ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СУҒД.  ҚАРИБ 45 ҲАЗОР ГЕКТАР ЗАМИН  ЯХОБ МОНДА ШУД

СУҒД.  ҚАРИБ 45 ҲАЗОР ГЕКТАР ЗАМИН  ЯХОБ МОНДА ШУД

29 феврал 2024, Панҷшанбе
11
0


Дар кишвар, аз ҷумла дар минтақаҳои вилояти Суғд, давоми ҳафтаи ҷорӣ ҳаво сард гардида, барфи зиёд борид. Дар шимоли кишвар, ба истиснои навоҳии кӯҳистон, чунин бориши зиёди барфро давоми чанд соли охир ба қайд нагирифта буданд. Зимистони имсола, ки аз ибтидо  гарм омад, боис шуд, ки дар баъзе минтақаҳо дарахтон ба бедоршавӣ оғоз кунанд. Олимони Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории вилояти Суғд мегӯянд, ки сардшавии якбораи ҳаво ва барф ин равандро пешгирӣ намуд. Онҳо таъкид мекунанд, ки бориш ва сардӣ дар чунин рӯзҳо ба манфиати кори кишоварзон буда, намнокии заминҳои киштро афзун ва ҳашароти зарароварро нобуд месозад. Аммо тадбири боз ҳам муҳимтари агротехникӣ дар ин рӯзҳо яхобмонӣ дониста мешавад. 
Кишоварзон мегӯянд, ки яхобмонӣ дар заминҳои кишоварзӣ ва боғу токзор ба афзун шудани ҳосилнокӣ замина  гузошта,  захираи оби ояндаро таъмин мекунад. Яъне, дар сурати 1-2 маротиба яхоб мондан, дар фасли киштукор кишоварзон метавонанд чаҳор маротиба миқдори обмониро кам намоянд. 
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иттилоъ доданд, барои самаранок истифода бурдани фурсат ва яхобмонӣ дар киштзору боғ ва токзорҳо ситоди махсус ташкил намудаанд. Ин ситод раванди корро назорат карда, ҷиҳати таъмини заминҳои кишоварзӣ бо об тадбир меҷӯяд. 
Бино ба маълумоти сардори шуъбаи рустанипарварии сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Абдуҳаким Қаландаров дар вилоят дар майдони зиёда аз 225 ҳазор гектар кишт хоҳанд гузаронд. Манбаи обёрии ин заминҳои кишт ва боғу токзорҳо дарё ва каналу кӯлҳо мебошанд. Яхобро одатан аз обҳои худҷорӣ мегузоранд, ки бинобар боришоти зиёди рӯзҳои охир зиёд гардидааст. 
Дар ҳамин ҳол, масъулон тадбири агротехникии яхобмониро як роҳи муҳими самаранок истифода бурдани об дар фасли киштукор меҳисобанд. Ба таҳлилу хулосаи онҳо яхобмонӣ, ки намии заминро меафзояд, дар мавсими кишт талабот ба обёриро кам мекунад. Аҳамияти яхобро кишоварзону боғдорони вилоят хуб дарк намуда, бо истифода аз фурсат ва имконият ин кори муфид ва муҳими агротехникиро ба сомон мерасонанд. 
Ба гуфтаи Абдуҳаким Қаландаров, то имрӯз қариб 45 ҳазор гектар замин яхоб монда шудааст. Аз ин 18108 гектар замини кушод, 23146 гектар боғ ва 3570 гектарро токзор ташкил медиҳад. 
Ба қавли мутахассисон, яхобмонӣ ҳам меъёри худро дорад ва бояд вобаста ба хусусияти замин сурат гирад. Масалан, дар заминҳое, ки шӯриашон баланд аст ва ё мавзеъҳои камоб бештар бояд яхоб монд. Аммо дар заминҳои муқаррарӣ мувофиқи дастури агрономҳо бояд амал кард, зеро намнокии зиёд ба замин зарар ҳам мерасонад. 
 
Бобоҷон ҚУРБОНОВ, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 29.02.2024 №: 42
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив