ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПОЙТАХТ. ЁРИИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА НИЁЗМАНДОН

ПОЙТАХТ. ЁРИИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА НИЁЗМАНДОН

29 март 2024, Ҷумъа
3
0
Дар пайравӣ ба ташаббусу иқдомҳои инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Ҷашни Наврӯз ба беш аз 14500 нафар ятим, бепарасторону маъюбон ва шахсони эҳтиёҷманду ниёзманд ва 9 ҳазор сарбоз ёрӣ расонда шуд. 
Кумаки раиси шаҳри Душанбе, ки аз орду равған, шакару тухм, картошкаву пиёз ва сабзиву макарон иборат буд, ба ҳайати бошандагону таълимгирандагони Мактаб-интернати рақами 1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор, Мактаб-интернати рақамҳои 3, 4, 5 барои кӯдакони имконияташон маҳдуд, Хонаи кӯдакони рақами 1 барои кӯдакони ятиму бепарастор, Маркази дастгирии оила ва кӯдаки рақами 1, Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ барои нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе ва шифохонаи шаҳрии парастории ҳамшираҳои шафқат тақсим гардид. 
Аснои супурдани кумакҳо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе табрикоти самимии раиси шаҳри Душанберо ба бошандагони муассисаҳо ва сокинон ба муносибати фарорасии Соли нави аҷдодӣ расонданд. Баҳравар шудан аз кумакҳои навбатии роҳбарияти шаҳр, бахусус барои кӯдакону наврасон хеле хурсандибахш буд ва онҳо арзи сипосу миннатдории хешро ба раиси шаҳри Душанбе ва кулли ташаббускорони ин амали саршори хайру савоб бо пешниҳоди барномаҳои ҷолиби омодакардаашон, ки бозгӯи дунёи беолоиши кӯдаконаи онҳо буд, баён доштанд. 
Бояд гуфт, ки чунин амали инсонпарварона ва наҷиб дар заминаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати ҷумҳурӣ пайваста амалӣ мегардад. Дасти ёрӣ дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва наврасони дорои имконияташон маҳдуд дар фарҳанги миллати мо аз хислатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб меравад. 
Масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе зимни суҳбат бо таълимгирандагон таъкид доштанд, ки таваҷҷуҳ ва дасти ёрӣ дароз намудан ба ашхоси ниёзманд аз тарафи давлату Ҳукумати мамлакат, хоса Пешвои миллат ва раиси шаҳри Душанбе идомаёбанда буда, онҳо ҳамеша зери ҳимояву ғамхорӣ қарор мегиранд. 
 
Л. ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 28.03.2024 №: 57
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив