ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БО ТАБИАТ ЧУН ХОНАИ ХУД БОЯД МУНОСИБАТ КАРД

БО ТАБИАТ ЧУН ХОНАИ ХУД БОЯД МУНОСИБАТ КАРД

08 феврал 2024, Панҷшанбе
9
0


Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз риоя нагардидани тозагии муҳити зист дар шаҳру навоҳии мамлакат изҳори нигаронӣ карда, ба масъулон ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо дастуру супоришҳои қатъӣ доданд. 
Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки бо вуҷуди амалӣ намудани тадбирҳои зиёд, масъалаи тозагӣ ва ҳифзи муҳити зист то андозае нигаронкунанда аст. Ин мушкил аз маърифати экологӣ маншаъ мегирад, ки он тарбия мехоҳад.
Анбуҳи партовро дар канори роҳрав ва роҳҳои мошингузари дилхоҳ мавзеи ин ё он шаҳру навоҳӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Чунин мавзеъҳоро масъулини ободонӣ нуқтаҳои “доғ” меноманд. Ҳамин гуна нуқтаи, ба қавле, “доғ”-ро дар чанд мавзеи шаҳри Хуҷанд дучор омадем. Масъулони корхонаи хизматрасонии санитарии шаҳр мегӯянд, ки партовҳо сари вақт гирифта мешаванд, аммо дар муддати кӯтоҳ боз тӯдаҳои нав пайдо мегарданд. Дар ҳамин ҳол, сокинон масъулонро барои сари вақт накашондани партов айбдор мекунанд. 
Мушкили асосӣ ба инобат нагирифтани қоида ва дар ҷойи муайян напартофтани партов аст. Дохили қуттиҳои партов қариб, ки холӣ буда, партов дар гирду атрофи қуттиҳо партофта мешавад.   
Сокини шаҳр Абдусамад мегӯяд, ки бисёриҳо барои партофтани партов кӯдаконро вазифадор мекунанд ва натиҷааш  ҳамин аст. 
Сокини дигари шаҳр Ҷамила Исобоева ин мавзуъро ба таври дигар шарҳ медиҳад. Ӯ бо ишора ба узвҳои боқимондаи чорвои кушташуда, пору ва партовҳои сохтмонӣ, ки қисми асосии партовгоҳро ташкил медиҳанд, таъкид мекунад: “Чунин партовҳои вазнинро кӯдакон оварда наметавонанд. Ин кори одамони калон аст, ки, мутаассифона, ақли кӯдакона доранд”.  
Аслан, дар корхонаи хизматрасонии санитарии шаҳр барои кашондани партовҳои сохтмонӣ тарофаи махсус амал мекунад. Сардори шуъбаи абонентии корхонаи мазкур Шероз Русулов мегӯяд, ки то имрӯз мувофиқи ин намуди хидматрасонӣ бо ягон корхонаву ташкилот ё шаҳрвандон шартнома набастаанд. Сокинон чунин партовҳоро низ дар назди қуттиҳо оварда мерезанд. Чанд сол қабл барои ҳар як намуди партов қуттиҳои ҷудогона ташкил карда, дар қуттиҳо навиштаҷоти барои “боқимондаи сабзавот”, “хоктӯда” ва “оҳанпора”-ро насб намуданд, аммо ин тадбир ҳам суд набахшид...
Ҳар рӯз аз ҳудуди шаҳри Хуҷанд аз 500 то 600 метри мукааб партов бароварда мешавад.   Дар шаҳр зиёда аз 200 нуқтаи партов мавҷуд аст. Ба ғайр аз ин, нуқтаҳои ғайрирасмӣ низ ҳастанд. Масъулони корхонаи хизматрасонии санитарӣ инкор намекунанд, ки гоҳо бинобар сабабҳои техникӣ тартиби кашондани партов халалдор мешавад. Аммо бо истифода аз имконияти коргоҳ рӯзе дар се баст партовгоҳҳоро тоза мекунанд. Корхонаи мазкур 54 нақлиёти хидматрасонӣ дорад. Роҳбарияти идора мегӯяд, ки имконият ва иқтидори тозаву озода нигоҳ доштани шаҳрро доранд, вале ягона мушкили масъулону партовкашонон дар ҷойҳои ғайримуқаррарӣ партофтани партов аз ҷониби баъзе сокинон аст.    
Чунин манзараҳои ташвишовар дар кӯчаҳои шаҳри Бӯстон низ мушоҳида шуд. Дар чанд мавзеъ назди партовгоҳро бо девор иҳота кардаанд, ки аз иқдоми хуби шаҳрдорист. Аммо дар баъзе мавзеъҳо ҷӯйборро ба партовгоҳ табдил додаанд. Ҳатто, дар канори роҳҳои протоколии шаҳр чунин манзараи нохуш ба чашм мерасад. Аҷибаш ин аст, ки ҳамагӣ чанд метр дуртар аз ин дар партовгоҳи ғайрирасмӣ қуттиҳои партов ҷойгиранд, аммо партовҳои маиширо ба ҷӯйбор партофта, ҳусни як гӯшаи ин шаҳри зеборо костаанд. 
Имрӯзҳо зарфҳои пластикӣ як ҷузъи асосии партовҳоро ташкил мекунанд. Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии баъзе шаҳру ноҳияҳо иқдоми муфидро амалӣ намудааст. Ин насби қуттиҳои зарфшакл барои чунин намуди партовҳо дар хиёбону гулгаштҳо мебошад. Аммо гоҳо дучор мешавем, ки чунин қуттиҳои махсусро низ бо дигар намуди партовҳо пур кардаанд.    
Ҳолдонҳо мегӯянд, ки барои бархе аз сокинон маърифати экологӣ ба таври ҷиддӣ тарбия мехоҳад. Ин маърифат, нахуст, бояд дар хонавода, боғчаву мактаб ба наврасон омӯзонда шавад. Дар зеҳни онҳо бояд ҷой дод, ки инсон ба табиат чун хонаи худ муносибат намояд. 

Бобоҷон ҚУРБОНОВ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 07.02.2024 №: 27
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив