ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. МАКТАБИ МАРДОНАГИЕ, КИ ҶАВОНОНРО ДАРСИ ҲАЁТ МЕОМӮЗАД

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. МАКТАБИ МАРДОНАГИЕ, КИ ҶАВОНОНРО ДАРСИ ҲАЁТ МЕОМӮЗАД

27 феврал 2024, Сешанбе
19
0


Вақте вориди яке аз баталионҳои қисми ҳарбии “Н”-и Гвардияи миллӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шудем, иттифоқан, дар саҳни он мусобиқаи варзишӣ ҷараён дошт. Файзалӣ Ғуломзода, муовини командири баталион оид ба тайёрии ҷангӣ хабар дод, ки мусобиқаи варзиширо ба истиқболи 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карданд. Мусобиқа ҳанӯз санаи 17-уми феврал шуруъ гардида, аксари сарбозон ба ин ё он намуди варзиш машғуланд, ки ин шавқу рағбат маҳз ҳангоми хидмати ҳарбӣ дар онҳо пайдо шудааст. 
Тӯлқин Қулмуродов яке аз сарбозонест, ки ба вазнбардориву давидан машғул аст. Ӯ мегӯяд, ба туфайли хидмати ҳарбӣ маҳорати варзишии худро такмил дод. Дар чандин мусобиқаи варзишӣ, ки миёни сохторҳои Вазорати мудофиа гузашт, Тӯлқин баталионро намояндагӣ карда, ғолиб омад.  
- Маҳз шароити хубу замонавӣ имкон фароҳам овард, ки маҳорати варзишии худро сайқал диҳам, ки аз ин хеле қаноатмандам. Дар оянда мехоҳам варзишгари касбӣ шавам, - бо ифтихор мегӯяд Тӯлқин.  
Тибқи иттилои Файзалӣ Ғуломзода, дар баробари гузарондани машқҳои тайёрӣ-ҷангӣ ба ташкили мусобиқаҳо, машқи ҷисмонии сарбозон эътибори махсус медиҳанд. Ин аст, ки сарбозон ҷисман обутобёфта, солим ва далеру шуҷоанд. 
- Ба  ғайр аз он, ки хидмат дар сафи артиш мактаби мардонагист, инчунин, ба тарбияи ватандӯстиву хештаншиносии ҷавонон низ таъсири мусбат мерасонад, - мегӯяд Давлатшо Мардоншоев, муовини командири баталион оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ. Ба таъкиди нобурда, ҳафтае се соат барои сарбозон дарсҳои тайёрии ҷамъиятӣ-давлатӣ мегузаронанд. Ин дарсҳо имкон медиҳанд, ки сарбозон донишҳои сиёсиву ҳуқуқии хешро баланд бардошта, ба ҳаёти ҷамъиятӣ омода шаванд. Дар баталион китобхона мавҷуд аст, ки мувофиқи реҷаи махсус ва дар соатҳои муайян афсарону сарбозон ба мутолааи асарҳои гуногун машғул мешаванд. Ин тадбирҳо барои баланд бардоштани маънавиёти ҳайати шахсӣ нигаронда шуда, дар зиндагии минбаъдаашон низ ба кор меоянд.
- Ҳар ҷавоне, ки имрӯз хидмати ҳарбиро адо мекунад, мактаби мардонагиву маърифатро аз худ карда, дар зиндагиаш ба мушкил рӯ ба рӯ намешавад, - хулоса мекунанд хидматчиёни баталиони зудамали Гвардияи миллӣ.
Ба Тӯлқин Қулмуродов чанде пеш барои хидмати намунавӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дастовардҳояш дар мусобиқаҳои варзишӣ рутбаи сержант доданд. Ӯ тасмим дорад, ки баъд аз адои хидмат ба Донишкадаи ҳарбӣ дохил шуда, минбаъд чун афсар хидматро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ идома диҳад. 
Ба гуфтаи Толиб Файззода,   муовини аввали командири баталион имрӯз дар ҳамаи қисмҳои низомӣ барои рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон имконият ва шароити васеъ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дар баталиони зудамали қисми ҳарбии “Н”-и Гвардияи миллӣ шароити хуби маишӣ, машқу тамрин ва омӯзиш муҳайё аст. Муҳимтар аз ҳама, рафоқати низомӣ побарҷост ва сарбозон бо ҳам чун бародар муносибат мекунанд. 
Абдулло Бобиев, сержанти гвардия мегӯяд, давоми як солу 11 моҳи хидмати сипарикардааш ба танқисие дучор нашудааст ё озоре надидааст. Ӯ хушҳол аз он аст, ки ба шарофати хизмати сарбозӣ аз гӯшаву канори гуногуни кишвар дӯстони зиёд пайдо намуда, рутбаи сержантиро низ ба даст овардааст. 

Бобоҷон ҚУРБОНОВ,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 26.02.2024 №: 39
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив