ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПАЁМ. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ МУҲИМТАРИН ҲУҶҶАТИ ОЯНДАСОЗ ДАР НОҲИЯҲОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ПАЁМ. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ МУҲИМТАРИН ҲУҶҶАТИ ОЯНДАСОЗ ДАР НОҲИЯҲОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

13 феврал 2024, Сешанбе
15
0


Дар мулоқоти навбатие, ки дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоилӣ Сомонӣ бо имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи чор ноҳияи шаҳр доир гардид, муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода зикр намуд, ки дар низоми муосири давлатдории мо Паёми Пешвои миллат ҳуҷҷати муҳими расмии барномавӣ ва муайянкунанда буда, яке аз роҳҳои ифодаи равшани рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии кишвар мебошад, ки дарбаргирандаи барномаи мукаммали тамоми ниҳодҳо арзёбӣ мегардад.
Президенти кишвар дар Паёми навбатӣ дар бораи тараққиёту пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илму фарҳанг ва сиёсати дохиливу хориҷии кишвар муфассал ибрози андеша намуда, вазифаҳои минбаъдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мушаххасан баррасӣ намуданд. 
Дар идома масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз имомхатибони масҷидҳои ҷомеи шаҳри Душанбе даъват ба амал оварданд, ки дар ободонии шаҳраку маҳаллаҳо, хусусан, баҳри сарсабзу хуррам гардондани пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе ба шинондани дарахту ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ, инчунин, дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон саҳми шоиста гузоранд. Дар фаровард миёни иштирокдорон саволу ҷавоб бобати мавзуъҳои зикршуда сурат гирифт.
Нишондодҳои Паёми навбатии Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ дар мулоқоти гурӯҳи таблиғотии МИҲД-и шаҳри Душанбе бо сокинони шаҳраки 32-и ноҳияи Сино дар МТМУ рақами 32 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Абдураҳмонзода Абдураҳмон, муовини раиси шаҳри Душанбе бо таҳлили масъалаҳои дар Паём ироашуда афзуд, ки Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ натиҷагирии соли 2023, барномарезии соли 2024 ва сафобахшу ба оянда дилгармкунанда мебошад.
Зикр шуд, ки соли 2024 дар мамлакат санаи бисёр мубораку фархунда – 30-солагии қабули Конститутсия таҷлил мегардад, ки бунёди давлати соҳибистиқлоли мо аз он сарчашма мегирад. Бахшида ба ин санаи таърихӣ Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карда шавад. Дар ин замина Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024» аз 31-уми декабри соли 2023 ба тасвиб расид. Гуфта шуд, ки имрӯз баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар робита ба расидан ба ҳадафу мақсадҳо ва вазифаҳои давлати ҳуқуқбунёд, аз ҷумла баҳри дар амал татбиқ намудани ҳама арзишҳои давлати ҳуқуқбунёд, ба монанди волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ҳадафи асосии сиёсати ҳуқуқии мамлакат қарор гирифтааст. Мо – масъулон ва падару модарон, бояд қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», инчунин, дигар қонунгузории ҷумҳуриро риоя намоем, дар мактабҳои миёна, миёнаи касбӣ ва олӣ маъракаҳои фаҳмондадиҳиро оид ба риояи қонунгузории ҷумҳурӣ, шомил нагаштани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ амалӣ намуда, ҷавононро ба тарзи ҳаёти солим ҳидоят созем, сатҳи таълиму тарбияро баланд бардорем, эҳсоси худшиносии милливу ифтихори ватандӯстӣ ва таҳаммулгароиву инсондӯстии онҳоро зиёд кунем. Дар ин раванд бояд дар зеҳну шуури насли наврас ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонунро тарбия намоем.

Л. ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 13.02.2024 №: 31
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив