ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «НАҚШИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ТАШАББУСҲОИ САБЗ: ТАҶРИБАИ ДУШАНБЕ»

«НАҚШИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ТАШАББУСҲОИ САБЗ: ТАҶРИБАИ ДУШАНБЕ»

20 март 2024, Чоршанбе
8
0
Таҳти ин унвон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар робита ба ҷонибдории иқдомҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба обу иқлим, дар меҳмонхонаи «Ҳайят Реҷенсии Душанбе» конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид. 
Дар оғоз иштирокчиён бо намоиши аксҳое, ки таҷассумкунандаи паҳлуҳои алоҳидаи ҳифзи пиряхҳо мебошанд, ошно гардиданд. Сипас, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода сухан ронда, аз иқдомҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба обу иқлим ва ҷонибдории онҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ибрози назар намуд. Ҳамчунин, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, муовини вазири корҳои хориҷӣ Содиқ Имомӣ ва дигарон маъруза намуданд.
Дар конфронс роҳбарони вазорату идораҳои кишвар, олимону муҳаққиқони соҳа дар мавзуъҳои «Душанбе - шаҳри сабз», «Потенсиали манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар рушди иқтисоди сабз», «Рафти амалишавии қатъномаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», «Ташаббусҳои байналмилали Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба коҳиш додани пайомадҳои манфии тағйирёбии иқлим ва нақши стратегии онҳо дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Нақши ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти глобалии муҳити зист», «Ташаббусҳои оби Тоҷикистон - заминаи мусоид барои таҳқиқоти илмӣ», «Тоҷикистон - пешоҳанги масоили омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон» ва ғайра бо маърузаҳои илмӣ баромад намуда, оид ба самтҳои умдаи ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим ва нақши шаҳрҳо дар татбиқи ташаббуси сабз маълумот доданд.
Дар ҷараёни кори конфронс байни иштирокдорон атрофи масъалаҳои мубрами ҳалли мушкилоти глобалии муҳити зист ва нақши шаҳрҳо дар роҳандозии ибтикороти сабз, хусусан таҷрибаи шаҳри Душанбе дар ин самт, муколамаи судманд сурат гирифт.
 
Л. ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 20.03.2024 №: 54-55
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив