ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН – МАНБАИ «ЭНЕРГИЯИ САБЗ»

ТОҶИКИСТОН – МАНБАИ «ЭНЕРГИЯИ САБЗ»

05 феврал 2024, Душанбе
33
0


Таҷрибаи ҳаёт нишон медиҳад, ки имрӯз бе рушди соҳаи энергетика дастовардҳоро дар дигар бахшҳои хоҷагии халқ тасаввур намудан ғайри имкон аст. Ҳамин аст, ки талабот ба соҳаи мазкур дар тамоми давлатҳои дунё торафт бештар мегарданд. Бо назардошти чунин талабот, нархи барқ дар бозори ҷаҳонӣ торафт майли баландшавӣ дошта, дастрасӣ ба он дар оянда, аз назари бештари коршиносони соҳа, боз ҳам мушкилтар мегардад. Чунин ҳолат аз ҳозир то ҷое эҳсос мешавад. 

Шароити табиии Тоҷикистон имкон додааст, ки кишвар дар минтақа ва ҷаҳон ба яке аз давлатҳои асосии истеҳсолкунандаи «энергияи сабз» табдил ёбад. Айни замон Тоҷикистон дар ин самт аз рӯи радабандии ҷаҳонӣ ҷойи шашумро ишғол мекунад. 
Рушди «энергияи сабз»-ро Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз мақсадҳои асосии худ дар самти сиёсати давлатӣ қарор додааст. Ба ин масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 8 сол қабл ишора намуда, таъкид доштанд: «Ҳукумати мамлакат захираҳои гидроэнергетикиро сарвати миллӣ мешуморад. Бинобар ин, мо рушди соҳаи энергетикаи обиро ба сифати яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ муайян карда, дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ таъмиру навсозӣ ва сохтмони иншооти энергетикиро идома медиҳем». 
Ҳамин буд, ки Роҳбари давлат расидан ба истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои асосии давлат қарор дода, як қатор иқдомҳои наҷиберо дар соҳа пиёда намуданд.  Ба туфайли ин, дар мамлакат сол то сол маблағгузорӣ ба соҳаи энергетика бештар гардида, дар мавзеъҳои гуногуни мамлакат садҳо неругоҳҳои хурду бузург сохта, ба истифода дода шуданд. Инчунин, бештари неругоҳҳое, ки дар замони шуравӣ мавриди истифода қарор гирифта, то замони мо корношоям гардида буданд, аз нав мавриди таҷдиду бозсозӣ қарор гирифтанд. 
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои барқарорсозии иқтидорҳои энергетикии неругоҳҳои куҳна зиёда аз 11,3 миллиард сомонӣ равона гардид. Тавре Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ ишора намуданд, Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» дар ин давра пурра таҷдид ва иқтидори он 30 мегаватт зиёд карда шуд. 
Айни замон таҷдиди  неругоҳҳои калони ҷумҳурӣ – «Норак» ва «Қайроққум» босуръат идома дорад. Дар назар аст, ки пас аз анҷоми корҳо иқтидори онҳо, дар умум, 423 мегаватт афзоиш меёбад. 
Гузашта аз ин, айни замон дар ҷумҳурӣ сохтмони неругоҳҳои “Себзор”, “Чарсем”, “Санобод” дар ВМКБ, “Шӯроб” дар дарёи Вахш ва “Роғун” бо як эҳсоси баланди ватандӯстона идома дорад.  
Роҳбари давлат, дар Паёми навбатӣ бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дарпешгузошта дар назди Ҳукумати мамлакат, Вазорати энергетика ва захираҳои об ва дигар сохтору мақомоти марбута иҷрои якчанд тадбирҳоро зарур шумурданд. Таъкид шуд, ки баробари амалишавии тамоми ҳадафҳои   гузошташуда Тоҷикистон метавонад дар соли 2032 100 фоиз ба кишвари тавлидкунандаи «энергияи сабз» табдил ёбад. Ҳамзамон, дар ин замина аз рӯи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад ва Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи «иқтисоди сабз» соли 2037, воқеан, ба «кишвари сабз» табдил меёбад.
Имрӯзҳо эҳсос мешавад, ки торафт ҷаҳон ба буҳрони шадиди экологӣ рӯ ба рӯ мегардад. Муҳити биологӣ хароб шуда, мувозинати байни инсон ва табиат аз сабаби костагии фарҳанги экологӣ гум  мешавад. Ин раванд сабаби пайдо гардидани як қатор мушкилот, аз ҷумла бемориҳои гуногун, дар зиндагии инсоният шудааст.  
Табиист, ки ноил гаштан ба кишвари тавлидкунандаи комили «энергияи сабз» метавонад дар рушди «иқтисоди сабз» низ мусоидат намояд. Имрӯз Тоҷикистон дар минтақа ба яке аз давлатҳои тавлид ва содиркунандаи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза табдил ёфтааст. Таъмин намудани кишварҳои минтақа бо неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза метавонад ба кам гардидани партовҳои гази карбон ба атмосфера мусоидат намояд. 
Мавриди зикр аст, ки бо вуҷуди комёбиҳои зиёд дар ин самт, ҳанӯз Тоҷикистон аз ҳама захираҳои обии хеш истифода набурдааст. Нақшаҳои мамлакат дар бахши тавлиди ҳарчи бештари «энергияи сабз» зиёд аст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ин имконияти хешро дар сиёсати хориҷии худ танҳо барои таҳкими робитаҳои ҳамсоягӣ ва дӯстӣ мавриди истифода қарор хоҳад дод.
Бешубҳа, метавон гуфт, ки дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика бузургтарин комёбии миллати тоҷик дар таърихи муосир ба ҳисоб меравад. Масалан, дар даҳсолаҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо сабабҳои гуногун мушкилоти норасоии барқ пайваста эҳсос мешуд. Махсусан, дар давраи тирамоҳ ва зимистон норасоии шадиди барқ ба миён меомад. Баъзан солҳо кор то дараҷае мерасид, ки дар фасли сармо мардум ҳамагӣ ду ё се соат барқ мегирифтанду халос. Бинобар навиштаи Пешвои миллат, муассисаҳои барои мардум хеле зарур, аз ҷумла мактабу беморхонаҳо ва корхонаҳои саноатӣ, аз кор монда буданд. Ин ҳолат ба шароити зиндагии мардум, рушди иқтисод ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ таъсири манфӣ мерасонд. 
Имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро  зарур аст, ки дар самти маданияти истифодаи неруи барқ дастурҳои муқарраршударо пурра риоя намояд, то ба ин васила тавонем дар таъмини ҳадафҳои Ватани хеш саҳми муайяни худро гузорем.

Аҳмадҷон ҲУСАЙНОВ,  
доктори имлҳои таърих, профессор,                                                                      
Давлатшоҳ МАҲМУДОВ, 
унвонҷӯ, омӯзгори факултети таърих ва ҳуқуқи  ДДОТ 
ба номи Садриддин Айнӣ

Санаи нашр: 05.02.2024 №: 25
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив