ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НИДОИ ИМЛО

НИДОИ ИМЛО

15 феврал 2024, Панҷшанбе
36
0


Рӯзи фасли тирамоҳи заррин буд. Хонандагон сумкаҳояшонро ба тахтапушту китф овезон карда, сӯйи мактаб мерафтанд. Шамоли нарме бо ҳавои сарде омезиш шуда, барги дарахтонро меканду ба гирду атроф пароканда мекард. Ва ниҳоят ақрабаки соат 08:30 шуд ва занги мактаб беист садояшро баланд кард. 

Муаллими фанни забони модарӣ барои синфи панҷ дарсгӯйиро оғоз кард. Баъди вохӯрию суолу ҷавоб бурро аз қуттичаи дар рӯйи миз истода гирифту мавзуъро ба тахтаи синф навишт. Яъне, навиштани диктантро ба донишомӯзон эълон карду матнро ифоданок мехонд. Вақти хондани матн ҳар замон чашмашро аз китоб канда, ба хонандагон медӯхт, ки кадом талаба дар кадом ҳолат шунида истодааст. “Боэътибор бошед, хонандагон, ин диктант барои чоряки якум, кӣ чӣ хел хушрӯй ва бехато нависад, баҳои чорякааш аъло мебарояд”, – гуфт муаллим. Сипас, таҳти мавзуи “Китоб – ганҷи илму маърифат” навиштани диктант сар шуд. То хондани матни диктант дар синфхона овозҳои пичир-пичир аз ҳар тарафи синф шунида мешуд. Яъне, хонандагон ба ҳамдигар бо овози пасти асабвайрокун сари худро ба ҷойҳои ба устод аёну ноаён канор гирифта, гап мезаданд. Бо шуруи навиштани ҳамаи овозҳои пасти дар синфбуда ғоиб шуду оромӣ ҳукмрон гашт. Фақат овози муаллим ва ҳаракатҳои дасту пойи ӯ шунида мешуд. Муаллим байни партаҳо роҳ рафта, матнро бо талаффуз бештар эътибор дода баён мекард. Вақти талаффуз тамоми қувваашро сафарбар мекард, ки такрорпурсӣ барҳам хӯрад. Бархе аз хонандагон ручкаашонро гоҳ сахт, гоҳ нарм дошта, хат менавиштанд. Ва дигаре аз ҳамкурсии худ гарданашро ёзонида, навиштаашро қиёс карда, сабт менамуданд. Ду нафар хонанда, ки хотираи заиф доштаанд, баъди хондани ҳар ибора такроран пурсон мешуданд. Аз ин ҳол, нафрати дигар ҳамсинфон зиёд мегашт. Зеро ба навишти онҳо халал мерасонид. Ҳатто, баъзеи калимаҳоро такроран ҳам менавиштанд. Ниҳоят навиштани диктант ба охир расиду дафтарҳоро барои баҳогузорӣ ҷамъ карда гирифт. Барои муаллими забон ҷараёни санҷиши дафтар корест пурмасъулият. 8-10 нафар дар шакли дастнавис зебо навиштаанд, ки аъло баҳогузорӣ шуданд. Муаллим дар дарёи андеша ғарқ шуд, ки чунин мулоҳиза дар тафаккураш давр мезад. Баъзеи фарзанди инсон, ки аз назорати тиббӣ гузараду чор сол саводи навишту хонданро аз бар намояду натиҷа саводи имлоӣ набарорад? Инро чӣ хел фаҳмидан мумкин? Имло агар забон медошт, бонг мезад, ки чаро аз мо мувофиқи меъёр муносиб истифода намекунию қадри моро паст мезанӣ? Биё аз паи омӯзиш шаву дуруст омӯзу дуруст навис. Зеро дурустӣ аз каҷӣ беҳтар аст. 

Ҳотамалӣ РАҲМАТОВ, муаллим

Санаи нашр: 14.02.2024 №: 32
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив