ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАНҶ.  ПАЙКИ ФАРХУНДАИ НАВРӮЗ ОМАД

ВАНҶ.  ПАЙКИ ФАРХУНДАИ НАВРӮЗ ОМАД

20 март 2024, Чоршанбе
8
0
Дар хусуси баргузории Ҷашни фархундаи Наврӯз, ки бо ташаббусҳои ватанпарастонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳонӣ гаштааст, хабарнигорони мо суҳбате доштанд бо раиси ноҳияи Ванҷ Одинашо Мардзода. Инак, фишурдаи он суҳбат манзури хонандагон мегардад. 
 
Бисёр хуш ва фархунда аст, ки ба диёри  Ванҷ ба мисли чорсӯи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва саросари Тоҷикистони биҳиштосои шукуфон фасли баҳори нозанин, айёми бедории табиат фаро расидааст. Бузургтарин амали ниёгонамон он аст, ки маҳз ин фасли гулрезро сароғози сол интихоб кардаанд. Сокинони ноҳия, ба фарорасии Ҷашни Наврӯзи фархундапай, ёдгории бебаҳои салтанатдории шоҳони каёнӣ Ҳушанг, Ҷамшеду Кайхусрав, Манучеҳру Фаридун ва даврони пуршукӯҳи Оли Сомон ҳанӯз аз рӯзҳои ҷашнгирии Иди Сада омодагиҳои комил дидаанд. 
Зикр кардан ба маврид аст, ки Наврӯзи имсола аз рӯи анъана  дар  доираи сазовор истиқбол намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар таҷлил мегардад. Ҳамзамон, сокинони саодатманди  ноҳияи Ванҷ  таҳти таъсири  нуктаҳои пурарзиши Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар қарор доранд. 
Одинашо Мардзода иброз дошт, ки дар кишварамон баҳри амалисозии барномаҳои муҳимтарини стратегӣ - аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани  мамлакат, ба  истиқлолияти комили энергетикӣ расидан, таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди  саноатикунонии мамлакат аз ҷониби Сарвари давлат вазифаҳои муҳим ба миён гузошта шудаанд. Ҳамаи мо шоҳиди онем, ки амалҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ дар қитъаи шоҳроҳи Қалъаихумб - Ванҷ - сарҳади Рӯшон, пули мошингузар аз болои дарёи Ғунд ва сохтмони  шоҳроҳи минтақаи Барсем - Навобод, бунёди долонҳо дар деҳоти водии Ғунд бомаром идома доранд. Зикр бояд, ки  аз ҳамин рӯзҳои наврӯзӣ сар карда, аллакай,  сохтмони  бештар аз 100 иншооти самти саноатӣ ва  иҷтимоӣ  дар маркази ноҳия ва шаш ҳудуди ҷамоатҳои  деҳот  низ вусъати баланд пайдо мекунад. 
- Аз давраи таҷлили  Ҷашни Наврӯзи соли гузашта то ба Наврӯзи имсола дар ҳаёти сокинони  диёрамон  як қатор навгониҳо ба амал омаданд. Бо дастгириҳои Пешвои муаззами миллат дар самти иқтисод, иҷтимоиёт, молия, бонкдорӣ, кишоварзӣ, саноату сохтмон, роҳу алоқа, маорифу фарҳанг, нигаҳдории тандурустӣ ва, аз ҳама муҳимтар, коҳиш додани сатҳи камбизоатии аҳолӣ  корҳои назаррас ба ҷо оварда шудаанд. Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди бинои беморхонаи баландошёна дар маркази ноҳия, шаҳраки Рохарв ва боз чандин иншооти самти саноатӣ ва иҷтимоӣ далели ғамхориҳои рӯзафзуни роҳбарияти олии кишвар нисбат ба мардуми ноҳияи Ванҷ маҳсуб мегардад, - иброз дошт Одинашо Мардзода. 
Боиси хурсандӣ ва арҷгузорист, ки  ба мисли дигар шаҳру навоҳии вилоят  ва кишвар дар ин айёми наврӯзӣ дар бозорҳо, марказҳо ва нуқтаҳои савдои шаҳраки Рохарв ва ҳам деҳоти ноҳияи Ванҷ низ, тамоми анвои ғизоӣ фаровон аст. Ҳамаи ин пешрафт аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ сатҳу сифати зиндагии бошандагони ин минтақаи Бадахшон низ хеле боло рафтааст. Кормандони роҳу алоқа, энергетика, маорифу фарҳанг ва соҳаҳои гуногун вазифаи худро бо сари баланд ба ҷо меоваранд. Маводи озуқаворӣ, сӯзишворӣ ва ангиштсангро дар ҳамаи нуқтаҳои савдо пайдо кардан мумкин аст.    
Дар анҷоми суҳбат раиси ноҳияи Ванҷ Одинашо Мардзода ёдовар шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориашон моҳи августи соли гузашта ба ноҳияи Ванҷ ба заҳмати сокинони он, алалхусус кишоварзон, баҳои баланд доданд. Дар ҳақиқат, ин диёри пурганҷ баҳри рушди тамоми соҳаҳо захира ва имкониятҳои фаровонро дорост.  Дар ин раванд, барномаҳо ва тадбирҳои зиёдеро ба ҷо овардан мумкин  аст. Бовар ба он аст, ки ҳамаи нақшаҳо ҷомаи амал мепӯшанд.
                                          
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор
Санаи нашр: 20.03.2024 №: 54-55
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив