ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЪЛОЧИИ МАОРИФИ ХАЛҚ. ПОРАЕ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ ҒУЛОМРАСУЛ АБДУКАРИМОВИ ОМӮЗГОР

АЪЛОЧИИ МАОРИФИ ХАЛҚ. ПОРАЕ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ ҒУЛОМРАСУЛ АБДУКАРИМОВИ ОМӮЗГОР

23 феврал 2024, Ҷумъа
10
0


Мо – чор нафар ҳамсинф соли 1961-ум дабистони рақами 33-и ноҳияи Колхозобод (ҳоло Ҷалолиддини Балхӣ)-ро хатм карда, баъди гирифтани таҳсилоти олӣ ба сифати омӯзгор ба он баргаштем. Самиев Давлат (руҳаш шод бод) аз фанни забон ва адабиёт, Ғаюров Табаралӣ аз фанни физика, ман аз фанни таърих ва чорумӣ Абдукаримов Ғуломрасул, қаҳрамони лавҳа,  аз фанни биология ба насли наврас сабақ медодем. Дере нагузашта мо – се нафар,  ба дигар гӯшаҳои Ватан паҳну парешон шуда бошем ҳам, ин ҷавони қоматбаланди зебочеҳра аз касби дӯстдоштааш даст накашид ва шаст соли умри бобаракаташро ба он бахшид.
Ҳар гоҳе ки бо дӯстам вомехӯрам, ӯ ба ифтихор мегӯяд:
 – Дар мактаб симои асосӣ омӯзгор мебошад. Муаллими бохираду донишманди дилсӯз дар ҳар гуна шароит бояд ба шогирдон сабақи зиндагӣ омӯзонад ва бесабаб Мавлоно Ҷомӣ нагуфтааст:
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.
– Зарифҷон, заҳматам беҳуда нарафт, – идома медиҳад ҳамсинфам. – Шогирдонам дар тамоми гӯшаву канори Ватани соҳибистиқлоламон дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ софдилонаю поквиҷдонона заҳмат мекашанд.
Дар ёд дорам, ки Ғуломрасул аз давраи ба ин касби пурмасъулияту боифтихор шуғл варзиданаш, ҳар рӯз бо ҷузвдони пури китобу дафтар масофаи чор километрро аз деҳаи Комсомол то деҳаи Асадулло қадам зада, субҳи барвақт ба мактаб ҳозир мешуд ва пас аз хотимаи машғулияти босамар ин масофаро бозпас тай намуда, то ними шаб ба дарси оянда тайёрӣ медид.
– Меҳнате, ки омӯзгор мекунад, – бо эҳсос мегӯяд ҳамсуҳбатам, – ягон соҳибпешаи дигар ба сомон расонда наметавонад. Маҳз ба ҳамин хотир, бузурге мефармояд: «Касе, ки дари мактабро мекушояд, дари зиндонро мебандад».
Ба симои нуронии шарикдарси андешагуфторам, ки рӯзҳои наздик ба синни мубораки 80 мерасаду ҳоло давлати пирӣ меронад, нигариста, ба ёд меорам, ки ҳини дар кӯча қадамзанияш мардуми касбу кори гуногун, хурду калони деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо эҳтиром ба ӯ салом медиҳанд, гарчанде дар давраи фаъолияташ ниҳоят  устоди сахтгир буд. Чаро? Зеро ҳама медонистанд, ки ин сахтгирии ӯ ба хотири хубу аъло хондани шогирдон аст.
Ҳар як дарси Абдукаримов самарабахшу судовар ба анҷом мерасид. Фанни биология аз ӯ меҳнати зиёдеро талаб мекард ва талош менамуд, ки шогирдонаш дар озмуну олимпиадаҳо натиҷаҳои хуб ба даст оранд.
– Ба ҳар кору шуғле муҳаббат ва дилбастагӣ надошта бошед, – иброз медорад шогирди ӯ, муовини мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдуҷаббор Абдураҳимзода, – ба мақсаду ҳадаф нахоҳед расид. Устод касбашро бениҳоят дӯст медорад ва ба он арҷ мегузорад. Ҳамин аст, ки миёни мардум соҳибэҳтиром мебошад. Ҳоло низ бо шуъбаи маорифи ноҳия ва гӯшаи методии он ҳамкорӣ намуда, дар машғулиятҳои семинарӣ баромад мекунаду аз таҷрибаи бойи худ ба омӯзгорони ҷавон сабақ меомӯзонад. 
Заҳмати шастсола ва содиқонаву софдилонаи муаллим Ғуломрасул Абдукаримов бо унвони Аълочии маорифи халқ қадр гардидааст. 

Зариф ҒУЛОМ, адиб

Санаи нашр: 23.02.2024 №: 38
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив