ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АРТИШИ МИЛЛӢ. СИПАРИ БОЭЪТИМОДЕ, КИ СОЛ БА СОЛ ҚУДРАТИ БЕШТАР КАСБ МЕКУНАД

АРТИШИ МИЛЛӢ. СИПАРИ БОЭЪТИМОДЕ, КИ СОЛ БА СОЛ ҚУДРАТИ БЕШТАР КАСБ МЕКУНАД

23 феврал 2024, Ҷумъа
23
0


“Имрӯз бо ифтихор изҳор менамоем, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ аз уҳдаи иҷрои рисолати таърихии худ дар назди давлат ва халқи Тоҷикистон бо сарбаландӣ баромаданд. Давлат ва мардуми Тоҷикистон дар симои хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳ ҳомиёни боэътимод ва муҳофизони далеру шуҷои марзу буми Ватанро мебинанд. Ман ба ғайрату матонат, далериву шуҷоат ва ҳисси баланди миллии афсарону сарбозони бонангу номуси Ватан бовар дорам ва аз онҳо ифтихор мекунам”.
Эмомалӣ РАҲМОН

Имрӯз аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ба ҳисоб меравад, 31 сол пур шуд. Тавре маълум аст, 18-уми  декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис ёфт. 23 феврали соли 1993, нахустин паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.
Инак, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои таъсисёбӣ то кунун се марҳаларо паси сар намудааст. Марҳалаи аввал, ки, аллакай, сипарӣ шуд, давраи ташкилу фаъол намудани мақомоти ҳарбӣ, қисмҳои низомӣ ва дигар муассисаву идораҳои Қувваҳои Мусаллаҳ буд, ки муваффақона анҷом ёфт. Дуюм, марҳалаи рушду камоли артиш, баланд бардоштани омодагии доимии ҷангӣ ва татбиқу истифодаи таҷрибаҳои пешқадам дар омӯзиши мақомоти идорӣ ва ҳайати шахсӣ аст, ки ҳоло ҳам давом дорад. Давраи асосӣ – ин бунёди навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкиму тақвият бахшидани иқтидори ҷангии онро дар бар мегирад. Илова бар ин, ислоҳоти ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ҳанӯз ҳам идома дорад.
Айни ҳол, дар ҳайати Артиши миллӣ се навъи Қувваҳои Мусаллаҳ – Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Қӯшунҳои хушкигард ва Қӯшунҳои зудамал фаъолият доранд, ки дар ин матлаб роҷеъ ба рисолату уҳдадорӣ ва роҳи тайкардаи онҳо ба таври мухтасар ёдовар мешавем: 

ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОӢ 
Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ, яке аз нахустин неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба шумор рафта, соли 1993 таъсис ёфт ва ҳамсолу ҳамқадами Артиши миллист. Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ бошад, соли 1994 бунёд шудааст. Ин ду навъи қӯшун то соли 2005 дар ҳайати Артиши миллӣ мустақилона амал мекард. Дар натиҷаи ворид намудани ислоҳоти ҳарбӣ ва бо назардошти ҳадафу вазифаҳои ягона, соли 2005 Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ муттаҳид ва ба як навъи қӯшун табдил дода шуданд. 
Айни замон, ҳавопаймову чархболҳои ҷангию нақлиётии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мушакҳои муосири мудофиаи зиддиҳавоии Артиши миллӣ, бо омодагии баланди ҷангӣ аз замин фазои ҷумҳуриро назорат ва аз фазо сарҳадоти заминии кишвар ва марзҳои ҷанубии ИДМ-ро муҳофизат мекунанд

ҚӮШУНҲОИ ХУШКИГАРД
Раёсати Қӯшунҳои хушкигард моҳи июни соли 1997 ташкил ёфта, масъулияти идора намудани дивизияҳо, полку бригадаҳо ва ротаву баталионҳои алоҳидаи низомии ин навъи қӯшунро бар уҳда дорад. Аксари қисмҳои низомии Қӯшунҳои хушкигард, асосан, соли 1993 таъсис ёфта, дар тобеияти сардорони гарнизонҳои ҳарбӣ амал менамуданд. Батадриҷ тамоми неруҳои алоқаманд ба фаъолияти ин навъи қӯшун, аз ҷумла ҳайати шахсии ҷузъу томи пиёданизом, савораи тирандоз, баталиону полкҳо ва бригадаҳои танкиву артиллерӣ, ба ҳайати раёсати Қӯшунҳои хушкигард шомил карда шуданд. Қӯшунҳои хушкигард аз сершумортарин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ маҳсуб ёфта, 70 дарсади шумораи умумии Артиши миллиро ташкил медиҳад. 

ҚӮШУНҲОИ ЗУДАМАЛ
Қӯшунҳои зудамал, аз ҷавонтарин навъи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар маҳсуб ёфта, моҳи сентябри соли 2003 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст. Он дар доираи ислоҳоту навсозӣ дар Артиши миллӣ бе зиёд намудани шумораи умумии Қувваҳои Мусаллаҳ ва аз ҳисоби Бригадаи ҳамлаовари десантӣ-зарбавӣ, Баталиони сулҳҷӯёна, тирандозони кӯҳӣ, қисмҳои низомии таъиноти махсус ва як қатор ҷузъу томҳои фаврӣ бунёд гардидааст.
Аксари қисмҳои низомии Қӯшунҳои зудамал, бахусус Бригадаи ҳамлаовари десантӣ-зарбавӣ, аз ҷумлаи неруҳои эҳтиётии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ маҳсуб ёфта, ҳайати шахсии он аз рӯйи барномаи тақвиятдодашудаи омодагии ҷангӣ ба таълиму тарбия ва машқу тамрин фаро гирифта мешаванд.
Қобили зикр аст, ки ғайр аз ин се навъи қӯшун, инчунин, дар тобеияти Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, қисму воҳидҳои алоҳидаи низомӣ ва муассисаҳои олии таълимии ҳарбӣ низ фаъолият менамоянд. Аз ҷумла, донишкадаву литсейи ҳарбӣ, полки таъминотӣ ва идоракунӣ, полки муҳандисӣ-сапёрӣ, баталиони алоҳидаи ҳифзи радиатсионӣ, химиявӣ ва биологӣ, баталиони сохтмонӣ, госпиталҳои ҳарбӣ, қисмҳои низомии таъминотӣ, кафедраҳои ҳарбии назди донишгоҳу донишкадаҳо, комиссариатҳои ҳарбӣ ва дигар идораҳои низомӣ мебошанд, ки аксари онҳо аз солҳои аввали таъсисёбии Артиши миллии мамлакат ташкил ёфта, вобаста ба хусусияти таъсис ва ҳадафу вазифаҳои таъиноташон уҳдадориҳои махсусан муҳими ҷангиро иҷро мекунанд.
   
САТҲИ ОМОДАГИИ ҶАНГӢ ДАР ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ 
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳтар гардондани шароити моддӣ-техникӣ ва баҳри боз ҳам хубтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ғамхориҳои пайваста зоҳир менамояд. 
Дар доираи нақшаи ягонаи тайёрии ҷангӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳамасола дар тамоми гарнизонҳои ҷумҳурӣ ва дар ҳамоҳангӣ бо масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ё худ қувваҳои эҳтиётӣ ва сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, пайваста ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, маҷмуи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ ва дигар чорабиниҳои муҳими низомӣ ташкилу ба роҳ монда мешаванд, ки ин ҳама, албатта, дар самти тақвият бахшидани омодабошии ҷангии Артиши миллӣ, ҳимояи марзу буми аҷдодӣ мусоидат намудааст. 

ПУРРАГАРДОНИИ САФИ АРТИШ БО АФСАРОНИ КАСБӢ 
Имрӯз сафи Артиши миллӣ, асосан, аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ва академияву омӯзишгоҳҳои олии ҳарбии давлатҳои хориҷи дуру наздик ва ба мо дӯсту ҳампаймон бо афсарони касбӣ пурра гардонда мешаванд. Аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбӣ, ки ҳамасола онро аз рӯйи 18 ихтисос курсантон хатм менамоянд, то ин дам зиёда аз 4 ҳазор афсарони касбӣ ба ҳайати ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа ва дигар сохтору мақомоти қудратии кишвар шомил гардидаанд. 
Тадбирҳои саривақтӣ вобаста ба тайёр намудани мутахассисон дар муассисаҳои олӣ имконият фароҳам овард, ки сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва дигар сохторҳои қудратӣ бо афсарони касбӣ пурра гардонда шаванд. 

ВАЗЪИ ИҶТИМОИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ 
Боиси қаноатмандист, ки аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар ҷиҳати баланд бардоштани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста таваҷҷуҳу ғамхориҳо зоҳир мешавад. Дар низоми қонунгузории мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ” амал мекунад, ки тибқи муқаррароти он ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ба хизматчиёни ҳарбӣ як қатор имтиёзҳо, аз ҷумла пешниҳоди пардохти 50 дарсади маблағ барои истифодаи об, хизматрасонии коммуналӣ, пардохти иҷорапулӣ ба хизматчиёни ҳарбие, ки дар манзилҳои иҷора зиндагӣ мекунанд, ба осоишгоҳҳо равон намудани онҳо, ҷалби фарзандони хизматчиёни ҳарбӣ ба фароғатгоҳҳои кӯдакона, ба табобат ва таъмини дорувории ройгон фаро гирифтан, тақдими хонаҳои истиқоматӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ, ройгон истифода бурдан аз нақлиёти ҷамъиятии дохилишаҳрӣ пешбинӣ шудааст.
Дар баробари имтиёзҳо, ҳамзамон, баланд бардоштани маоши хизматчиёни ҳарбӣ яке аз ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат аст, ки ҳамасола амалӣ карда мешавад. Дар робита ба ин, давоми се соли охир музди меҳнати хизматчиёни ҳарбӣ ба миқдорӣ 90 дарсад зиёд карда шудааст.
Дар ҷавоб ба ин ҳама ғамхориҳо ҳайати роҳбариву фармондеҳӣ ва тамоми хизматчиёни ҳарбӣ омодаанд, то талаботи қонунҳои амалкунанда, амру фармонҳо, дастуру супоришҳо, иқдому ташаббусҳо ва роҳнамоиҳое, ки аз тарафи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди онҳо гузошта мешаванд, бечунучаро, сари вақт ва дар сатҳи баланд иҷро намоянд. 

Шералӣ МИРЗО, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – полковник

Санаи нашр: 23.02.2024 №: 38
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив