ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ДАР СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ДАР СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА

29 март 2024, Ҷумъа
5
0
Аз 25 то 27-уми март як ҳайат таҳти раҳбарии вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар Ӯзбекистон сафари корӣ анҷом дод. Дар доираи сафари мазкур омӯзиши таҷрибаи Ӯзбекистон дар самти бунёд ва истифодабарии неругоҳҳои барқи офтобӣ ва бодӣ ҳадафи асосӣ қарор гирифт.
Гуфта мешавад, Ӯзбекистон бо истифода аз механизмҳои дахлдори шарикии давлат ва бахши хусусӣ, сохтор ва модели молиявии лоиҳаҳо, истифодабарии неругоҳҳо, пайваста танзими онҳо дар низоми энергетикӣ ва паҳлуҳои дигари молиявӣ ва ҳуқуқии он ба як қатор дастовардҳо ноил шудааст, ки қобили омӯзиш мебошанд.
– Дар ҷараёни сафари мазкур бо ҳузури вазири энергетикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷӯрабек Мирзомаҳмудов ва гурӯҳи мутахассисону коршиносони ниҳодҳои дахлдори он маҷмуи масъалаҳои ҷойдоштаи лоиҳаҳои "Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ" ва "Бунёди неругоҳҳои барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон" мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, –  гуфт ба “Ҷумҳурият” Далер Ҷумъа.
 Ӯ  илова кард, ки дар ин раванд ҳайати онҳо аз неругоҳи барқи офтобӣ боздид ба амал овард, ки ширкати ACWA Power дар ҳудуди вилояти Тошкент бунёд менамояд. 
Дар ҷараёни сафари корӣ байни ҳайати Тоҷикистон ва ҳамтоёни ӯзбеки онҳо доир ба рафти  корҳои сохтмонӣ ва як қатор маҷмуи масъалаҳои вобаста ба тавлиди неруи барқи офтобӣ ва бодӣ низ табодули назар сурат гирифт.
Мавриди зикр аст, ки ширкати ACWA Power дар Ӯзбекистон боз ду неругоҳи барқи офтобӣ ва се системаи нигаҳдории энергия месозад.    
– Системаҳои нигоҳдории энергия аз таъсири манбаи барқарор-шавандаи энергия ба шабака пешгирӣ мекунанд. Бо кумаки онҳо имкон дорад, ки неруи барқи зиёдатӣ ҳангоми истеҳсолот ҷамъоварӣ шавад ва неруи ҷамъшуда  дар  давраи истеҳсоли ками он мавриди истифода қарор гирад, – гуфт Ҷӯрабек Мирзомаҳмудов.  
 
Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”, шаҳри Тошкент
Санаи нашр: 29.03.2024 №: 58
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив