ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РАШТ. ҚАДАМҲОИ ТОЗА ДАР МАСИРИ РУШД

РАШТ. ҚАДАМҲОИ ТОЗА ДАР МАСИРИ РУШД

04 март 2024, Душанбе
10
0


– Ноҳияи Рашт бо дастгириҳои ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар давоми солҳои охир ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад. Таҳлили натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия гувоҳи он аст, ки меҳнаткашони он дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, ҷиҳати ноил шудан ба  нишондиҳандаҳои назаррас саъю талош менамоянд, – иброз дошт Идизода Зарина Фузайлшо, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт, зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзнома. Ӯ афзуд, ки сокинони ноҳия дастаҷамъона кӯшиш доранд, то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоянд.
Ба гуфтаи ӯ, барои ноил гардидан ба ҳадафҳои созанда дар давоми панҷ соли оянда ва бо мақсади вусъати корҳои ободонию созандагӣ, махсусан дар деҳот, бо назардошти афзоиши аҳолӣ, зиёд шудани талабот ба бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва манзилҳои истиқоматӣ, ба тариқи ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ бартараф намудани мушкилоту камбудиҳо ва дар ин замина афзудани эъмори иншоотҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба 275-то расонда шуд.
Аз шумораи иншоотҳои зикргардида солҳои 2022-2023-юм 125 иншооти таъиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифт, ки 45 фоизи шумораи умумии иншооти ҷашниро дар бар мегирад. Аз 125 иншооти баистифодадодашуда 96 иншоот аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ, 6 иншоот аз ҳисоби буҷети ноҳия ва саҳмгузории аҳолӣ, 17 иншоот аз ҳисоби шарикони рушд ва як иншоот аз ҳисоби ташкилоту идораҳои ҷумҳуриявӣ мебошанд. Дар 106 иншооти дигар корҳои ободонӣ  идома дошта, дар муҳлати муқарраргардида ба истифода  супурда  мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки саҳми соҳибкорон ва аҳолии ноҳия дар иҷрои корҳои созандагӣ назаррас буда, тибқи нақша, аз шумораи умумии 275 иншоот 228 иншооти таъиноти гуногун аз ҷониби бахши хусусӣ сохта мешавад, ки 83 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Соли 2023 ҳаҷми корҳои сохтмонии иҷрошуда 59 миллиону 28 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022-юм  27  миллиону 598  ҳазор сомонӣ ё  88 фоиз  зиёд  мебошад. Сохтмони иншоот дар маркази ноҳия, тибқи нақшаи генералӣ, бо назардошти биноҳои истиқоматии баландошёна  роҳандозӣ мешавад. Айни замон дар маркази ноҳия сохтмони  шаш бинои баландошёна идома дошта, дар оянда низ, тибқи нақшаи генералии шаҳраки Ғарм, ин иқдом марҳала ба марҳала амалӣ мешавад.
Рашт ноҳияи аграрист, аз ин рӯ, ба рушди соҳаи кишоварзӣ ҳамвора аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир мегардад. Соли 2023 дар ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 799 миллиону 675  ҳазор  сомониро ташкил намуд, ки назар ба соли 2022-юм 60  миллиону 228 ҳазор сомонӣ   беш аст.
Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми истеҳсоли картошка 61115 тоннаро ташкил медиҳад, ки назар ба соли 2022-юм 8045 тонна зиёд, мева 34720 тонна,1370 тонна  зиёд, сабзавот 12941 тонна, 2731 тонна зиёд, гӯшт 4529 тонна, 343,5 тонна зиёд, шир 19534 тонна, 1153  тонна зиёд, тухми мурғ 10 миллиону 10  ҳазор дона, 100  ҳазор дона зиёд ва асал 538 тонна, 13,5  тонна зиёд мебошад.
Аз ҷониби кишоварзони ноҳия соли 2023-юм дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 2281 гектар кишти ғалладонагӣ, зиёда аз 3414 гектар картошка, 635 гектар сабзавот ва 357 гектар зироатҳои равғандор гузаронда шуд, ки нисбат ба  нақша зиёд аст. Нақшаи кишти картошка дар сохтори кишоварзии ноҳия 1500  гектарро ташкил дода, кишоварзон дар майдони зиёда аз 1570 гектар кишти картошка гузаронданд, ки 104,7 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Аз ҷониби аҳолӣ бошад, дар майдони 1844 гектар кишти картошка гузаронда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 104 гектар зиёд аст.
Майдони боғот дар  ноҳия 5173 гектар буда, аз он 4914 гектараш боғҳои ҳосилдеҳ   мебошанд. Бунёди боғҳои нав соли гузашта дар майдони  17,5 гектар ба нақша гирифта шуда буд, ки пурра иҷро гардид.
Дар ноҳия шумораи чорвои калони шохдор 103999, чорвои майда 268596, паранда 129612, асп 2188 сар, занбӯри асал 23201 оиларо ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта чорвои калони шохдор 5875 сар, моли майда 33560, паранда 8887, асп  291 сар ва занбӯри асал 915  оила зиёд мебошад.
Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба КВД “Хизматрасонии нақлиётӣ” автобуси хурди мусофиркашонӣ харида шуд, ки ҷиҳати хубтар намудани сатҳу сифати хизмати мусофиркашонӣ ба аҳолӣ мусоидат менамояд.
Аз ҷониби соҳибкорон ва аҳолии ноҳия ба масъалаи беҳгардонии сатҳу сифати роҳҳои автомобилгард аҳамияти хосса зоҳир мегардад.   Соли сипаришуда зиёда аз 17 км роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ ва мумфарш шуда, дар шафаташон новаҳои обпарто насб гардиданд. Инчунин,  24 км роҳҳо таъмири асосӣ ва сангфарш  шуданд.
– Ҳамин тавр, ноҳияи Рашт  туфайли дастгириҳои Пешвои миллат ва саъю талоши сокинони меҳнатдӯст ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад. Мо имсол ният дорем, ки бунёди корхонаҳои истеҳсолиро дар ноҳия равнақ дода, аз ҳисоби корхонаҳои  дӯзандагии дар ҳудуди ноҳиябуда хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияро бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин намоем ва бештар занони хонашинро бо ҷойи кори доимӣ таъмин созем, – иброз дошт Зарина Идизода.

Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 04.03.2024 №: 44
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив