ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НИҲОЛШИНОНӢ.  БА ТАБИАТ ЧУН БА ХОНАИ ХУД МУНОСИБАТ КУНЕМ!

НИҲОЛШИНОНӢ.  БА ТАБИАТ ЧУН БА ХОНАИ ХУД МУНОСИБАТ КУНЕМ!

29 феврал 2024, Панҷшанбе
27
0

 
Як дарахти баркамол дар як сол ба ҳисоби миёна 120 килограмм оксиген хориҷ менамояд, ки ин барои як оилаи иборат аз се нафар кифоя аст, аммо, мутаассифона, дар саҳни биноҳои баландошёна шинондани якчанд дарахт барои тоза нигоҳ доштани боду ҳаво камӣ мекунад. Дарахтон аз бисёр ҷиҳат ба инсон ва муҳити зист манфиатоваранд. Онҳо табиатро аз мушкилоти зиёд эмин нигоҳ медоранд: пешгирӣ аз эрозия ва шусташавии заминҳо, ҳамчунин, пешгирӣ аз хушксолӣ ва биёбоншавӣ ба шинондани дарахтону бунёди ҷангалзорҳо рабт дорад. 

Мувофиқи маълумоти Кумитаи ҳифзи муҳити зист, дар мавсими ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунии тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 дар ҷумҳурӣ 1 миллиону 722 ҳазору 190 бех ниҳол шинонда шудааст. Аммо, тавре мушоҳида мешавад, аз шумораи  умумии ниҳолҳои шинондашуда як миқдори муайяни онҳо мехушканд. Чунин ҳолат дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Бохтар, Вахш, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Носири Хусрав, Панҷ, Дустӣ, Қубодиён, Шаҳритус, Ҷомӣ, Хуросон, Левакант, Ёвон, Восеъ, Фархор ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба қайд гирифта шудааст. 
Абдуҷаббор Юсуфзода, директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, изҳор дошт, ки шинондани дарахтон дар ҳудуди заминҳои ҷангал бисёр муҳим буда, имсол дар майдони 2542,4 гектар бунёду барқарорсозии ҷангал гузаронда шуд. Дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 аз майдони умумии ниҳолҳои шинондашуда ҳамагӣ 69 дарсади ниҳолҳо сабзида, 31 дарсад хушк гардиданд. Дар баъзе ҷойҳо, аз ҷумла минтақаи Бохтар, аз ин зиёд хушкшавии дарахтон ба назар мерасад. Ноҳияҳои Носири Хусрав ва Шаҳритус низ истисно нестанд. 
Масъулони бахши ҳифзи муҳити зисти минтақаи Бохтар, бар он назаранд, ки сабаби асосии хушкшавии дарахтон, пеш аз ҳама, хунукназарии масъулон – идораи коммуналӣ ва таъмири роҳҳо, роҳбарони ҷамоатҳои деҳот ва маҳаллаҳо, ҳамчунин, муассисаҳои тандурустӣ, маориф мебошад, ки ҳифз ва нигоҳубини ниҳолҳо ба зиммаи онҳост. Ин аст, ки дар минтақаи Бохтар дар давраи тирамоҳу баҳори солҳои 2022-2023 бист ҳолати зарар ба муҳити зист ва 67 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба қайд гирифта шудааст.
Зарафо Қиёмзода муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, дар робита ба ин чунин гуфт:
– Чанд омили таъсири инсон ба табиат мавҷуд буда, олами набототу ҳайвонотро ҳамаҷониба тағйир медиҳад. Дар хусуси шинондан ва нигоҳубини дарахтон инро гуфтан мумкин аст, ки гарм омадани боду ҳаво дар чанд даҳсолаи охир ва дуруст нигоҳубин нашудани дарахтон боиси баъзан хушк гаштани онҳо мешавад. Дар баробари Кумитаи ҳифзи муҳити зист, инчунин, мақомоти дигари танзимкунанда, хусусан мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, идораи коммуналӣ ва таъмири роҳҳо ҳастанд, ки мо бояд якҷоя барои ҳифзи олами наботот ва бартараф сохтани ҳолатҳои ногувори таъсир ба муҳити зист кӯшиш намоем. 

 
Тавре маълум аст, дар ҷумҳурӣ ҳамасола дарахтони ҳамешасабз, сояафкан ва ороишӣ, ҳамчунин, ниҳолҳои нодири ороишӣ, ки аз хориҷи кишвар меоранд, шинонда мешаванд. Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҳамчун мақомоти назоратӣ назорати шинондани дарахтонро анҷом дода, ҳар сол инвентаризатсия, яъне баҳисобгирии сабзиши онҳоро мегузаронад. Тибқи маълумот, ҳамасола дар ҳудуди мамлакат аз 8 то 12 дарсади ниҳолҳо мехушканд, ки ин ҳолати табиист. Вале дар дигар ҳолатҳо ташкилоту идораҳои болозикре, ки нигоҳубини дарахтонро ба уҳда доранд, бояд бештар масъулият эҳсос намоянд. Махсусан, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва идораи роҳҳо дар раванди бунёду азнавсозӣ ва истифодаи роҳҳо аз рӯйи принсипҳои “иқтисоди сабз” амал намуда, кабудизоркунии шафати роҳҳоро таъмин намоянд. Дар доираи Барномаи мушаххаси давлатии кабудизоркунӣ, ки алҳол таҳия шуда истодааст, дар панҷ давра беш аз 10 миллион дарахт шинонда мешавад. Ин як Барномаи мукаммале хоҳад буд, ки умед аст, дар он аҳолӣ ва ҳамаи сохторҳои дахлдор якҷоя бо ҳисси баланди масъулият саҳм мегузоранд.
Cаидалӣ Гулов, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, чанд омили хушкшавии ниҳолу дарахтонро гуфт ва барои сабзондани ниҳолҳо чанд пешниҳод намуд.
Аз ҷумла, ӯ изҳор дошт, ки  аз ҳисоби вайрон гардидани парвариши ниҳол ва риоя нашудани қоидаҳои агротехникӣ дарахтон хуб инкишоф намеёбанд. Аз ин рӯ, барои парвариши ниҳол, пеш аз ҳама, мувозинати дуруст шинондани ниҳол риоя карда шавад:  чуқурии кандашуда бояд ду маротиба аз ҳаҷми реша калон бошад.  Баъд аз шинондани ниҳол гирду атрофи он бо пору ва хошок дар баландии аз 10 то 15 сантиметр  рӯпӯш карда шавад, зеро дар аксар маврид ҳангоми кушода шудани атрофи решаи дарахтон гармӣ ба зери реша меравад ва онҳо хушк мешаванд. Асоси сабзиши ниҳол намӣ буда, он барои нашъунамои ниҳол бояд доимо таъмин бошад. 
 Албатта, хушкшавии табиии ниҳолҳо мавҷуд буда, он аз 8 то 10 фоизро ташкил медиҳад. Вале дар сурати риояи  агротехникаи хуби парвариши  ниҳолҳои ороишӣ, сояафкан ва мевадиҳанда сабзиши  пурраи онҳоро дар боғу кӯчаю хиёбонҳо таъмин намудан мумкин аст.

Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 29.02.2024 №: 42
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив