ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФУТБОЛ

ФУТБОЛ

29 март 2024, Ҷумъа
6
0
Мусовӣ ва бохти тими миллии Тоҷикистон бо дастаи Арабистони Саудӣ
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси гурҷӣ Гела Шекиладзе бо тими Арабистони Саудӣ ду бозӣ анҷом дод.
 21-уми март дастаҳо бозии даври сеюми марҳалаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро баргузор карданд, ки бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи Арабистони Саудӣ анҷом ёфт.
Бозии даври чоруми марҳалаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» миёни дастаҳо мусовӣ (1:1) шуд. Вохӯрӣ 26-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гашт. Дар оғози нимаи дуюм бозигари меҳмон Фирас ал-Бурайкан ҳисобро кушод. Дар дақиқаи 80-ум Рустам Соиров ба дарвозаи саудиҳо гол зада, ҳисобро баробар кард.
Дар бозии дигари даври чоруми гурӯҳи “G” тими миллии Урдун ба дарвозаи Покистон 7 голи беҷавоб зад.
Пас аз натиҷагирии чор давр дар ҷадвали гурӯҳи “G” Арабистони Саудӣ бо 10 хол дар ҷойи аввал аст. Урдун бо 7 хол ба ҷойи дуюм баромад. Тоҷикистон бо 5 хол дар ҷойи сеюм ва Покистон бидуни хол дар зинаи охирин мавқеъ доранд.
Бозиҳои даври панҷум 6-уми июн ба нақша гирифта шудаанд ва тими миллии Тоҷикистон дар меҳмонӣ бо Урдун рақобат мекунад. Бозии дигар миёни дастаҳои мунтахаби Покистон ва Арабистони Саудӣ сурат мегирад.  
Марҳалаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар қораи Осиё бо иштироки 36 даста дар нуҳ гурӯҳ ҷараён дорад. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дуюмро мегиранд, ба марҳалаи сеюм роҳ меёбанд ва соҳиби роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 мешаванд. 
 
 
АСПСАВОРӢ
Ба ифтихори Наврӯз пойга доир шуд
17-уми март бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт пойгаи аспдавонӣ баргузор гардид.
Ба иттилои масъули бахши варзиши раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Саидҷалол Саидов, дар доираи мусобиқа 8 сабқат дар масофаҳои 1200 ва 1800 метр доир гардида, дар он аспҳои зотҳои тоҷикӣ ва англисӣ аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ иштирок карданд. 
Дар масофаи 1200 метр дар пойга байни зоти аспҳои тоҷикии дусола, асп бо лақаби “Марҳабо” аз шаҳри Хуҷанд (соҳиби асп Аъзамхон Алиев, савора Шукрулло Усмонов) бо натиҷаи 1 дақиқаю 24 сония; дар пойга байни зоти аспҳои ахалтекин, асп бо лақаби “Сарбаланд” аз шаҳри Душанбе (соҳиби асп Анушервони Рустам, савора Фирдавс Саломов) бо натиҷаи 1 дақиқаю 20 сония; дар пойга байни зоти аспҳои МД “Наврӯзгоҳ” ва аспҳои омехта, асп бо лақаби “Султон” аз ноҳияи Рӯдакӣ (соҳиби асп ва савора Ёқубҷон Юнусов) бо натиҷаи 1 дақиқаю 26 сония; дар пойга байни зоти аспҳои омехта, асп бо лақаби “Сентуриён” аз шаҳри Душанбе (соҳиби асп Рустам Ҳасанзода, савора Фирдавс Саломов) бо натиҷаи 1 дақиқаю 19 сония, дар пойга байни зоти аспҳои омехтаи солашон гуногун, асп бо лақаби “Красавчик” аз шаҳри Душанбе (соҳиби асп Ҷамшед Гулов, савора Меҳроб Шамшеров) бо натиҷаи 1 дақиқаю 25 сония сазовори ҷои 1-ум гардиданд.
Дар масофаи 1800 метр дар пойга байни зоти аспҳои тоҷикии 3-сола, асп бо лақаби “Гуфтор” аз ноҳияи Ховалинг (соҳиби асп хоҷагии деҳқонии “Мир”, савора Хуршед Сатторов) бо натиҷаи 2 дақиқаю 13 сония; дар пойга байни зоти аспҳои тоҷикии аз 4-сола боло, асп бо лақаби “Бодом” аз ноҳияи Фархор (соҳиби асп Маҳмадӣ Ҳакимов, савора Аслам Ҳамроқулов) бо натиҷаи 2 дақиқаю 02 сония ва дар пойга байни зоти аспҳои англисии солашон гуногун, асп бо лақаби “Флуарид” аз шаҳри Душанбе (соҳиби асп Билоли Фирдавс, савора Манучеҳр Шарофиддинзода) бо натиҷаи 1 дақиқаю 56 сония пирӯз гаштанд. 
Ғолибон дар ҳамаи 8 пойга бо мукофоти пулӣ ба миқдори 10000 сомонӣ барои ҷои якум, 7000 сомонӣ барои ҷои дуюм, 5000 сомонӣ барои ҷои сеюм, диплом, медал ва ҷоми мусобиқа қадр шуданд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 28.03.2024 №: 57
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив