ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СИГОРИ ЭЛЕКТРОНӢ. АЗ ТАРҒИБОТИ НОДУРУСТ ТО ҲАҚИҚАТИ МАРГОВАР

СИГОРИ ЭЛЕКТРОНӢ. АЗ ТАРҒИБОТИ НОДУРУСТ ТО ҲАҚИҚАТИ МАРГОВАР

06 март 2023, Душанбе
112
0
 
Имрӯзҳо мушоҳида мешавад, ки дар баробари шаҳрвандони хориҷӣ сокинони Тоҷикистон, махсусан ҷавонон ва аҳён-аҳён наврасон, низ аз сигорҳои электронӣ истифода мебаранд. Онҳо ба ин боваранд, ки сигорҳои электронӣ ба саломатӣ зарар надоранд. Бо ин ақида худро ором мекунанд ва ба қавле дудкуниро идома медиҳанд ва бо ин роҳ сигорҳои электрониро тарғиб менамоянд. Вале тадқиқотҳо баръакси инро нишон медиҳанд. Нашрияи амрикоии Environmental Science & Technology пажӯҳишеро бо далелҳо ва ҷадвалҳои кимиёвӣ нашр кард, ки тибқи он, сигорҳои электронӣ амалан аз сигорҳои муқаррарӣ ҳеҷ фарқе надоранд.
Ҳарчанд сигорҳои электронӣ дар қарни ХХ пайдо шуда бошанд ҳам, вале пас аз соли 2010, бахусус дар байни ҷавонон маъмул гаштанд. Чаро сигорҳои электронӣ нисбат ба сигорҳои муқаррарӣ 95 дарсад бехатартар нестанд, чи хеле ки тарғиб мешаванд? Нафароне, ки аз ин истифода мебаранд ба кадом хатарҳо рӯ ба рӯ мешаванд? Барои ҷавоб пайдо кардан ба ин ва дигар саволҳо мавзуъро пайгирӣ намудем. 
Бар пояи навиштаҳои коршиносони Донишгоҳи Копенгаген, 95 дарсади тадқиқоти олимони мустақил ба саломатӣ зарар доштани сигорҳои электрониро исбот мекунанд. 
Далелҳои дар солҳои охир ҷамъшуда, аллакай, нишон додаанд, ки ин навъи тамоку хатари пайдоиши бемории шушро тақрибан 50 дарсад зиёд намуда, боиси пайдоиши лахтаҳои хун мегардад. Инчунин, ба афзоиши хатари инсулт 71 дарсад, сактаи дил ва стенокардия 59 дарсад ва инкишофи бемории ишемияи дил 40 дарсад  мусоидат мекунад. Илова бар ин, моддаҳои аэрозолҳои сигорҳои электронӣ ба биноии чашм низ хатар доранд.
Мутахассисони Лабораторияи миллии ба номи В. И. Лоренс дар Берклии ИМА бо омӯхтани таркиби дуди сигорҳои электронӣ маълум карданд, ки онҳо мисли сигорҳои муқаррарӣ ба саломатии инсон зарароваранд.
Барои омӯхтани таркиби дуди сигорҳои электронӣ ду сигори электронӣ гирифта шуд: як арзони дорои як печи гармидиҳӣ ва як гарон бо ду печи гармидиҳӣ. Маълум гардид, ки моддаҳои кимиёии хатарноке, ки дар таркиби дуд мавҷуданд, дар давоми пуфкунии якум ва охирин чанд маротиба афзоиш ёфтаанд. Ин, хусусан, дар сигори электронии арзон мушоҳида мегардад. 
Махсусан, бояд гуфт, ки зарари сигори электронӣ ҳангоми дубора истифода бурдан дучанд мешавад. 
 
ОЁ 95 ФОИЗИ СИГОРҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ БЕХАТАРАНД?
Даъвои як замон маъмул “сигорҳои электронӣ 95 дарсад бехатар аз сигорҳои муқаррарӣ” ба тадқиқоте асос ёфтааст, ки танҳо таркиби моеъҳои буғшаванда ва худи буғ ба назар гирифта шуда буд. Тадқиқотчиён таъсири ҷузъҳо, махсусан ҳангоми гармкунӣ, ба бофтаҳои баданро ба инобат нагирифтаанд. 
Дар баробари ин, муайян кардани таъсири моеъҳои сигорҳои электронӣ нисбат ба таъсири дуди тамоку душвортар аст. Зеро тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, соли 2019 беш аз 15000 варианти маза, яъне моеъҳо, ки ҳар яки онҳо эҳтимолан зарароваранд, сабт шудааст. Ба ақидаи коршиносон, махсусан, моеи диатсетил хатарнок аст, ки мазаи қаймоқ ва попкорнро медиҳад. Он бронхиолитро ба вуҷуд меорад. Мазаҳои ментол ва меваҳо: микрофлораи шушро вайрон намуда, кори генҳоро халалдор мекунад. 
Мушкилоти иловагӣ ин аст, ки бисёре аз истеҳсолкунандагон таркиби пурраи моеъҳоро нишон намедиҳанд.
Ба андешаи Кирилл Зиков, профессори Академияи илмҳои Россия, моддаҳои кимиёвӣ дар омехтаҳои сигорҳои электронӣ кори муқаррарии бронхҳоро вайрон карда, хушкии даҳон ва роҳҳои нафасро ба вуҷуд меоранд. Истифодабарандагони фаъол бемории бронхитро инкишоф медиҳанд – беморон аксар вақт аз нороҳатии нафаскашӣ ва сулфаи хушк шикоят мекунанд. Озмоиши рентгенӣ ва томографияи компютерӣ нишон медиҳад, ки тағйирот дар шушҳо ба назар мерасад, ки ба тасвири бронхиолити шадид монанданд. Яъне осеби бронхҳо, ки бо нафаскашии пайвастагиҳои заҳролуд ё осеби вирусӣ алоқаманданд. 
Ба таъкиди мутахассис, илова бар хатарҳои дар боло зикршуда, сигорҳои электронӣ, инчунин, таъсири манфии истифодаи маводи мухаддирро афзоиш медиҳад, қобилияти маърифатиро коҳиш дода, ба номутавозунии эмотсионалӣ оварда мерасонад, рушди сохторӣ ва нейрохимиявии майнаро дар наврасон халалдор мекунад. 
Ҳангоми кӯшиши даст кашидан аз тамокуи муқаррарӣ бо истифода аз сигорҳои электронӣ, дар баъзе ҳолатҳо истеъмоли никотинро ба таври назаррас меафзояд, зеро шахс сигорҳои электрониро аз меъёр зиёд истифода мебарад. 
– Бо назардошти он ки истифодабарандагон, асосан, ҷавононанд ва онҳо неруи қавӣ доранд, дар аввал зарарашро эҳсос намекунанд, вале бо гузашти вақт таъсири манфии сигорҳои электронӣ зуҳур мекунад. Барои арзёбии пурраи ҳолати воқеӣ вақт лозим аст, – мегӯяд Зиков. – Маълумот дар бораи сигорҳои электронӣ оҳиста-оҳиста ҷамъ шуда истодааст ва соли 2022 як тадқиқот дар ИМА чунин нишон дод: донишҷӯёне, ки дар як моҳи охир ба сигорҳои электронӣ рӯ овардаанд, хатари ба худкушӣ даст задани онҳоро афзоиш додааст. Аз ин бар меояд, ки гурӯҳҳои осебпазири ҷавонон барои рафъи стресс аз сигорҳои электронӣ истифода менамоянд, аммо бо назардошти таъсири неврологии дар боло тавсифшуда, ин танҳо шиддати мушкилотро зиёд мекунад. 
 
ФУРӮШИ СИГОРҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН МАНЪ АСТ
Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку”, мафҳуми сигори электронӣ чунин шарҳ дода шудааст: “Намуди воситаи электронии таъмини никотин, ки ба сигори ҳақиқӣ монанд аст (новобаста ба андоза ва шакл), он метавонад дорои қисми барҷастаи ба полои сигор монанд ва ҳаври ба дуд шабоҳатдошта бошад”.
Тибқи қисми 1 моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи реклама” (хусусиятҳои рекламаи навъҳои алоҳидаи молҳо), тарғиби сигори электронӣ ва дигар воситаҳои электронии таъмини никотин манъ мебошад. 
Ҳарчанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯши сигорҳои электронӣ манъ бошад ҳам, мутаассифона, ба таври қочоқ ворид мегардад. Гузашта аз ин, тариқи интернет фурӯши он роҳандозӣ гардидааст. Аз ин рӯ, мақомоти дахлдорро лозим аст, ки пеши роҳи паҳншавии ин маводи маргборро гиранд, зеро он ба генофонди миллат таъсири манфӣ мерасонад. 
 
ТАМОКУ НАКАШЕД!
Агар саволе ба миён ояд, ки интихоби шумо сигорҳои муқаррарӣ ё электронӣ, пас табибон ҷавоби якхела доранд: тамоку накашед! Нафароне, ки дар аввал сигорҳои электронӣ мекашанд, аксар вақт ба тамокуи муқаррарӣ мегузаранд. Ин ҳолат, махсусан дар байни ҷавонон, зиёд аст. Лиҳозо, набояд ба доми таблиғоти дурӯғи ширкатҳои тамоку афтем. Зеро то ҳол таъсири манфии сигорҳои электронӣ пурра омӯхта нашудааст. Биноан, шушҳои солим арзиши бузургеанд, ки онҳоро ба осонӣ гум кардан мумкин аст, аммо баъдтар барқарор карданаш ғайриимкон. 
Бар пояи арзёбии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, тамоку (табак) тақрибан нисфи одамонеро, ки онро истифода мебаранд, мекушад. Ҳар сол беш аз 8 миллион нафар аз таъсири истеъмоли тамоку мефавтад. 
Ҳатто Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз таблиғи бардурӯғи сигорҳои электронӣ, аз ҷумла иддаои барои саломати безарар, изҳори нигаронӣ дорад. Мутаассифона, дар ин кор ҳам ҳадаф ҷавононанд. 
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, 
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 06.03.2023 №: 50
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив