ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДИАБЕТИ ҚАНД. ПЕШГИРӢ МУҲИМТАРИН РОҲИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ БЕМОРИСТ!

ДИАБЕТИ ҚАНД. ПЕШГИРӢ МУҲИМТАРИН РОҲИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ БЕМОРИСТ!

13 феврал 2024, Сешанбе
42
0

 
Воқеан, нигаронкунанда аст, ки тайи солҳои охир сафи гирифторони бемории диабети қанд, бахусус миёни ҷавонон,  меафзояд. Бояд гуфт, ки сабаби паҳн гаштани бемории диабети қанд на танҳо ирсият, балки ҳолати равонии инсон ва истеъмоли хӯрокҳои гуногун, аз ҷумла хӯрокҳои тезтаёр, мебошад. Диабети қанд ин гурӯҳи бемориҳои метаболикӣ (мубодилаи моддаҳо) мебошад, ки дар натиҷаи мутлақ ё ки нисбатан норасоии инсулин ба вуҷуд меояд. Ин беморӣ боиси вайроншавии чарбҳо, сафедаҳо, карбогидратҳо, ҳипергиликимияи музмин, рагҳо ва тағйироти потологӣ дар узвҳои гуногун мегардад.
Бино ба маълумоти оморӣ, ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 60 ҳазор нафар мубталои бемории диабети қанд мебошад, ки бештари онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд. Ба гуфтаи мутахассисон, диабети қанд аз рӯи таснифот ба 2 гурӯҳ ҷудо мешавад: диабети қанди ба инсулин вобаста ва ба инсулин новобаста. Ба гурӯҳи диабети қанди ба инсулин вобаста, асосан, кӯдакони навзод ва наврасону ҷавонони то  синни 30-35-сола гирифтор мешаванд. Чунки бетаҳуҷайраи ғадуди зери меъдаи ин гуна беморон  инсулин ҳосил намекунад ё ҳосилнокиашон хеле кам аст, ки  миқдори муайяни қандро ба ҳуҷайраҳо расонда наметавонад, дар ин ҳолат қанди хун зиёд мешавад. Аз ин лиҳоз, онҳо ба инсулин вобаста мешаванд. Бетаҳуҷайраи ғадуди зери меъдаи беморони диабети қанди  ба инсулин новобаста  инсулин ҳосил менамояд, аммо дар чунин беморон инсулин вазифаи худро иҷро карда наметавонад. Ба ин гурӯҳ шахсони аз 40-45-сола боло гирифтор мешаванд. 

ОМИЛҲОИ ПАЙДОИШИ ИН БЕМОРӢ
Мудири шуъбаи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ” Амриддин Абдураҳмонов гуфт, ки омилҳои пайдоиши бемории диабети қанд ирсӣ, фарбеҳӣ, фишорбаландӣ, бемориҳои  ғадуди зери меъда (ба монанди панкратити музмин, ҷароҳат бардоштани ғадуди зери меъда),  эндокринӣ (ҷоғари заҳрогин, инсенко-кушинга), сироятӣ (сурхакон, поратит), бемориҳои санги талхаву гурда ва ғайра мебошанд. Дар баъзе ҳолатҳо ҳангоми ҳомиладорӣ занон низ ба ин беморӣ, ки диабети гестатсионӣ меноманд, гирифтор мешаванд. Аммо баъди таваллуд фишори хун боз муътадил шуда, шахс солим мегардад. 
Хушк гаштани даҳон, афтидани дандонҳо, дер шифоёбии захмҳо, зуд-зуд сироятёбӣ, фарбеҳӣ, камҳаракатӣ, хирашавии чашмҳо, дард ва сӯзиш дар пойҳо аломатҳои дигари ин беморӣ мебошанд. Бояд гуфт, ки бемории диабети қанди навъи ду метавонад бе аломат пайдо шавад. Аз ҳамин сабаб, шахсони аз 40-сола боло сарфи назар аз солим буданашон, бояд як маротиба сатҳи  қанди хуни худро аз санҷиш гузаронанд, то сари вақт оризаҳои ин беморӣ пешгирӣ карда шаванд.
Омили дигари гирифторшавӣ ба диабети қанд тарс ва стресс мебошад. Ҳангоми тарс гормонҳои организми инсон тағйир меёбанд ва дар ҳолати зиёд шудан бо гормони инсулин, ки дар бетаҳуҷайраи ғадуди зери меъда ҳосил мешавад, муқобилият нишон медиҳад, ки дар натиҷа сатҳи қанд дар хун зиёд мегардад.
Оризаҳои бемории диабети қанд ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: оризаҳои шадид ва музмин. Оризаҳои шадид дар организм ҳангоми аз меъёр  паст шудани сатҳи қанди хун ба амал меоянд, ки  дар натиҷа шахсро ба беҳушшавӣ ва баъдан кома оварда мерасонанд. Оризаҳои музмини диабети қанд таъсири худро ба тамоми организм, аз ҷумла ба чашм (ретинопатия), гурда (нефропатия), устухону бандҳо (остеоартропатия), қалб (кардиопатия), пӯст (дермотапатия), рагҳои хунгард (ангиопатия) ва асаб (нейропатия), расонда метавонад.
Бинобар ин, гирифторони бемории диабети қандро зарур аст, ки барои муътадил нигоҳ доштани сатҳи қанд дар хун доимо бо табиб дар муошират бошанд. Доруҳои тавсияшударо сари вақт истеъмол намоянд. 
Дар ҳолати саҳлангорӣ ё бетаваҷҷуҳӣ  сатҳи қанд дар хун баланд шуда, инсонро ба маъюбшавии узвҳо ва оқибат ба марг мерасонад.
 
ЗИЁДА АЗ 500 МИЛЛИОН НАФАР  ГИРИФТОРОНИ ДИАБЕТИ ҚАНД ДАР ҶАҲОН 
Диабети қанд яке аз бемориҳои хатарнок  ба шумор меравад. Бо вуҷуди таваҷҷуҳи зиёд ба он, сафи гирифторони ин беморӣ дар ҷаҳон сол ба сол меафзояд. Диабети қанд дар рӯйхати бемориҳое, ки бештари одамон аз он ба ҳалокат мерасанд, дар ҷойи ҳаштум аст. Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, дар ҷаҳон зиёда аз 500 млн нафар аз ин беморӣ азият мекашад. Коршиносони СҶТ бар ин назаранд, ки то соли 2050 шумораи чунин беморон тақрибан ба яку ним миллиард нафар хоҳад расид. 
Соли 1991 бо сабаби зиёд гаштани шумораи гирифторони ин беморӣ аз ҷониби Федератсияи байналмилалии диабет (International Diabets  Federation) ва Созмони   ҷаҳонии тандурустӣ (World Health Organization) 14-уми ноябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди диабети қанд эълон гардид. Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди диабети қанд беҳтарин имконият барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ бо амалҳои дастаҷамъӣ ва инфиродӣ барои пешгирӣ, ташхис ва идоракунии диабети қанд мебошад. 

ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ ДИАБЕТИ ҚАНД 
Беҳтарин роҳи пешгирии ин беморӣ  парҳез кардан аст. Чуноне ки олими бузург Суқрот мегӯяд: “Хӯрдан барои зиндагӣ кардан аст, на ин ки зиндагӣ кардан барои хӯрдан”.  Аз ин лиҳоз, мутахассисон низ риояи дурусти режими хӯрокхӯрӣ ва истеъмоли таомҳои равғаннокиашон пастро тавсия медиҳанд. Инчунин, риояи тарзи ҳаёти солим, ба варзиш машғул шудан, пиёдагардӣ баъд аз истеъмоли хӯрок барои организм муфид буда, сатҳи қандро дар хун муътадил нигоҳ медорад. 

Руҳафзо МУРОДОВА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 13.02.2024 №: 31
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив