ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА ВА ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА ВА ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

29 феврал 2024, Панҷшанбе
33
0

 
28-уми феврал  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар Вазорати мудофиа ва Қувваҳои Мусаллаҳ таъингардидаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Бобозода аз вазифаи фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуда, ба ин вазифа Сафарализода Раҳмоналӣ таъин гардид.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Ҷамшед Сафар – муовини вазири мудофиа оид ба тайёрии ҷангӣ, Носирзода Одил Раҳмон – муовини вазири мудофиа оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, Раҳимзода Музаффар Анвар – муовини вазири мудофиа оид ба корҳои сиёсӣ ва тарбиявӣ ва Саидзода Бобоҷон Абдуқодир – муовини вазири мудофиа оид ба ақибгоҳ ва Шоҳиён Абдусаттор сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Собирзода Шамсиддин Маъруф – фармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоирзода Дилшод Амон – муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд.
Ҳамчунин, ба вазифаҳои муовини аввал ва муовини сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони як қатор раёсату хадамоти Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, командирони баъзе қисмҳои ҳарбӣ, комиссарони ҳарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди созмонҳои байналмилалӣ ва дар назди сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якчанд кишвари хориҷӣ кадрҳои соҳибтахассуси ботаҷриба ва ҷавону корозмуда таъин гардиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат аз вазъи ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, афзоиши хатару таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ ва дигар равандҳои пешгӯинашавандаи ҷаҳони имрӯза ёдовар шуда, шахсони ба вазифаҳои пурмасъулият таъиншуда ва ҳамаи ҳомиёни оромиву осоиши Тоҷикистони азизро ба хизмати содиқонаю софдилона ба Ватан ва мардуми шарифи Тоҷикистон, тарбияи ҳисси баланди ватандӯстӣ, ҳушёрию далерӣ ва фидокорӣ дар вуҷуди муҳофизони Ватан, баланд бардоштани омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ва дар маҷмуъ ба таҳкиму тақвияти қудрати мудофиавии кишвар даъват намуданд.
Бо ишора ба пешрафти бесобиқаи техникаю технологияҳои ҳарбию иктишофии муосир бори дигар таъкид гардид, ки хизматчиёни ҳарбӣ ва бахусус ҳайатҳои роҳбарию фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳ, бояд ба омӯзиши амиқи ду забони хориҷӣ баробари забони модарӣ ва аз худ кардани техникаю технологияи муосири ҳарбию иттилоотӣ диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Санаи нашр: 29.02.2024 №: 42
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив