ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЛИМЕНТ.  ТАДБИРҲОИ ҚОНУНӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАНД

АЛИМЕНТ.  ТАДБИРҲОИ ҚОНУНӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАНД

15 феврал 2024, Панҷшанбе
38
0


Пардохти алимент ҳангоми пошхӯрии оилаҳо, хусусан оилаҳои ҷавон, то кунун яке аз масъалаҳои ташвишовару баҳснок боқӣ мондааст. Ин дар ҳолест, ки аз шумораи умумии парвандаҳои оилавӣ, ки дар судҳои ҷумҳурӣ баррасӣ мешаванд, аксаран ба масъалаи рӯёнидани алимент бастагӣ доранд. Зимнан, дар нишасти матбуотии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мавриди назар аз мавзуъҳои асосии суҳбати роҳбарияти Хадамот бо хабарнигорон буд.
Барно Саидвализода, сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар посух ба суоли хабарнигори “Ҷумҳурият” вобаста ба ин масъала изҳор дошт, ки соли 2023 аз ҷониби иҷрочиён ба манфиати модару кӯдак 33 миллиону 300 ҳазор маблағи алимент ситонда шуд. Ҳамчунин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то ин давра ба манфиати мардон 12 санади судӣ оид ба супурдани маблағи алимент қабул карда шудааст. Яъне, ҳоло 12 зане ҳаст, ки барои пардохти алимент уҳдадоранд. Бинобар, барқасдона саркашӣ намудани қарздорон аз маблағи алимент, нисбат ба 398 қарздор тибқи талаботи моддаи 177 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Нисбат ба 568 қарздор бошад, барои сари вақт пардохт накардани алимент ва пинҳон кардани суроғаи ҷойи зисташон аз ҷониби иҷрочиён бо қабули қарорҳои дахлдор кофтуков эълон шудааст.
Ин мушкилот дар ҳолест, ки нисбат ба падар ё модаре, ки  дидаю дониста аз додани маблағи алимент ё таъминоти фарзандони ноболиғи худ саркашӣ менамоянд, қонунгузорӣ меъёрҳои дахлдори ҷавобгариро пешбинӣ намудааст. Аз ҷумла, тибқи моддаҳои 80 ва 85 Кодекси оила, падару модар вазифадор аст, ки фарзандони ноболиғи худ ва фарзандони болиғи ғайри қобили меҳнати худро, ки ба ёрӣ эҳтиёҷманданд, таъмин намоянд.  Дар ҳоли саркашӣ кардан аз таъмини фарзанд нисбат ба онҳо бо моддаи 177 Кодекси ҷиноятӣ (бадқасдона саркашӣ намудани падару модар аз таъминоти фарзандон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз мешавад. Ин банди қонун, корҳои ҳатмӣ ба муҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол, ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат ҷазо муқаррар кардааст. 
– Иқдоми дигаре, ки  самараи назаррас дода истодааст, ин сарҳади давлатиро убур карда натавонистани қарздорон мебошад. Мувофиқи моддаи 47 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” ҷиҳати баромада нарафтани 4 378 нафар маҳдудият гузошта шуда, дар пайи он 17 миллиону 900 ҳазор сомонӣ аз қарздорон ситонда шуд, – зикр дошт Барно Саидвализода. 

Судобаи ФАЙЗАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 14.02.2024 №: 32
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив