ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЯХОБМОНӢ – ОМИЛИ ПЕШГИРИИ КАМҲОСИЛӢ

ЯХОБМОНӢ – ОМИЛИ ПЕШГИРИИ КАМҲОСИЛӢ

15 феврал 2024, Панҷшанбе
15
0


Бо мақсади пешгирии сабзиши бармаҳали дарахтони меваи содиротӣ, зери хок бедор гардидану пӯсидани  навдаҳои токи ангурҳои  шаҳдбор,  талаф наёфтани  меваю ангуру  зироатҳои ғалладонагӣ ва заминагузорӣ ба ҳосили фаровони соли ҷорӣ, бинобар хушку камбориш омадани тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024, кишоварзону саҳмдорони зиёда аз 11 ҳазор хоҷагии деҳқонии инфиродию оилавии шаҳри Истаравшан серташвиш гардида, тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ибтикори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан, аз ҳисоби мутахассисони идораи беҳдошти замин  ва обёриву  соҳаи кишоварзӣ, пирони рӯзгордида ва саҳмдорони соҳибтаҷрибаи хоҷагиҳои деҳқонӣ ситоди доимоамалкунандаи яхобмонӣ созмон  дода шуд.
Бояд зикр намуд, ки ҳоло корҳои саҳроӣ дар самти яхобмонӣ, тозакунии ҷӯйборҳо, заҳбуру заҳкаш, шудгори замин ва дигар корҳои вобаста ба киштукори баҳорӣ вусъат ёфта истодаанд. Яхобмонӣ ва обмонии захиравӣ дар фасли зимистон яке аз омилҳои фаровонҳосилии минбаъда маҳсуб ёфта, кишоварзони ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳри Истаравшан имрӯзҳо ба ин маъракаи муҳим фаро гирифта шудаанд. 
Дар ин раванд, аъзои ситод дар радифи омӯзиши ҳолати кунунии боғу токзор зарурати яхобмониро маслиҳат дода, барои сари вақт обёрӣ намудани майдони боғу токзор ва кишти зироатҳои ғалладонагии тирамоҳӣ таклифҳои судманд пешниҳод ва ҷадвали яхобмонии боғу токзорро омода намуданд. Тибқи нақшаи аз ҷониби ситоди шаҳрӣ омодашуда, замини зиёда аз 11 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонии инфиродию оилавӣ бо навбат яхоб монда  мешавад. Натиҷаи фаъолияти пурсамари аъзои ситод аст, ки  давраи якуми яхобмонӣ анҷом ёфта, давраи дуюми ин амалиёти судманд идома дорад.
– Бинобар минтақаи камоб маҳсуб ёфтани шаҳри Истаравшан ва бо мақсади бунёди токзору боғи меваҳои шаҳдбори содиротӣ, дар қисми ҷанубии шаҳр соли 1966 обанбори Зарринрӯд барои нигоҳдории 55 миллион метри мукааб оби полизӣ сохта шуд.  Оби обанбор танҳо барои обёрии зиёда аз 9 ҳазор гектар майдони боғи дарахтони мевадиҳанда ва токзору ниҳолпарваришгоҳҳо равона шудааст. Сарчашмаҳои захирасозии оби полизӣ оби барфу пиряхҳои қаторкӯҳҳои  Шаҳристону Мастчоҳи Кӯҳӣ тавассути каналҳои магистралии Басмандасойи ноҳияи Деваштич ва Шаҳристонсойи ноҳияи Шаҳристон, инчунин, чашмаҳои гирду атрофи обанбор маҳсуб меёбанд. Айни ҳол дар обанбор 13 миллиону 500 ҳазор метри мукааб оби полизӣ мавҷуд аст. Дар як шабонарӯз ба обанбор зиёда аз  1 500 литр об ворид гардида, барои яхобмонӣ  аз 1100 то 1200 литр сарф мегардад, – гуфт раиси ситод, муовини якуми раиси шаҳри Истаравшан Абдусаттор Қодирӣ.

Саъдулло МАХКАМОВ, ш. Истаравшан

Санаи нашр: 14.02.2024 №: 32
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив