ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САДА. САЙРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МАСИРИ ТАЪРИХ

САДА. САЙРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МАСИРИ ТАЪРИХ

01 март 2023, Чоршанбе
177
0
Ҷашни Сада дар қатори Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон чун тарғибгари дӯстию муҳаббат, худогоҳию хештаншиносӣ, ахлоқу меҳнатдӯстӣ, иртибот бо табиату қонуниятҳои он ва амсоли ин, аз оғози таърих ҳамқадами ниёгони мо будааст. Гузаштагони мо, бо тавлиди чунин ҷашнҳои зебо замиру сиришт ва ормонҳои худро бароварда мекарданд. Иди Сада дар қатори дигар ҷашнҳои куҳани мо сарнавишти бисёр сахту ҳассосро аз сар гузарондааст. Селоби таърих борҳо барои несту нобудшавии фарҳанги қадимаи ориёиҳо, бахусус чунин ҷашнҳои мо, хатар эҷод кард. 
Маълум аст, ки тоҷикон дар дарозои таърих, агарчанде шаҳрҳою марзҳо ва дороиҳои моддии хешро борҳо аз даст додаанд, аммо доимо дар ҷангҳои фарҳангӣ парчами ғолибияту сарфарозӣ дар дасти фарзандони ин тамаддун буд. Аз ин лиҳоз, тоҷикон дар сиришту ниҳоди худ ва дар қалби кӯҳистони хеш тавонистанд чунин оинҳои оламгирро аз чанги душмани ғаддор эмин нигоҳ доранд. 
Ҷашни Сада дар тули таърих ташаккул ёфта, байни халқ маҳбубияти хоссаеро касб кардааст. Тавре аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, Сада дар давлатҳои Пешдодиёну Каёниён васеъ таҷлил мегардид. Махсусан, дар аҳди Каёниён дар шаҳри Балх, ки пойтахти ин давлат ба шумор мерафт, гулхани баланди Сада фурӯзон шуда, мардумон бо нишоти том Садаро ҷашн мегирифтанд. 
Азамати Ҷашни Сада дар аҳди шоҳони Каёнӣ – Луҳросп ва Гуштосп то ҷое будааст, ки бархе гумон намуданд бунёдгузори ин оин эшонанд. Инро мо ҳатто дар навиштаҳои бархе аз олимони асримиёнагӣ, низ мушоҳида мекунем. Шоҳ Луҳросп пас аз Кай Хусрав шоҳи давлати Каёниён гардида,  атрофи шаҳри Балхро девор гирифт ва мардумро аз ҳуҷуми душманон эмин нигоҳ дошт. Ба навиштаи Абулқосим Фирдавсӣ ӯ барои таҷлили ҷашнҳои Меҳргону Сада ва Наврӯз майдону оташкада ва дукону растаҳо кушод. 
Яке шорсоне баровард шоҳ,
Пур аз барзану кӯю бозоргоҳ.
Ба ҳар барзане ҷой Ҷашни Сада,
Ҳама гирд дар гирд оташкада.  
 Ин одати падарро Гуштосп  низ идома дод. Дар замони мавҷудияти давлати Ҳахоманишиҳо (550 – 330 пм) ҳам, мақому манзалати оинҳои ориёӣ хеле баланд буд. Аз рӯи сарчашмаҳои таърихӣ, таҷлили ҷашнҳои миллии мо дар замони ҳукмронии Куруш (550 – 530 пм) ва Дориюши I (522 – 486 пм) ҷилои хосса доштанд. Дар ин давра дар шаҳри Персополис (Тахти Ҷамшед) растаҳо, бозор ва толорҳои барҳавое барои таҷлили ҷашнҳои ниёгон, аз ҷумла Сада, бунёд намуданд. Аз рӯи ривоятҳо, дар Ҷашни Сада  шоҳон бештар эҳсонкорӣ менамуданд.    
Замони ҳукмронии сулолаҳои Ашкониён (247 пм – то 223 мелодӣ) ва Сосониён (224 – 651) ин ҷашнҳо хело густарда таҷлил мешуданд. Дар осори худ олимоне ба мисли Берунӣ ва Имомуддин Закарёи Қазвинӣ маълумотеро низ овардаанд, ки тибқи он бунёдгузори ин ҷашн гӯё асосгузори давлати Сосониён Ардашери Бобакон (224 – 241) бошад. Ба назар чунин мерасад, ки Ардашери Бобакон ҷашнҳои бостониро бошукӯҳ таҷлил менамудааст. Аз ин рӯ, бархе солноманависони вақт ноогоҳона Ардашерро асосгузори ин ҷашнҳо номидаанд. Масъалаи бунёдгузори Ҷашни Сада будани Ардашерро донишманди эронӣ Ҳошим Разӣ дар асараш «Ҷашнҳои Эрони бостон» рад намуда, таъкид намудааст, ки дар ин давра ҷашнҳое ба сони Садаю Меҳргон ва Наврӯз хеле хотирмон баргузор мешудааст.  Ҳамин аст, ки аз он рӯзгор дар иртибот ба таҷлили ин ҷашнҳо баъзе гуфторҳо боқӣ мондаанд.  
Пас аз суқути давлати Сомониён (соли 999), бо таъсири давлатдории онҳо дар муҳити давлатҳои турктабори  Ғазнавиён (963 – 1186), Қарахониён (992 – 1212), Салҷуқиён (1038 – 1190) ва Хоразмшоҳиён (1127 – 1220) ин ҷашнҳо пойбарҷо буд. Исботи ин гуфтаҳо, пеш аз ҳама, дар он аст, ки шоирони ин давра, ба монанди Унсурӣ, Асадии Тӯсӣ, Манучеҳрӣ, Фаррухӣ, Низоми Ганҷавӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва дигарон дар эҷодиёти хеш зиёд аз ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон васф намудаанд. 
Дар ҳамин муддат (асрҳои X-XIV) Ҷашни Сада дар давлатҳои тоҷикитабори Зиёриён, Бувайҳиён, Ғуриён, Исмоилиён, Куртҳои Ҳирот ва Сарбадорони Хуросон, ки дар гӯшаҳои алоҳидаи тоҷикзамин ҳукмронӣ менамуданд, ба қавле минбарнишин буданд. 
Махсусан, дар аҳди Зиёриён (928 – 1044) Сада  қабое тозае ба бар намуд. Дар сарчашмаҳо зикр шудааст, ки асосгузори ин сулола Мардовичи Зиёрӣ Ҷашни Садаро дар канори рӯди Зояндарӯд бо фароҳам овардани ҳамаи шароити ҷашнӣ баргузор намудааст. 
Дар асари «Комил-ут-таворих»-и Ибни Асир доир ба баргузории Ҷашни Сада дар аҳди Зиёриён ва Бувайҳиён маълумотҳо оварда шудааст. Мувофиқи он дар шаҳри Шероз Имомуддавла – намояндаи сулолаи Бувайҳиён Садаро баргузор мекардааст.  
Дар марҳилаҳои баъдинаи таърихӣ анъанаҳои Ҷашни Сада дар байни мардум боқӣ монданд. Масалан, шаби Ялдо, чиллаи калон ва чиллаи хурд, моҳи ҳут, ки ба Сада алоқаманданд дар солшумории мардумӣ ворид шудаю садсолаҳо мардум аз он то ба имрӯз, истифода мекунанд. 
Бештар дар минтақаҳои кӯҳистони тоҷикнишин бо таъсири оинҳои Сада шабнишиниҳо доир мегардиданд. Бояд гуфт, ки чунин шабнишиниҳо, аслан, аз шаби Ялдо ба мерос мондаанд.  Бинобар навиштаи этнографи рус М. Андреев, тоҷикон чунин шабҳоро бо фазлу ҳазл мегузарониданд.  
Ба анъанаҳои Сада наздик дар баъзе мавзеҳои тоҷикнишин оине бо номи ҳут, ки дар аввалҳои моҳи ҳут (номи дувоздаҳуми солшумории шамсӣ, ки ба 20 феврал – 21 март рост меояд) рост меояд, баргузор менамоянд. Этнографи рус Н. А. Кисляков соли 1935 дар деҳаҳои Нурунҷ, Деҳи Баланд, Бедаки Поён, Бедаки Боло, Бедаки Миёна, Қарақӯтан ва Ҷавчӣ, ки дар поёноби дарёи Хингоб ҷойгиранд, пажӯҳиши этнографӣ гузаронда, роҷеъ ба баргузории маросими ҳут ишораҳо намудааст.  
Бо ҳамин роҳ, гузаштагони мо чунин оинҳои инсонсози хешро ҳифз намуда, чун армуғон ба наслҳои имрӯза ҳадия намуданд. Дар замони соҳибистиқлолӣ, мардуми хирадгарои тоҷик зери сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, оинҳои қадимаи худ, аз ҷумла ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргону Садаро, бо ҳама шукӯҳу хосиятҳояш эҳё гардонанд.  
 
Давлатшоҳ МАҲМУДОВ,
омӯзгори факултети таърихи ДДОТ 
ба номи С. Айнӣ,
Ҳасан МАҲМУДОВ,
директори МТМУ № 17-и ноҳияи Варзоб
Санаи нашр: 01.03.2023 №: 46
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив