ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КАЛИДИ ДАРҲОИ БАСТА. ДАР БОРАИ ОЗМУНҲОЕ, КИ ВОҚЕАН ОМӮЗАНДААНД

КАЛИДИ ДАРҲОИ БАСТА. ДАР БОРАИ ОЗМУНҲОЕ, КИ ВОҚЕАН ОМӮЗАНДААНД

15 феврал 2024, Панҷшанбе
14
0

 
Воқеан ҳам, дар ягон давру замон ҷомеаро бе китобу китобдорӣ тасаввур кардан нашояд. Рӯ овардан ба китоб, яъне мутолааи зиёди он таркиби луғавии тафаккури инсонро ғанӣ гардонда, дар саводнокшавии ӯ саҳми арзанда мегузорад. Маҳз китоб равшанкунандаи роҳи башар буда, ақлро комил, зеҳнро тез, хотираро қавӣ, илмро бештар ва зиндагиро мунаввару рангинтар месозад. Бешубҳа, калиди дарҳои бастаи маърифатро боз намуда, касро ба хатти низоми хирадмандӣ ворид месозад ва боис мегардад, ки имрӯзи худ ва ҷомеаро аз дирӯз беҳтар созем. 
Бо дарназардошти  баланд будани мавқеи китоб дар ҳаёти насли башар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд озмунҳои ҷумҳуриявиро, ки дар сатҳи баланди саводнокшавии ҷомеаи имрӯза нақши амиқеро мегузорад, роҳандозӣ намуданд. Ҳадаф аз чунин озмунҳо баланд бардоштани завқи ҷомеа, дарёфти чеҳраҳои нодири рӯ бакитобоварда, пешрафти илму техника ва асоси саводнок гардониани ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст.
Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст...» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2019 инҷониб баргузор мегардад. Озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвият бахшидани тафаккури хеш, инкишофи қобилияти эҷодӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ буда, миёни табақаҳои мухталифи ҷомеа баргузор мегардад.
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» низ таҳти сарпарастии Сарвари давлат  бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор мегардад. Ҳадаф аз ташкили Озмун дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, ихтироъкорӣ ва навоварӣ, ҷалб кардан ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ мебошад.
Ҳамчунин, Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» дар сатҳи баланд баргузор гардида  истодааст,  ки мақсади асосии он донистани таърихи куҳанбунёди тоҷикон, ифтихор аз фарҳангу тамаддуни гузаштаи хеш ва аслу ниёгонро шинохтан мебошад.
Сарвари давлат маҳз бо сабаби ҷалби ҷомеаи имрӯза ба китоб роҳҳои зиёди ҳавасмандкуниро пеша намуда, ба ғолибони ҳар як озмуни зикргардида миқдори зиёди мукофотпулӣ ва туҳфаҳои дигари арзандаро пешкаш намудаанд. Китобхон гардидан, аз таърихи ниёгони хеш бохабар будан, худогоҳӣ ва худшиносиро баланд бардошта, садоқат ба Ватан-Модарро зиёд гардонда, касро ба дунёи тозае ворид месозад. Аз ин рӯ, пайваста ҳамнишини китоб будан роҳест басо хирадмандона. 

Басона САТТОРЗОДА, 
“Ҷумҳурият” 

Санаи нашр: 14.02.2024 №: 32
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив