ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШОМИ ШАНБЕ

ШОМИ ШАНБЕ

23 феврал 2024, Ҷумъа
30
0

ҲИКМАТИ ЯК ТАСОДУФ
Ҳангоми дар шаҳри Пекин (Чин) будан, шом ба саёҳат баромадам. Мардуми зиёд, роҳҳои бузург, нақлиёти бешумор. Дар чорроҳа чароғаки пиёдагард сурх буд, аммо мошин ба чашм намерасид. Фикри гузаштан ба сарам омад. Як қадам гузоштам, касе аз дастам дошта, ба қафо кашид. Бо ҳайрат нигаристам, пиразанест. Саросема “салом” гуфтам. Ӯ низ салом дода, гуфт: 
– Ба куҷо? 
Фаҳмидам, ки чароғаки сурхро дар назар дорад. Баҳона карда баён намудам: 
– Мебахшед, танҳо хостам вақтро сарфа кунам… 
Табассум карда гуфт: 
– Агар ҳозир қоидаро вайрон мекардӣ, набераҳои ман (ба кӯдакони наздаш буда ишора кард) аз ту меомӯхтанд ва каси дигар аз инҳо, ҳамин тавр, қоидашиканӣ одат мешуд. 
Мани хиҷолатзада ба чашмони кӯдакон менигаристаму онҳо ба ман!
Таҳияи Шаҳноза САБУРОВА



ТӮБИ РЕГБИЕ, КИ ДАРОЗИАШ 6 МЕТР АСТ
Бо хабарҳои охирин ошно шуда, кас ба чунин хулоса меояд, ки мардум барои ба Китоби рекордҳои Гиннес шомил шудан чи корҳои аҷибе намекунанд. Барои мисол, ширкати истеҳсолкунандаи лавозимоти варзишии «Aramis Regby» тӯберо офарид, ки бо он танҳо азимҷуссаҳои афсонавӣ метавонанд регбӣ бозӣ кунанд. 
Дарозии он 597 сантиметрро ташкил дода, қутраш ба 369 сантиметр баробар аст. Ҳангоми рӯнамоӣ маҷбур шуданд, ки тӯбро тавассути чархбол ба шаҳри Молтони Ҷанубии Бритониё баранд. 
Тӯб аз рӯи стандартҳои «бародари хурдиаш» сохта шудааст. Мутахассисонро лозим омад, ки ба ғайр аз ҳисобу китоби дақиқ, вақту заҳмати зиёдеро паси сар намоянд, то ба қавли худашон, ин муъҷизаро биофаранд. 

Таҳияи Кароматулло АТО



ПАНДҲОИ  ШОҲОНИ СПАРТА
Огиселай з-он камонвар сӣ ҳазор,
Тангаи заррин киноят менамуд.
Бо ҳазор афсус шуд аз Осиё,
Осиёро гӯиё дил мерабуд.
                                                    *** 
Касе гуфташ, ки: – Мебинӣ, Сипартӣ,
Ҳамоно хӯи Эронӣ бигирад!
Ҷавобаш дод бо нармӣ, ки: – Ҳаргиз!
Худ Эронӣ Сипартӣ мепазирад.

ДИОНЕСИЙИ КАЛОНӢ
Хосташ, ки то дубора шӯ кунад,
Модари ӯ гарчи хеле пир буд.
Гуфт: – Тонам ҳукми давлат нав кунам,
Лек ҳастӣ кай ба дастам гир буд?!

ФИЛИПП
Ҷои зебое барои бошгоҳ
Гоҳи маҷлис ном бурдӣ чанд кас.
Дигаре рӯи забон овард: – Лек,
Андар он ҷо бар сутурон нест хас.

– Инак, инак, – гуфт он гаҳ шаҳ Филипп,
Зиндагии мо ҳамин асту ҳамон;
Умри худро сарфи сад савдо кунем,
То бувад хуш зиндагонии харон.
Аз китоби “Суҳбати гирди хон”-и Плутар,
мутафаккири Юнони Қадим, ба назм кашида шуд.
Зиё АБДУЛЛО



“НИГОРАҲОИ МАШҲУР АЗ ОСОРХОНАҲОИ ҶАҲОН”
ГУРБАИ ГАЙЕР-АНДЕРСОН
Яке аз тасвирҳои машҳур дар санъати ҷаҳонӣ гурбаи Гайер-Андерсон мебошад, ки  дар Осорхонаи миллии Англия дар шаҳри Лондон, нигаҳдорӣ мешавад. 
Дар Мисри Қадим одамони сарватманд чунин муҷассамаҳоро ба маъбадҳо мебахшиданд, то бо худоёнашон муошират кунанд. Муҷассамаи шево аз металли биринҷӣ сохта шуда, тиллокорӣ ҳам гардидааст. Бино ба андешаи муҳаққиқон, ин муҷассама ба солҳои 600-и пеш аз мелод тааллуқ дорад. Гурбаро ба олиҳаи Баст нисбат медиҳанд, ки он маънои зебоӣ, шодмонӣ, фароғат ва ҳосилхезиро дар Мисри Қадим дошт. Аз рӯйи сарват ва зебоии муҷассама он метавонад ба Фиръавн ё як шахси хеле тавоно ва сарватманд тааллуқ дошта бошад.

Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ


ИНСОФ.  ТАЗОДЕ ДАР РӮЗГОРИ МО
Ҷавонзане бо карруфар аз пиразани фурӯшанда пурсид: “Сатили қулфинай чанд пул аст?”. 
– 120 сомонӣ, – ҷавоб дод пиразан.
– Ман бо 100 сомонӣ мегирам, – гуфт хонуми ҷавон. 
– Майлаш гиред, ба пул ниёз дорам, – бо муҳаббат ҷавоб дод пиразан.
Духтар бо ин нарх қулфинай хариду бо эҳсоси пирӯзӣ рафт. Ба мошини гаронбаҳои худ савор шуда, ҳамроҳи дӯсташ ба тарабхона даромад. Хуб айшу нӯш карданд, ҳисоби хӯроки шом 1300 сомонӣ шуд. Хонумҳо 1500 сомонӣ пардохт карда, бақияи пулро нагирифтанд.
Шояд ин амал барои молики тарабхона як кори одӣ бошад, аммо барои фурӯшандае, ки бо арақи пешонӣ дар фасли сармо қулфинай парвариш кардааст, хеле беадолатона аст. 
Чаро вақте аз ниёзмандон чизе мехарем, бартариамонро нишон медиҳем, вале нисбат ба онҳое, ки ба ёрии мо ниёз надоранд, саховатмандем?

Таҳияи У. САФАРАЛӢ


ДАВЛАТҲОЕ, КИ ЗАНОН БА АРТИШ ДАЪВАТ МЕШАВАНД
Исроил, Кореяи Шимолӣ, Эритрея, Тайван, Чин, Перу, Малайзия ва Бенин давлатҳоеанд, ки занон барои хидмати ҳарбӣ масъулият доранд. Масалан, 33 дарсади сарбозони артиши Исроилро занон ташкил медиҳанд. Муҳлати хизмат барои занон 2 сол ва барои мардон 3 сол муайян гаштааст. Кореяи Шимолӣ, ки яке аз давлатҳои ҳарбикунонидашудаи ҷаҳон ба ҳисоб меравад, занон дар қисмҳои махсуси ҳарбӣ, ки аз мардон ҷудо ҳастанд, хизмат менамоянд. Муҳлати хидмат тулонӣ буда, занону мардон баробар адои хизмат менамоянд.
Инчунин, дар Россия, Фаронса, Британияи Кабир, ИМА, Олмон, Канада, Австралия, Украина, Беларус, Норвегия, Канада, Испания ва Куба бонувон ихтиёран метавонанд ба хизмат сафарбар гарданд.

Таҳияи Лутфияи АБУТОЛИБ


БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
Ситораҳои синамои Амрико Том Хэнкс ва Ҷорҷ Клуниро аксар дӯстдорони кино мешиносанд ва шояд медонанд, ки аввалӣ ду карат барандаи ҷоизаи «Оскар», дуюмӣ соҳиби як «Оскар» ва ду «Глобуси тиллоӣ»-янд. Вале кам касоне огоҳанд, ки ин ду чеҳраи маъруфи ҷаҳонӣ бо ҳам на танҳо хешу табор, балки аз насли шоҳзодаҳоянд. Бале, бовар нокарданист, вале далел аст, ки Клуни ва Том аз авлоди 16-ум Президенти Амрико Авраам Линколн мебошанд.
Аниқтараш, Мэри Энн Сперроу модари момокалони Ҷорҷ Клуни ва  Нэнси Хэнкс модари Авраам Линколн хоҳарони аз як шикаманд, вале бо сабаби падарҷудо буданашон ному насаби онҳо аз ҳам фарқ мекунад. 
Таҳияи С. РАҲМОНЗОДА


МАРДИ ХАСИС

Марди хасисе тамоми сарваташро мефурӯшад ва бо маблағи он тилло харида, дар говсандуқ пинҳон мекунад. Сипас, ҳар рӯз онҳоро хабар гирифта, тагурӯ мекунад. Аз ин кораш яке аз ҳамсояҳо бохабар мешавад. Ҳамсоя рӯзе ба хонаи ӯ даромада, тамоми тиллоҳоро бо худ мебарад.
Рӯзи дигар марди хасис чун ҳамарӯза говсандуқро мекушояд. Тиллоҳоро  дар ҷояш надида, фиғонаш ба фалак мепечад. Гиряву нола мекунад, сару рӯ меканад. Роҳгузаре  ҳолати ӯро дида мепурсад:
– Чӣ ҳодиса рух дод? Чаро ин тавр парешонӣ?
Мард қиссаи тиллоҳоро ба ӯ мегӯяд. Роҳгузар маслиҳат медиҳад: «Аз ин набояд нороҳат шавӣ. Сангеро дар сандуқ бигузор ва фикр кун, ки ҳамааш тиллост. Ту, ки аз он истифода намекунӣ, сангу тилло бароят чӣ фарқе дорад?»                                                                   
                                                               
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР


РУБРИКАИ НАВ
АЗ “КИТОБИ РЕКОРДҲОИ ГИННЕСС”
68 ДОНАИ ГӮГИРД  БА БИНӢ
Питер фон Танген Бусков аз Дания 68 гӯгирдро дар бинии худ часпонда, ба Китоби рекордҳои Гиннесс шомил шуд. Рекордгузори 39-сола бо 23 донаи гӯгирди бештар аз комёбии қаблиаш пеш гузашт.
"Сӯрохиҳои биниам хеле калонанд ва пӯсти чандир дорам, –гуфтааст Танген. – Бовар дорам, ки ба гузоштани рекорд ҳамин хусусиятҳои табииям кумак кардаанд".
Питер мехоҳад дар оянда ин нишондиҳандаашро боз ҳам бештар созад. «Шояд вақте, бо гузашти солҳо, бинии ман калон шавад ва ҷой кардани донаҳои бештари гӯгирд имконпазир гардад», – бо боварӣ иброз доштааст ӯ.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА


НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
САРХУШ 
Дар суд:
– Рафиқ Сидиров, танҳо ба хотири он ки бо пойи худ то мурофиа омада расидед ва бори аввал касеро таҳқир накардед, шуморо на бадмаст, балки сархуш гуфта, ба қайд мегирем.
– Сархуш аз бадмаст чӣ фарқ дорад, рафиқ судя?
– Фарқи калон. Ҳамагӣ 7 шабонарӯз ҳабс мешаведу халос.
– Рафиқ судя, намешавад як ҳафта гуфта, ҳукм кунед?
– О, як ҳафта аз 7 рӯз чӣ фарқ дорад, Сидиров?
– Фарқи калон, рафиқ судя. Занам рақами ҳафтро шунавад, талхакаф мешавад. 

Аз русӣ тарҷимаи Ф. РАҲМОНЗОДА



БА ОЯНДАИ КӮДАК ФИКР КУНЕД
Уилям Шекспир мегӯяд: «Агар рӯзе фарзанддор шавам, беш аз ҳар бозичаи дигар, ба ӯ пуфак мехарам. Он ба кӯдак хеле чизҳоро ёд медиҳад. Ба ӯ ёд медиҳад, ки бояд бузург бошад, аммо сабук, то битавонад болотар биравад. Ба ӯ ёд медиҳад, ки чизҳои дӯстдоштанӣ метавонад дар як лаҳза, ҳатто бидуни ҳеҷ далел аз байн бираванд. Пас набояд ба онҳо вобаста шавад. Ва, муҳимтар аз ҳама, ба ӯ ёд медиҳад, ки вақте чизеро дӯст дорад, набояд он қадар ба он наздик шавад ва фишор оварад, ки роҳи нафас кашиданашро бибандад, чун мумкин аст барои ҳамеша онро аз даст бидиҳад. Ва ин ки агар як нафарро хеле барои худ бузург кунад, дар охир метаркад. Мумкин аст, ки он ба кас осеб низ бирасонад».
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО



НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
«МЕҲНАТДӮСТ»
Дар толори суд:
- Шумо дар як ҳафта 9 амалиёти дуздӣ анҷом додед. Оё ин ғайримумкин нест?
- Ман шабу рӯз кор кардам, рафиқ судя. Тасаввур кунед, агар ҳама мисли ман меҳнатдӯст бошанд, олам гулистон мешавад.
 Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ



ҲАЙРАТОВАРТАРИН  РАФТОРИ ИНСОН…
Аз Афлотун пурсиданд: 
– Ҳайратовартарин рафтори инсон кадом аст? 
Ҷавоб дод: 
– Инсон аз кӯдакӣ орзӯи зудтар калон шуданро мекунад, аммо замоне калон шуд, дилтанги даврони кӯдакӣ мешавад. Аввал барои ҷамъи молу сарват саломатиашро аз даст медиҳад, сипас, барои барқарор кардани саломатӣ дороиашро харҷ мекунад. Тавре зиндагӣ мекунад, ки гӯё ҳаргиз нахоҳад мурд, баъд тавре мемирад, ки гӯё ҳаргиз зиндагӣ накардааст.
Таҳияи Нигина РАҲМОН


ҲАЗЛ
Зани ҷавоне дар боғчаи бачагон кор мекард. Рӯзе ӯ машғули пӯшондани мӯзаҳои писараке буд, вале ҳарчанд кӯшиш мекард,  пойҳои писарак ба мӯза намеғунҷид. Пас, зани ҷавон писарро бағал карда, болои миз шинонд ва дубора кӯшиши пӯшондани мӯзаҳоро кард. Билохира, баъди чандин бор фишор додан мӯзаҳоро ба пойи писарак пӯшонд. Зан аз ҷой бархост ва ҳоло нафаси озод нагирифта буд, ки писарак гуфт: “Мӯзаҳоямро чаппа пӯшондед”.
Зан ночор мӯзаҳоро  аз нав кашида, бо заҳмати зиёд дуруст пӯшонд. 
Писарак гуфт: “Ин мӯзаҳо аз ман нест”.
Зан нигоҳи сард карду гуфт: “Чӣ гӯямат охир?”
Ӯ боз мӯзаҳоро бо азоби зиёд аз пойҳои писар бароварду пурсид: “Ин мӯзаҳои кист? Аз худат канӣ?”
Писар гуфт: “Ин мӯзаҳои бародарам аст, аммо модарам гуфт, ки ҳаминҳоро пӯш, ҳеҷ боке надорад”.
Зан, ки сахт асабонӣ шуда буд, тамоми неруяшро ҷамъ карда,  мӯзаҳоро бори сеюм пӯшонд. Пас, оҳи сабуке кашиду гуфт: “Хуб, акнун  дастпӯшакҳоят канӣ?”.
Писар гуфт: “Дар даруни мӯзаҳоям”...

Таҳияи Руҳафзо МУРОДОВА


ҚАДИМТАРИН ДАРИ ҶАҲОН

Дарҳои биринҷии Пантеони Рим намунаи барҷастаи санъат ва муҳандисии римиён мебошад. Ин яке аз дарҳои калонтарин ва баландтарин дар ҷаҳон буда, то ҳол коршоям ҳам мебошад. Он соли 115 мелодӣ сохта шуда, аз ду қабат иборат аст. Вазни ҳар қабаташ 8,5 тоннаро ташкил медиҳад. Новобаста аз ин, як нафар онро ба осонӣ кушода метавонад. Ин маънои онро дорад, ки дар тарроҳӣ хурдтарин ҷузъиёт ба инобат гирифта шуда, хеле олӣ сохта шудааст. Баландии ҳар қабаташ 7,5 метр буда, бараш ба 2,3 метр баробар аст.
Дар аз ҷониби усто Аполлодороми Димишқӣ ва бо супориши император Траян сохта шудаасту аз якчанд панел иборат мебошад. Дар панелҳо воқеаҳои аслӣ аз ҳаёти бинокори Пантеон – Агриппа тасвир ёфтаанд. 

Таҳияи Наргис АТОЕВА



ХАТАРНОКТАРИН МАВЗЕЪҲОИ САЙЁҲӢ
ИМА 
Кӯҳи Вашингтон 
Дар ин ҷо рекорди ҷаҳонии суръати шамол дар сатҳи Замин ба қайд гирифта шудааст, ки 327 километр/соат аст. Аммо тӯфон нороҳатии ягонаи ин макон нест, ҳарорати ҳаво метавонад то - 40 дараҷа паст шавад ва бориши барфи доимӣ онро хеле хатарнок мекунад.
Сарфи назар аз баландии 1917 метр, он яке аз қуллаҳои хатарноктарин дар ҷаҳон аст. Фақат нотарстарин дӯстдорони варзиши экстремалӣ хоҳиши ба он баромаданро доранд. 
Зимнан, ин кӯҳро "ҷои бадтарин обу ҳаво дар ҷаҳон" низ меноманд. Дар ин ҷо гирдбодҳое ба амал меоянд, ки суръаташон дар як сония бештар аз 103 метр аст.
Кӯҳнавардоне, ки дар чунин гирдоб афтодаанд, имкони наҷотро наёфтаанд. 

Таҳияи Лола РИЗОӢ


ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ РОҶЕЪ БА ПАЙДОИШИ ПОЙАФЗОЛ
* Аввалин маротиб ботинка чанд ҳазор сол пеш пайдо шуд. Намунаҳои қадимае, ки аз ҷониби археологҳо дарёфт шудаанд аз масолеҳи гуногун ба шумули чарм, нахи рустанӣ ва, ҳатто аз чӯб иборат буданд.
* Яке аз намунаҳои қадимии  ботинка дар одами мумиёшудаи давраи яхбандӣ маъруф ба Падарон пайдо гардида буд.
*  Пошнаҳо нахустин бор дар миёни мардони аврупоии асрҳои ХVI-XVII маъруф  шуданд. Дар аввал онҳо барои пойро дар рикоб устувор мондан ҳангоми аспсаворӣ истифода мешуданд. 
*Дар тули таърих брендҳои машҳуре, ба монанди  Dr. Martens,  Timber  Lend ва Manolo Blahnik дар олами ботинкаҳо мӯд шуда, ҳамчун намуна шуҳрат пайдо карданд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ



ҲИФЗИ ПИРЯХҲО – ҲИФЗИ ҲАЁТ
ПИРЯХИ АЛЕТЧ
Пиряхи Алетч калонтарин пиряхи қаторкӯҳҳои Алп буда, масоҳати 86,63 км2 (то соли 1973) ва бо назардошти масоҳати чор ҳавзаи Фирн, ки онро ғизо медиҳанд, тақрибан 117,6 км 2 мебошад.
Пирях бо он ҷолиби диққат аст, ки аз нишебиҳо ба водӣ фаромада, дараеро ба вуҷуд меоварад, ки то андозае ба роҳи сунъӣ монанд аст.
Дарозии умумии пиряхи Алетч тақрибан 24 километрро ташкил медиҳад.
Моҳи декабри соли 2001 пиряхи бузурги Алетч ба Рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ҳамчун як қисми минтақаи Юнгфрау – Алетч Бичхорн дохил шуд.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК



ФАКТҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ИНСОН
1. Инсон ҳангоми табассум кардан  аз 17 ва ҳангоми ғазабнок гардидан аз 43 мушак истифода мекунад.
2. Вақте ки шумо сурх мешавед, меъдаатон низ сурх мешавад.
3. Дар айёми 4 – солагӣ кӯдак дар як рӯз қариб 450 савол медиҳад.
4. Дар охири умр инсон тахминан 150 миллион бит маълумотро ба хотир мегирад.
5. Инсон ягона мавҷудотест, ки ба пушт хоб мекунад.
6. Ягона организми инсон, ки хусусияти барқароршавӣ надорад, дандон аст.
Таҳияи Басона САТТОРЗОДА



ЧАНД МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ САГ
Агар чашмони саг баста ва ё нобино шуда бошад ҳам, соҳибашро бехато аз байни ҳазорон нафар мешиносаду меёбад.
* * *
Дар ҷабҳаҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон 70 ҳазор саг иштирок кардааст.
* * *
Инсон метавонад, ки дар як вақт ду намуди бӯйро эҳсос кунад, аммо сагҳо дар як вақт 20 намуди онро фарқ мекунанд.
* * *
Сагро бори аввал 40 ҳазор сол пеш шикорчиёни соҳили дарёи Янсизии Чин ром кардаанд.
* * *
Дар Англия қонун буридани гӯшу думи сагро манъ кардааст.
* * *
Сагҳои чанакаш чунон боқувватанд, ки то ду шабонарӯз дам нагирифта, ҳаракат мекунанд.

Таҳияи Дарвеш ҚУРБОН

Санаи нашр: 23.02.2024 №: 38
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив