ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ 

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ 

15 феврал 2024, Панҷшанбе
6
0


Олими тавонои соҳа, устоди барҷаста Мамадвафоев Муҳаббатшо Мамадвафоевич тайи зиёда аз шаст сол аст, ки дар тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳавӣ, омӯзиши сохти геологии ҳудуди Тоҷикистон, дарёфту ошкор намудани зуҳуроти канданиҳои фоиданоки кишварамон пурмаҳсул ва софдилона заҳмат мекашанд. 
Ҳанӯз аз солҳои донишҷӯӣ М. Мамадвафоев дар кафедраи минералогия ва петрография, ки онро академик С. Юсупова сарварӣ менамуд, чун лаборант (0,5 баст) фаъолияти хешро оғоз карда буд.  Баъди хатми донишгоҳ дар кафедраи мазкур чун лаборанти калон ва баъдан, коромӯзи кафедраи «Усулҳои геохимиявӣ ва радиоактивии ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок»-и Донишкадаи кӯҳии ба номи Г. В. Плеханови Санкт-Петербург ифои вазифа карданд. Баъдан  дар кафедраи минералогия ва петрографияи факултаи геологияи ДМТ дар вазифаҳои гуногун:  сароғоз муаллим,  муаллими калон ва дотсент фаъолият намуд. 
Устод М. М. Мамадвафоев соли 1967 дар Институти умумииттифоқии илмӣ-тадқиқотии геологии Россия ба номи А. П. Карпинский (ВСЕГЕИ, собиқ шаҳри Ленинград) рисолаи номзадии худро дифоъ намуд. 
Тайи чандин сол ӯ дар ҳамбастагӣ дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаршоев ба донишҷӯёни ихтисоси геология низ дарс дод ва борҳо раиси комиссияи давлатӣ оид ба имтиҳонҳои давлатӣ ва ҳимояи корҳои дипломӣ низ буд.
Аз соли 1997 бо даъвати роҳбарияти Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ омада, дар вазифаҳои пурмасъулияти  сармутахассиси шуъбаи геология (то соли 2006) ва шуъбаи илм ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ  (то соли 2015) пурмаҳсул заҳмат кашид. Тайи солҳои гуногун дар вазифаҳои котиби Шурои илмӣ-техникии Саридора, котиби шуроҳои комиссияҳои соҳавӣ ва марказии Саридора оид ба захираҳои конҳои канданиҳои фоиданок, котиби Шурои ташхисӣ-машваратӣ оид ба гузаронидани корҳои иктишофии геологӣ, котиби Комиссияи давлатӣ оид ба захираҳои конҳои канданиҳои фоиданоки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ  буд. 
Соли 2015 М. Мамадвафоев ба «Корхонаи воҳидии экспедитсияи ҷустуҷӯию аксбардории геологӣ”-и Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба кор гузашта, то ба имрӯз он ҷо фаъолият намуда истодааст. То кунун ба қалами мавсуф зиёда аз 14 ҳисоботи геологии илмӣ - тадқиқотӣ ва истеҳсолӣ ва зиёда аз 150 асари илмӣ, аз он ҷумла 12 монографияи илмӣ тааллуқ доранд.
Ҳамин тавр, ин шахсияти волои илм ва олими тавоно бо заҳмату кӯшишҳои хеш дар ривоҷу равнақи илму соҳаи геологияи кишвар пурмаҳсул фаъолият намуда, саҳми худро дар соҳибистиқлолии иқтисоди кишвар пурсамар мегузорад.

Фарҳод ҒАФУРЗОДА,
мудири лабораторияи Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ,
номзади илмҳои геология 
ва минералогия,  барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ 
дар соҳаи илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ

Санаи нашр: 14.02.2024 №: 32
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив