ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАНДУРУСТӢ. АЗ БОБИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДА ДАР СОҲА

ТАНДУРУСТӢ. АЗ БОБИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДА ДАР СОҲА

15 март 2024, Ҷумъа
17
0


Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ (28-уми декабри соли 2023) барҳақ таъкид намуда буданд: “... дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад”. Яъне, агар соҳаҳои дахлдор шаҳрвандонро аз ҳуқуқҳояшон воқиф насозанд ва онҳо ба ҳайси истеъмолкунанда ҳуқуқҳояшонро ҳимоя нанамоянду дар ин ҷода бо мақомоти дахлдори давлатӣ ҳамкорӣ накунанд, бартараф сохтани камбудиҳои ҷойдошта барои ниҳодҳои марбута дар танҳоӣ кори осон нест.

Дар ҳамин радиф шаҳрвандон дар ҳолати муроҷиат ба муассисаҳои тандурустӣ ҳам бояд донанд, ки чи ҳуқуқҳо доранд ва ба кадом намуди хизматрасониҳои ройгон дастрасӣ доранду ба кадомаш не. Бояд гуфт, ки ҳамаи намуди ёрии аввалини тиббӣ ба шаҳрвандон дар ҳамаи муассисаҳои тандурустӣ, сарфи назар аз шакли фаъолияташон, ройгон расонда мешавад. Шахсони камбизоат, маъюбони гурӯҳҳои якум ва дуюм, мувофиқи қонунгузории кишвар, дар муассисаҳои тандурустии давлатӣ аз хизматрасонии ройгон баҳравар шуда метавонанд. 
Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми декабри соли 2008, таҳти №600 “Дар бораи тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ”, муассисаҳои давлатии тандурустӣ ҳуқуқ доранд, ки хизматрасонии пулакиро низ анҷом диҳанд. Талабот ин аст, ки қарори мазкур бояд дар ҳамаи муассисаҳои соҳаи тандурустӣ дар ҷойи намоён насб гардад ва дар он нархномаи ҳамаи хизматрасониҳои пулакӣ нишон дода шавад. Яъне, шаҳрвандонро зарур аст, ки пеш аз муроҷиат ба табибон ба ин номгӯйи хизматрасониҳо ва арзиши онҳо шинос гарданд.  Ба гунаи мисол, чанде аз хизматрасониҳои тиббию санитарии ройгон ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар муассисаҳои давлатии системаи тандурустӣ, тибқи қарори мазкур, инҳо мебошанд:
- машварат ва таблиғи таҳкими саломатӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим;
- эмкунии кӯдакон дар доираи барномаи эмкунӣ мутобиқи тақвими миллии эмкунӣ; 
- машварати пӯшида оид ба масъалаҳои вируси норасоии масунияти инсон (ВИЧ), аломати норасоии масунияти инсон (СПИД), сироятҳое, ки тавассути алоқаи ҷинсӣ мегузаранд; 
- назорати ҳолати саломатии кӯдакони то синни 5;
- муоинаи пешгирии давравии мактаббачагон;
- назорати диспансерии бемороне, ки ба қайд гирифта шудаанд, ба истиснои усулҳои иловагии озмоишӣ ва таҷҳизотии таҳқиқ;
- гузарондани чорабиниҳои мақсаднок оид ба пешгирии бемориҳо ва ҳоказо. 
Номгӯйи ҳамаи навъҳои хизматрасонӣ ва арзиши онҳо дар муассисаҳои хусусии тиббӣ низ бояд дар ҷойи ба чашм намоён насб шуда бошад.
Воқеан, агар шаҳрвандон фаҳманд, ки ҳуқуқҳои онҳо аз тарафи муассисаҳои табобатию профилактикӣ риоя нашудаанд, ҳатман ба Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муроҷиат кунанд. Дар ҳамаи муассисаҳои тандурустӣ, новобаста аз шакли фаъолияташон, рақамҳои телефонҳои Хадамот ва зерсохторҳои он дар ҷойҳои чашмрас овезон шудаанд. Ҳамзамон, шаҳрвандонро зарур аст, ки аз дорухонаҳо ҳангоми харидани маводҳои доруворӣ сертификати сифати маводи доруворию тиббӣ талаб кунанд ва ҳатман ба муҳлати истифодаи маводи доруворию молҳои тиббӣ эътибор диҳанд. Агар маълум шавад, ки муҳлати истифодаи маводи доруворӣ ё дилхоҳ моли тиббӣ гузаштааст, бо рақамҳое, ки дар ҳар як дорухона насб шудааст, ба Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тамоси телефонӣ бигиранд. Ба ҳамин тартиб, шаҳрвандонро мебояд, ки дар бозору мағозаҳо ҳам ҳангоми харидани маҳсулоти ороишию гигиенӣ маълумот дар бораи сифати мавод ва расиди хазинавӣ талаб кунанд.
Ҳамаи он тавсияҳои болозикр ва тадбирҳое, ки роҳандозияшон маслиҳат дода шуд, фақат ба хотири он аст, ки шаҳрвандони мо аз нигоҳи ҳуқуқӣ бомаърифат бошанд, ба қадри саломатии хеш бирасанд. Барои ин аҳли ҷомеа ва, пеш аз ҳама занҳо, ки дар оила вазифаи мураббии аввал, тарбиятгари асосиро доранд, муваззаф ҳастанд. 
Дар иҷрои ин амри хайр ба кулли истеъмолкунандагони муҳтарам ва хизматрасонҳои онҳо масъулияти бештар мехоҳем.

Маҳмадҷон АБДУЛҚОДИРЗОДА, 
сардори сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон

Санаи нашр: 15.03.2024 №: 51
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив