ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СУҒД.  ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ҶАШНИ САДА

СУҒД.  ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ҶАШНИ САДА

06 феврал 2024, Сешанбе
11
0


Ҷашни бостонии Сада дар қаламрави вилояти Суғд бошукӯҳ ва шаҳомати хоса таҷлил гардид. Театри мазҳака-мусиқавии ба номи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ 31-уми январ қабои идона дошт. 
Растаҳо аз маҳсулоти нониву қаннодӣ, таомҳои миллӣ, маҳсули дасти ҳунармандон, аз қабили оҳангарӣ, кулолгарӣ, кандакориву сӯзанидӯзӣ ва ғайра иборат буд. Ҳамчунин, идораҳои кишоварзиву ҳифзи муҳити зист, хоҷагии ҷангалу “Тоҷикматлубот” растаҳои ҷудогонаро бо маҳсулоти мухталиф манзури меҳмонону сокинон гардонданд. 
Сада – Ҷашни ниёкони мардуми тоҷик ба ҳунар ва ҳаёти кишоварзӣ пайвандии зич дорад. Ин Ҷашни аҷдодӣ, ки 50 рӯз қабл аз Наврӯз ё худ дар фароварди “чиллаи калон” қайд карда мешавад, муждаи аввалро аз фарорасии баҳор ва мавсими киштукор ба мардум мерасонад.    
Дар қисмати дигари идгоҳ ярмарка-фурӯши ниҳоли дарахтони мевадиҳандаву ороишӣ, кӯчат, тухмии гулу зироати гуногун ташкил карда шуд. 
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни сухани шодбошӣ таъкид кард, Иди Сада, пеш аз ҳама, аҳамият ва ғояи ахлоқиву фарҳангиро дорост. Дар тули қарнҳо ҷашнҳои бостонӣ ҷиҳати тарғиби ахлоқ ва маънавиёт хидмати созандаро ба ҷо овардаанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёи суннату ҷашнҳои аҷдодӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, таҷлили Наврӯз, Меҳргону Сада самара ва падидаи ҳамин иқдоми маънависозанд. 
Ҷашни Сада бо пешаи кишоварзӣ пайвандии зич дошта, деҳқононро барои омодагӣ ба мавсими киштукор талқин мекунад. Феълан, дар вилоят ба ин мавсим омодагии ҷиддӣ мегиранд. Дар вилоят дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтӣ ва ба роҳ мондани фаъолияти пурсамар соҳаи кишоварзӣ рушд карда истодааст. Ба маълумоти масъулон, соли 2023 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 18,5 млрд сомонӣ баробар гардид, ки дар муқоиса ба соли 2022 зиёд аст. 

Бобоҷон ҚУРБОНОВ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 06.02.2024 №: 26
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив