ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БАДАХШОН. БОЗ ЧАНД ҚАДАМИ УСТУВОР ДАР МАСИРИ РУШД

БАДАХШОН. БОЗ ЧАНД ҚАДАМИ УСТУВОР ДАР МАСИРИ РУШД

13 феврал 2024, Сешанбе
16
0


Дар ду соли охир тавассути форуми сармоягузории “Помиринвест” 2,3 миллиард сомонӣ ба иқтисоди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз  ҷумла соҳаҳои сохтмон ва саноат, ҷалб гардид. Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 24 коргоҳу корхонаи саноатӣ мавриди истифода қарор гирифта, 220 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуд. Соли 2024 бошад, бунёди зиёда аз 40 корхонаи дигари  саноатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ин матлабро Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ, зимни як конфронс баён намуд. Ӯ ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ҳудуди вилоятро, ки соли 2023 сурат гирифтанд, бесобиқа унвон карда, аз ҷумла изҳор дошт, ки зимни ташрифи Пешвои миллат ба вилоят 23 иншооти таъиноти гуногун ифтитоҳ ва дар 4 иншооти муҳими дигар санги асос гузошта шуд. Дар ҳошияи сафар бошад, дар маҷмуъ, 76 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Зикр шуд, ки соли сипаришуда аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ 126 хонаи истиқоматӣ мавриди истифода қарор гирифта, сокинони аз офатҳои табиӣ зарардида, хизматчиёни давлатию дигар кормандони мақомоти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ бо манзилҳои зисти доимию хизматӣ таъмин шуданд.
Айни замон сохтмони қитъаи шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ – Кулма, аз ноҳияи Дарвоз то дарвозаи ноҳияи  Рӯшон, НБО “Себзор” дар ноҳияи  Роштқалъа, неругоҳи офтобию бодӣ дар ноҳияи Мурғоб, қитъаи 4-километраи шоҳроҳи байналмилалӣ, долонҳои зидди тарма ва пули мошингузар дар мавзеи Барсем ва пул дар шаҳри Хоруғ бомаром идома дорад. 
– Дар соҳаи варзиш ва сайёҳӣ пешравиҳои назаррас ба даст омаданд.  Айни ҳол, бозсозии варзишгоҳи марказӣ дар шаҳри Хоруғ ва сохтмони варзишгоҳҳои марказӣ дар ноҳияҳои Ишкошиму Рӯшон идома ёфта, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат бунёди толору майдончаҳои варзишӣ ва инфрасохтори дигари сайёҳиро дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо идома хоҳем дод, – гуфт Алишер Мирзонабот.
Таъкид гардид, ки ҳамаи ин дастовардҳо маҳз дар заминаи таъмини волоияти қонун ба даст омаданд. Сатҳи ҷиноятҳои вазнин паст гардида, қонуншиканӣ дар байни наврасон ва ҷавонон коҳиш ёфт. Дар ҳамин ҳол, наврасону ҷавонони вилоят ба омӯзиши илму эҷодкорӣ бештар машғул шуда, қабули довталабон ба муассисаҳои олии дохилию хориҷӣ афзоиш ва иштирок дар олимпиадаҳои фанниву озмунҳои зеҳнию эҷодӣ боз ҳам беҳтар гардид. 
Умуман, дар тули 32 соли истиқлол таҳти сиёсати бунёдкорона ва ватанпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои рушду равнақи Бадахшонзамин чораҳои судманд андешида шуданд. Дар натиҷа симои зоҳирии шаҳру марказҳои ноҳияҳо ва ҷамоатҳо бамаротиб беҳбуд ёфта, марказҳои зиёди хизматрасонию ҳунармандӣ ифтитоҳ гардиданд, ки ба афзоиши теъдоди сайёҳони дохилию хориҷӣ оварда расонд.
– Имрӯз тамоми имкониятҳо муҳайё ҳастанд, то бо масъулияти баланд ва эҳсоси волои ватандорию миллатдӯстӣ фаъолият намуда, дар заминаи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат Ватани маҳбубамонро боз ҳам пешрафта намоем. Махсусан, самти таблиғу ташвиқи дастовардҳои таърихию комёбиҳои замони соҳибистиқлолӣ афзалиятнок ба ҳисоб рафта, пешгирии ҳамаи амалҳои номатлуб ва тарбияи насли ба арзишҳои миллӣ вафодор муҳим мебошанд. Ҳар яки моро зарур аст, ки ба ҳар гуна иғвою дасиса ва ҳодисаҳои номатлуб вокуниши ҷиддӣ ва посухи сазовор диҳем, – таъкид намуд раиси ВМКБ.

Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 13.02.2024 №: 31
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив