ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДАРВОЗ. ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛ ТАНТАНА ХОҲАД ДОШТ

ДАРВОЗ. ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛ ТАНТАНА ХОҲАД ДОШТ

04 март 2024, Душанбе
19
0


Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Дарвоз Умедҷон Носирзода дар суҳбат иброз дошт, ки  сокинони заҳматкаши ноҳия аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ менамоянд. Ҳамзамон, мардуми ноҳия аз ҷараёни бомаром ва густурдаи  амалҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ, пеш аз ҳама, рафти навсозии қитъаи шоҳроҳи Қалъаихумб – Ванҷ – даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон, ки зиёда аз 65 километри он аз ҳудуди  ноҳия мегузарад, инчунин, симои нав гирифтани маркази ноҳия, мумфаршу чароғон гаштани роҳу кӯчаҳои шаҳраки  Қалъаихумб ва рушди бомароми деҳот изҳори қаноатмандӣ мекунанд.  
Дар ноҳия аз деҳаҳои Яхчи Миёна ва Яхчисори деҳоти Нулванд  сар карда, то  деҳоти дурдаст ва баландкӯҳи Сағирдашт ва Вишхарв  ба истиқболи  35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ корҳои зиёде ба ҷо оварда  мешаванд. 
Дар пиёдасозии чор   ҳадафи стратегӣ як қатор корҳои шоёни таҳсин роҳандозӣ гардида, ноҳия дар роҳи рушди устувор  қарор гирифтааст. Дар ин хусус овардани якчанд мисол аз ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ дар ин минтақаи вилоят басанда аст. Пеш аз ҳама,  ба дурдасттарин  деҳаҳои  баландкӯҳ, аз ҷумла Гишун, Хост, Дараи Висхарв, Пошхарв, дар маҷмуъ, 52, деҳа роҳи мошингард сохта шуд. Ҳамчунин, бунёди пулҳои нақлиётгузар дар ҳудуди чор деҳот аз болои дарёҳои Хингову Хумбов ва рӯдхонаҳои кӯҳӣ маҳз натиҷаи файзу баракати даврони  соҳибистиқлолии кишвар  мебошад. Зикр бояд кард, ки бо дастгириҳои Пешвои муаззами миллат дар ноҳияи Дарвоз боз се пули мошингузар дар қитъаи шоҳроҳи Яхчисор – Қалъаихумб  бунёд гардид. Имрӯзҳо сохтмони пул аз болои дарёи Хумбов ва Висхарвоб дар қитъаи шоҳроҳи Қалъаихумб – Ванҷ – даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон оғоз шудааст. Ҳоло дар ноҳияи Дарвоз деҳа ва ё макони аҳолинишине нест, ки роҳи мошингард  ва пулҳои нақлиётгузар надошта бошад.
Дар раванди ҳадафи сеюм – таъмини   амнияти озуқаворӣ, дар ноҳия  вазифаҳои бамиёнгузоштаи Роҳбари давлат пурра   ба ҷо оварда шуданд. Дар ин давра, аллакай, садҳо гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид гардиданд. Дашти Луч дар ҳудуди деҳоти Қалъаихумб, ки қариб 400 гектар майдони киштбоб дорад, обёрӣ мешавад ва дар дашти 120-гектараи Ёвони водии Нулванд азхудкунии заминҳои нав идома дошта, боғҳои интенсивӣ бунёд меёбанд. Муҳимтар аз ҳама, боғҳо ва киштаҳои  зиёде  то  наздикии ағбаи Хобу Рубот бунёд шудаанд. Себу нок, зардолу ва туту мавиз,  инчунин,   лимӯ ва анору анҷири   ин минтақаи пурнеъмат  берун аз кишвар низ овозадор аст.
Умедҷон Носирзода иброз дошт, ки  дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар  иҷрои ҳадафи чоруми стратегии  Ҳукумати кишвар – саноатикунонии босуръати мамлакат, дар Дарвоз як қатор корҳо  роҳандозӣ гардида, корхонаҳои коркарди сангҳои қиматбаҳо дар маркази ноҳия, истихроҷи  тилло дар водии Вахё, дӯзандагии “Меҳри модар” дар маҳаллаи Умараки шаҳраки Қалъаихумб, коркарди меваҳои ситрусӣ ва асал дар мавзеи Дуробак фаъолияти густурда доранд.
Сардори давлат зимни суханрониашон миёни роҳбарон ва фаъолони  ноҳия иброз доштанд, ки дар ноҳияи Дарвоз низ дар доираи омодагиҳо ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чандин корхонаҳои саноатӣ бунёд мегарданд. Оғози  сохтмони чанд коргоҳ ба нақша гирифта шудааст. Тибқи нақша-чорабиниҳо, ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия зиёда аз 120 иншоот бунёд хоҳад ёфт.
Пешвои муаззами миллат Дарвозро зодгоҳи адибон, олимон ва санъаткорони машҳур донистанд. Мардуми ин диёр бо нобиғаҳои адабиёт, илм ва санъати  худ фахр мекунанд. Мавриди истифода қарор гирифтани осорхонаи Шоири халқии Тоҷикистон устод Муъмин Қаноат ва “Майдони ромишгарон” ба хотири ёдбуди нобиғаҳои номвар, Борбади Марвазӣ, Акашариф Ҷӯраев,  Абдулло Назрӣ ва даҳҳо  аҳли ҳунар аз ҷумлаи чунин қадршиносии аҳли зиё аз ҷониби Роҳбари давлат мебошад.
Дар бозгашт аз Дарвоз то шаҳраки Рохарв кори бомароми бунёдкунандагони   қитъаи шоҳроҳи Қалъаихумб  – Ванҷ – даромадгоҳи ноҳияи Рӯшонро дида, бовар ҳосил кардем, ки ин қисмати шоҳроҳ низ дар доираи сазовор истиқбол гирифтани 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор мегирад. Хушбахтӣ ва осудагии сокинони Дарвозро, ки аз файзу баракати истиқлоли кишвар мебошад,  дида,  як байти  устоди шодравон  Муъмин Қаноат ба хотирам омад.
Мурғи истиқлол омад, пайки иқболи баланд, 
Чун ҳумое соя меафканд, аз боли баланд.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, "Ҷумҳурият",
Сироншоҳ ДИЛОВАР, рӯзноманигор

Санаи нашр: 04.03.2024 №: 44
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив