ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БОЗОР. ҚОИДАҲОИ САНИТАРИЮ ГИГИЕНӢ РИОЯ НАМЕГАРДАНД. ЧАРО?

БОЗОР. ҚОИДАҲОИ САНИТАРИЮ ГИГИЕНӢ РИОЯ НАМЕГАРДАНД. ЧАРО?

20 феврал 2024, Сешанбе
26
0

  
Далели воқеист, ки бозори «Корвон» имрӯз хеле тағйир ёфтаву ба талаботи муосири шаҳрдорӣ мувофиқ мешавад. Таъмири нуқтаҳои фурӯш дар як қисмати бозор ба анҷом расида, дар қабатҳои дигар бомаром идома дорад. Навгонии чашмрас ин аст, ки нуқтаҳои фурӯши молу мавод ба танзим дароварда шуда, ҳар кадоме бо навъи худаш ҷудо ва дар қаторҳои алоҳида муайян гардидааст. Дар ин ҷо фазои зинда ё ба қавле гарми савдо эҳсос мешавад. Ҳама бо руҳияи баланд саргарми коранду бо чеҳраҳои кушод ва эҳтиром ба мардум хизмат мерасонанд. 
Тамошои мо аз дарвози 12-уми бозор оғоз ёфт ва дар ҳар нуқтае, ки қарор гирифтем, таровати навгонӣ эҳсос мешуд. Бо вуҷуди ин, баъзе аз камбудиҳои ҷузъӣ, вале дар айни ҳол хеле муҳим ба мушоҳида расиданд, ки бартараф кардани онҳо нуфузи ин маркази овозадори савдоро метавонад боз ҳам бамаротиб боло барад. Барои мисол, мо худ дидем, ки танҳо фурӯшандагони даромадгоҳи рақами 12 либоси махсуси корӣ дошта, фурӯшандаҳои қисмати дохилии бозор қисман ё, умуман бо либос таъмин нашудаанд. Ин ҳолат дар дигар даромадгоҳҳо низ ба мушоҳида мерасад. Шояд, доштан ва ё надоштани либоси махсуси корӣ дар пасманзари комилан нав шудани бозор барои масъулон чандон масъалаи ҷиддӣ натобад, вале аз ҷиҳати беҳдошт ва санитарӣ, тартибу низоми бозор будани он хеле муҳим аст. Зеро дар акси ҳол, ҳамин як масъалаи ба қавле ҷузъӣ боиси сар задани чанд ҳолати ногувор гашта метавонад: барои мисол, дар аксар вақт фавран муайян кардани он ки кадоме аз одамони дохили мағоза фурӯшанда аст, мушкил эҷод мекунад ва бо такрор садо додани суоли “Ин ҷо савдогар кӣ аст?” маҳз аз набудани либоси корӣ бармеояд. Чунин ҳолат аксар вақт байни фурӯшанда ва харидор нофаҳмиҳоро ба бор меорад.
Набудани либоси ягонаи корӣ дар бозори “Саховат”-и пойтахт низ ба назар мерасад. Ин ҷо дар баъзе нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрока, хусусан маҳсулоти ширӣ, савдогарон пешдоман ва сарпӯш ба бар кардаанд. Вале дар дигар нуқтаҳои бозор ва берун аз он низ тартибу низоми дурусти савдо риоя намешавад. Аз ҳама ҳолати нигаронкунанда ин аст, ки дар нуқтаҳои хӯроки тезтайёр ягон қоидаи санитарию гигиенӣ риоя намегардад. Ҳамин вазъ дар нуқтаҳои хӯроки тезтаёри назди бозори “Корвон” низ  ба чашм расид. Ин ҷо хизматрасонӣ бе истифода аз дастпӯшаку пешдоман, дар маҷмуъ, бе либоси корӣ ва бе риояи қоидаҳои гигиенӣ анҷом дода мешавад. Чунин тарзи муносибат ба кору хизматрасонӣ, агар аз як тараф, ҳусни бозорҳоро коҳидаву ободиҳои онро пушти пардаи доғ пинҳон гузоранд, аз ҷониби дигар, сабаби пайдоиши бемориҳои гуногун миёни сокинон шуда метавонанд, ки, воқеан, ҷойи нигаронист.
Аз ин рӯ, хуб мешуд агар масъулони бозор дар баробари таъмиру навсозии бозорҳо ба масъалаи ба талаботи санитарию гигиенӣ мутобиқ сохтани нуқтаҳои хӯроки тезтайёри назди бозорҳо диққати бештар диҳанд. Шахсан барои ман нофаҳмост, ки чаро онҳо нисбати чунин нуқтаҳои савдо, ки манбаи даромади худи онҳо низ ҳастанд, то ин андоза бепарвоӣ зоҳир мекунанд?!
Бозори  “Меҳргон” баръакси ин гуфтаҳост ва намуна барои бозорҳои дигар мебошад.  Зеро дар ин ҷо тавре мушоҳида кардем, тамоми қоидаҳои санитарию гигиенӣ риоя шуда, савдогарон бо либосҳои махсуси корӣ таъминанд. 
Хуллас, дар бозорҳо, ки тиҷорат ва табодули маҳсулот ҳамарӯза ҷараён дораду садҳо меҳмонони дохиливу хориҷӣ аз он дидан менамоянд, будани либоси ягона ва таъмини тозагӣ хеле муҳим аст. Агар масъулон мехоҳанд, ки саҳмашон дар гул-гулшукуфии пойтахти азизамон чашмрастар бошад, пас имкон доранд то фарорасии Наврӯз, ки ҳамчун ҷашни покиву покизагӣ дар ҷаҳон маъруф аст, ин ва дигар камбудиҳои чашмхарошро дастаҷамъона бартараф созанд. Ё шумо назари дигар доред? 

Руҳафзо МУРОДОВА, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 19.02.2024 №: 35
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив