳамзамон, дар фазои кушод истихроҷ шудану  аз як минтақа ба минтақаи дигар кашондани он  омили вайроншавии муҳити зист ва харобии роҳҳо хоҳад шуд.
– Масалан, немисҳо  солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои танкҳояшон аз ангишт маҳсулоти нафтӣ истеҳсол намуданд, ки  дар адабиёти илмӣ  ин амал бо  методи Фишер машҳур аст. Онҳо ангиштро бо роҳи  гидрогенизатсия коркард намуда, аз ангишт нафт рӯёнданд.  Ин кор навигарии илмию истеҳсолии 100 сол пеш буд.  Ҳоло  технологияи соҳаи саноат  бамаротиб пеш рафтааст ва коркарди боз ҳам пурсамари пурраи  ангишт имкон дорад.  Мо барои коркарди ангишти кони номбурда  лоиҳаи илмии ташкили корхонаи  истеҳсоли коксро  тартиб дода будем.  Дар маҷмуъ, бо харҷи  150 миллион  доллар корхонае кушодан мумкин буд, ки дар он аз ангишт бояд кокс, бензол, толуол, амиак, нуриҳои азотӣ, гази кокс ва ғайра гирифта мешуд. Барои бунёди  чунин корхонаи бузург  аввал коргоҳҳои хурди илмии татбиқшавандаро  ташкил намудан лозим мебошад.  Агар чунин корхона дар назди кон кушода шавад, дар натиҷаи коркард  аз  он ғайр аз моддаҳои кимиёии зикршуда,  садҳо миллион   метри мукааб гази кокс истеҳсол намудан мумкин аст. Як қисми он  ба воситаи лӯлаҳо, аз ҷумла  ба марказҳои барқу гармидиҳӣ, интиқол дода мешуд. Агар ҳоло дар кони мазкур  як корхонаи хурди истеҳсоли гази кокс ба роҳ монда шавад, танҳо ҳалли масъалаи аз  он  ҷудо кардани гази гидроген, ки дар таркиби гази ангишт вуҷуд дорад,  барои ҶСК “Азот” бо манфиат буд.  Ман бовар дорам, ки олимони риштаи техникӣ ва кимиёшиноси мо чунин малакае доранд, ки бо истифода аз ангишти ватанӣ барои корхонаи “Азот” гази гидрогенро ҳосил намуда, барои вусъат бахшидани фаъолияти он ва тавлиди садҳо ҳазор тонна нуриҳои минералӣ сарбаландона бароянд. Барои ҳалли саривақтии масъала олимони кимиёшиноси ватаниро  ҳарчи зудтар муттаҳид намудан лозим аст. Сипас, ҷиҳати иҷрои  пурраи  ин кор  машварати якҷояи олимон, роҳбарони вазорату идораҳои марбута ва соҳибкорону сармоягузорони ватанӣ лозим. Чунин машварат бояд ҳар моҳ ҳадди ақал як маротиба сурат гирад. Мо агар ҶСК “Азот”-ро тавассути коркарди ангишт бо гази ватанӣ таъмин намоем, ин амал имкон медиҳад, ки иқтидори истеҳсолии он бамаротиб зиёд карда шавад ва ҳам дар дигар гӯшаҳои мамлакат чунин корхонаҳои нурибарорӣ ташкил ёбанд. Аз маҳсулоти онҳо кишоварзон фаровон истифода бурда, қисме ба кишварҳои дигар содирот мегардад.  Ҳаҷми истеҳсоли кишоварзӣ дучанд зиёд ва ҳам арзон мешавад, чунки харҷи деҳқон аз ҳисоби хариди нуриҳо кам мегардад, – гуфт ӯ. 
Баробари гирифтани газ барои корхонаи “Азот” коркарди партови ангишт барои истеҳсоли нурии минералӣ  имконият медиҳад. Баҳодур Мирзоев, ин паҳлуи манфиатбори коркарди ангиштро чунин тавзеҳ дод: 
“Ҳамчунин, нақша  дорем, ки аз партови кони «Фон-Яғноб»  ва кони «Шӯроб»-и  шаҳри Исфара  нурии минералӣ ё гумуси  хубсифати маҳаллӣ ҳосил намоем. Таркиби ангишти  кони «Фон-Ягноб»  5-6 дарсад  ва кони «Шӯроб»  38-40 дарсад  гумус дорад. Ин  моддаи минералӣ барои ҳосилхезии хок бениҳоят зарур мебошад.  Вақте мо гумусро бо роҳи кимиёӣ коркард мекунем, он  ба гуматҳои гуногун  ҳамчун нуриҳои минералӣ табдил ёфта,  маводи ҳосили хокро афзоянда дар таркиби мавод  то 60-70 дарсад мерасад. Дар натиҷаи истифодаи  ин намуди  нурии минералӣ  ҳосилхезии замини кишт бамаротиб баланд гардида, муддати тулонӣ идома меёбад.  Оид ба  ин масъала бо Донишкадаи технологии химиявии Тошкент ҳамкории илмӣ ба роҳ монда шудааст. Барои корҳои илмии-тадқиқотии муштаракро  пеш бурдан Гурезхон Фақеров, унвонҷӯй (аспирант)  аз Тоҷикистон ҷалб шудааст, ки роҳбарии онро аз Тоҷикистон банда  ва аз Ҷумҳурии  Ӯзбекистон  профессор А.У. Эркаев ба уҳда дорем. Мо аз рӯи натиҷаҳои бадастомада нақшаи тарҳрезии технологияи онро омода дорем.  Баробари миқдори зиёди партовҳои ангишти мамлакат, ҳамчунин,   дар ноҳияи Шаҳринав ва  шаҳрҳои Панҷакенту Исфара  захираҳои фаровони фосфор, ба мисли конҳои  «Гӯри Фотима», «Яхдон», «Қаратоғ», «Шӯроб» ва «Панҷакент» мавҷуданд. Ин маъданҳои ватанӣ ҳам  барои тавлиди нуриҳои минералӣ беҳтарин ашёи хом ба ҳисоб мераванд. Агар мо аз партови ангишт гумус ҳосил карда, ба он фосфарид ва  қаишии поруи мурғро илова намоем, як маводи минералии барои  ҳосилхез намудани маҳсулоти кишоварзӣ баландсифат  омода мешавад. Дар радифи истеҳсоли газу нурии минералӣ аз ангишт боз аз маъданҳои дигари ватанӣ ҳосил намудани садҳо маҳсулоти пурқимат ва таконбахши иқтисоди миллӣ имкон дорад. Фақат ин ҷо машварати якҷояи се гурӯҳ – олимон, роҳбарони вазорату идораҳои марбута ва соҳибкорону сармоягузорони ватанӣ зарур аст. Чунин машварат ҳар моҳ ҳадди ақал як  маротиба бояд сурат гирад. Аз олимон бояд пурсида шавад, ки онҳо натиҷаи тадқиқоти худро дар амал татбиқ карда метавонанд?!”. 
Бунафша Файзиддинзода, раиси шаҳри Левакант, 9 феврал зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки айни замон ҶСК “Азот” пурра навсозӣ  ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардидааст. Фақат бо дастрас  гардидани корхона бо гази зарурӣ он ба кори худ дубора оғоз менамояд. Ғайр аз иттилои раиси шаҳр дар ин маврид то ҳол ягон масъалагузорӣ сурат нагирифтааст. Аз ин бармеояд, ки масъулони корхона, бахши иқтисодии вилояти Хатлон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ роҳи ҳалли масъалаи номбурдаро  танҳо дар хариди гази воридотӣ дида, ҳанӯз ҳам аз пайи дарёфти манбаъҳои дохилӣ нестанд. Чаро барои ҳалли чунин масъалаҳои пешомада ва ташкили корҳои дигари илмию истеҳсолӣ дар такя ба ашёи хоми маҳаллӣ бо олимону мутахассисони варзида машварати ҷиддӣ сурат намегирад, суолест, ки аз роҳбарони ниҳодҳои дар боло зикршуда посухи дақиқ мехоҳад. 
 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 28.02.2023 №: 45
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив