ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

13 феврал 2024, Сешанбе
10
0


ШИКАНҶА
Чаро бонуе дар  Варзоб қасд ба ҷони худ кард?
Як сокини ноҳияи Варзоб, ки аз ӯ марди 32-сола ном бурда мешавад, ба гумони расондани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир шуд.
Бино ба иттилои ВКД, гумонбаршаванда 27-уми январи соли 2024 дар манзили истиқоматиаш ҳамсари худро бо бераҳмии махсус латукӯб кардааст. Дар натиҷа ҷабрдида ба зарбу лат, ки бо истифода аз лӯлаи резинӣ сурат гирифтааст, тоб наоварда ба қасди ҷони худ даст задааст. Чунончи, бо корд дасти чапашро бурида, илова ба ин маҳлули сирко истеъмол карда, дар ҳолати вазнин ва заҳролудшавии шадид ба беморхона дастрас карда шудааст.  
Манбаъ хабар медиҳад, ки айни ҳол оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад. 


ҚАЛЛОБӢ
Боздошти марде, ки 100 ҳазор долларро гирифту барнагардонд
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба тафтиши ҷинояти қаллобие оғоз карданд, ки дар содир кардани он марди 44-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ гумонбар мешавад.
Ин мард, ҳанӯз 26-уми июли соли 2021 бо роҳи фиреб ба бовари марди 35-солаи сокини ҳамин ноҳия даромада, аз ӯ 100 ҳазор доллари ИМА гирифтааст. Дар ҳамин ҳол, ваъда додааст, ки маблағи гирифтаашро дар зарфи 1 моҳ бармегардонад, вале то ҳол ин аҳдро иҷро накардааст.
Тавре сомонаи ВКД дар робита ба ин ҳолат иттилоъ медиҳад, феълан шахси гумонбар дастгир ва ҳолати кор мавриди тафтишот қарор дорад.


ДУЗДӢ
Боздошти чапдасте, ки завлонабадаст шуд
Дар асоси аризаи марди 70-сола ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода кормандони милитсия як ҳолати дуздии чорворо ошкор ва гумонбарро боздошт намуданд.
Бар пояи хабари ВКД, 22-юми январи соли 2024 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз сари заминҳои Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти ҳамин шаҳр 6 сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
Айни ҳол, дар робита ба ҷинояти дуздӣ марди 29-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав ҳамчун гумонбар дастгир шуда, тафтишот идома дорад. Зимнан, зарари расондашуда 42 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст.

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият” 

Санаи нашр: 13.02.2024 №: 31
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив