ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АМАЛИЁТИ ШАРТИИ «КОРД».  МУСОДИРАИ 30 АДАД СИЛОҲИ САРД ДАР ДАВОМИ ЯК МОҲ

АМАЛИЁТИ ШАРТИИ «КОРД».  МУСОДИРАИ 30 АДАД СИЛОҲИ САРД ДАР ДАВОМИ ЯК МОҲ

15 феврал 2024, Панҷшанбе
11
0


Аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи пойтахт давоми чанд соли охир бо мақсади пешгирии содиршавии ҷиноятҳои авбошӣ бо истифода аз силоҳи сард амалиёти шартии «Корд» роҳандозӣ мегардад. Ин аст, ки кормандони милитсия ҳамарӯза, зимни баргузории рейду амалиёти профилактикӣ, аз наврасону ҷавонон предметҳои гуногуни ба сифати силоҳи сард истифодашавандаро мусодира намуда, то андозае пеши роҳи сар задани ҷиноятҳои вазнинро мегиранд.
 
Гарчанде баргузории амалиёти мазкур натиҷаҳои назаррас ба бор оварда бошад ҳам, вале ҳанӯз мушоҳида мегардад, ки баъзе аз ноболиғон аз бепарвоӣ ва бемасъулиятии волидайн истифода намуда, бо худ корд ва дигар намудҳои яроқи сардро мегардонанд, ки ин амали онҳо метавонад бо оқибатҳои вазнин анҷом ёбад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар бештари маврид маҳз дар натиҷаи бо худ доштани корд ҳангоми муноқишаҳои гурӯҳӣ ноболиғону ҷавонон аз он истифода бурда, ба нафарони дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расондаанд. 
Дар натиҷаи баргузории амалиёти мазкур давоми моҳи январи соли ҷорӣ, аз ноболиғону ҷавонон 30 адад силоҳи сард, аз қабили 26 адад корди гуногун, 2 адад кастет ва 2 адад чӯбдаст (бита) мусодира шудааст. 
Тавре аз раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, аз ҷониби кормандони милитсия бо ин наврасону ноболиғон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шуда, оқибатҳои фоҷиабори бо худ гардондани силоҳи сард ва истифода аз он фаҳмонда шуданд. Ҳамзамон, нисбат ба волидайни онҳо барои бемасъулиятӣ зоҳир намудан тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба суд ирсол гардидааст. 

Л. ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 14.02.2024 №: 32
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив