ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РОҲҲО – ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО

РОҲҲО – ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО

09 феврал 2024, Ҷумъа
43
0

 
Тоҷикистон аз лиҳози мавқеи ҷуғрофӣ кишвари саросар кӯҳсор ба шумор меравад. Қаблан, шароити душвори географию, релефи кӯҳӣ ва номусоидии вазъи ҳаво дар минтақаҳои душворгузар на ҳамеша имкон медоданд, ки шаҳрвандон бо мақсади баровардани эҳтиёҷоти худ аз як минтақа ба минтақаи дигар сафар намоянд. Ҳоло бошад, бо бунёду навсозии роҳҳо, ин мушкилиҳо рафъ гардида, сокинон метавонанд ба дилхоҳ гӯшаи дурдасти кишвар, бе хавфу хатар, сафар намоянд. Ва ин ҳама аз файзи сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки аз оғоз бунёд ва навсозии роҳу пулҳои дорои аҳамияти дохилию байналмилалӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор доданд.

ТАҶДИДИ 1000 КИЛОМЕТР  РОҲИ МАҲАЛЛӢ ДАР ЯК СОЛ  
Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ аз 28-уми декабри соли 2023 аз ҷумла зикр намуданд, ки солҳои охир сохтмон ва ба истифода додани роҳҳои маҳаллӣ вусъати тоза гирифтааст. Танҳо дар соли 2023 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, хусусан, бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша, ба маблағи зиёда аз 300 миллион сомонӣ қариб 1000 километр роҳҳои маҳаллӣ таҷдид гардида, бунёду навсозии 41 пул ба анҷом расидааст. Тавре ишора кардем, воқеан Ҳукумати мамлакат аз нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ, бо вуҷуди вазъи душвори иқтисодиву молиявӣ, барои расидан ба ҳадафҳои худ дар самти таъмиру навсозии роҳҳо, тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар намуд. Дар ин росто, Пешвои миллат иброз доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 58 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар самти сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард ва роҳи оҳан, бунёди инфрасохтори онҳо ва таҳким бахшидани иқтидори техникии соҳа ба маблағи 26,6 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло корҳо дар ин самт бомаром идома доранд.

ҲУЛБУК – ТЕМУРМАЛИК – КАНГУРТ РОҲИ ОБОДУ ҲАМВОР 
Дар робита ба бунёди роҳҳои маҳаллӣ, мехоҳам навсозии роҳи Ҳулбук – Темурмалик – Кангуртро ёдовар шавам, ки дар минтақаи кӯҳӣ воқеъ буда, солҳо сокинонаш барои омадурафт мушкил доштанд. Хушбахтона, имрӯз ин роҳ тавре навсозӣ шудааст, ки аз вайронаҳои пеш осоре боқӣ намонда. Далелам ин аст, ки чанде пеш, баъд аз ба истифода додани роҳи Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт бо сафари хизматӣ ба ноҳияи Темурмалик рафтам, ки хеле роҳат буд. Ва ин танҳо роҳе набуд, ки аз он бо чунин бардоште убур карда бошам. Ҳоло аз ҳар масире, ки мегузарем, чи дар Хатлону Суғд, Рашту Бадахшон ва дигар гӯшаҳои Ватани биҳиштосо ҳамин гуна роҳҳои ободу оинасон моро ба манзил мерасонанд.
Роҳе, ки мо ахиран паймудем бо ҳама печу тоб хӯрданҳо чун кафи даст ҳамвор буд. Роҳсозон ончунон синаи кӯҳ шикофтаанд, ки кас ба ҳайрат меафтад. Зеро ҳар қадар боло мешудем, пеши чашм манзараҳои касногузар намудор мегашт. Чун аз миёни деҳоти Чилчаи ноҳияи Темурмалик мегузаштем, Комрон Сафарови ҳамкорам гуфт: “Ин оростагиеро, ки мебинӣ аз ҳисоби ҳамин роҳ аст. Бунёди роҳ ба ҳусни деҳаҳои сарироҳӣ зебоӣ зам кардааст”. Воқеан, чунин аст. Дар ин масир рафтану зебоиҳои атрофро дидан ба кас ҳаловат мебахшад.

ПАНҶСОЛАЕ, КИ МАВҚЕИ МОРО  БОЗ ҲАМ БОЛО ХОҲАД БУРД 
Бунёди ин ҳама роҳу пулҳо барои Сарвари хирадманди тоҷикон, интиҳои кор нест, ки мегӯянд: “Мо тасмим гирифтаем, ки бо амалисозии ҳадафҳои муайянкардаамон дар панҷ – шаш соли оянда ҳамаи роҳҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявии мамлакатро ба меъёрҳои сатҳи ҷаҳонӣ мутобиқ гардонем.” Ин гуна оянданигарӣ ва дурнамои боз ҳам шоиста дар ҳолест, ки дар зарфи 32 соли даврони соҳибистиқлолӣ дар самти роҳу пулсозӣ ва нақбу роҳи оҳан шаҳрвандони мо таҷрибаи зиёд пайдо карда, ба дастовардҳои бузург шарафёб гардиданд. Ҳамаи ин пешравию комёбиҳо, ноил шудан ба дастовардҳои беназир, бахусус сулҳу субот, муттаҳидӣ ва ваҳдати миллӣ, ки таҳти сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, ба сокинони мамлакат муяссар гардид. 

Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 08.02.2024 №: 28
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив