ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СУҒД. ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗ ТАНТАНА ДОШТ

СУҒД. ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗ ТАНТАНА ДОШТ

01 апрел 2024, Душанбе
5
0

Тантанаҳои наврӯзии имсола дар Хуҷанд аз солҳои қаблӣ ба куллӣ  фарқ дошт. Баъди сардиҳои тулонӣ ҳаво мусоиду баҳорӣ гардида, табиат эҳё ва шукӯҳи воқеии Наврӯз ба вуҷуд омадааст. Мардум руҳияи болида дорад ва бо шодмонӣ аз ин ҷашни аҷдодӣ истиқбол мекунад. Тантанаҳо аз маҳаллаҳои шаҳр оғоз гардиданд. Дар 18 маҳалла бо риояи суннату оини наврӯзӣ ин ҷашни аҷдодиро таҷлил карданд. 

Санаи 23-уми март аз субҳ мавзеи Театри вилоятии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ қабои идона дошт. Дар як тарафи идгоҳ намояндагони шаҳру навоҳӣ хаймаҳо густурда, дар онҳо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои хешро ташкил карданд. Дар саҳни Театр, ки макони баргузории ҳамешагии Ҷашни Наврӯз аст, ҳудуди 20 ҳазор нафар сокинону меҳмонон ҷамъ омада буданд. Ин ҷо чорабинии вилоятӣ ва шаҳрии Наврӯзи байналмилалӣ якҷо барпо шуд. Намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ ва роҳбарияти вилояти Суғд сокинону меҳмононро шодбош гуфта, таъкид карданд, ки наврӯзи имсола дар давраи омодагӣ ба Ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҷлил гардида, барои боз ҳам тақвият пазируфтани ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва иттиҳоду ягонагӣ мусоидат мекунад. Барномаи фарҳангӣ аз суруду оҳанг, гуфтор ва саҳнаҳои ҷолиб иборат буд, ки мардум хеле хуб пазироӣ карданд. 
Дар шаҳри Бӯстон Наврӯзро бо иқдоми наҷиб пешвоз гирифтанд. Раиси вилояти Суғд якҷо бо роҳбарияти шаҳр ба қисмҳои ҳарбии мустақар дар шаҳр ташриф оварда, дар тантанаҳои наврӯзии сарбозону афсарон ширкат ва ҳайати шахсиро бо ҷашни ниёкон табрик гуфтанд. Тантанаи наврӯзӣ бо иштироки ҳунармандони вилоят ва шаҳр хеле хотирмон ҷараён гирифт. Дар гулгашти Парчами давлатӣ арчаи бошукӯҳи наврӯзӣ оростанд, шукӯҳи ҷашни бостониро афзуд. 
Сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ Ҷашни аҷдодии Наврӯзро хотирмон таҷлил карданд. Тантанаҳои наврӯзӣ дар ҷамоату деҳот  бошукӯҳи хосса доир гардида, санаи 22-уми март дар сатҳи ноҳия сурат гирифт. Майдони Парчами давлатӣ хурду бузурги ноҳияро сарҷамъ кард. Ин ҷо низ хаймаҳои наврӯзӣ шаҳомати идгоҳро афзуда, аз гӯшаҳои серодам ва тамошобоби идгоҳ маҳсуб мешуд. Ҳунармандону кишоварзон маҳсули меҳнати худро дар растаҳо ба намоиш гузоштанд. Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз калонтарин ноҳияҳои аграрии кишвар маҳсуб шуда, дар рушди кишоварзӣ саҳми арзанда дорад. Дар тантанаи наврӯзӣ низ бар он ишора шуд, ки гузаштагони мо Наврӯзро ҳамчун пайки шодиву сурур, оғози бедории табиат, мавсими киштукори баҳорӣ ва фасли шукуфоӣ таҷлил менамуданд. Чорабинии Наврӯзӣ бо барномаи рангини фарҳангӣ давом кард. 
Наврӯзи бостониро дар Панҷакент дар Саразми бостон таҷлил карданд. Наврӯз таърихи шашҳазорсола дорад, Саразми бостон, ёдгории азими таърихӣ, ки ба феҳристи умумиҷаҳонии мероси фарҳанги моддии ЮНЕСКО шомил аст низ, ҳамсанги Наврӯз аст. 
Тибқи одати маъмул дар деҳоти ноҳияи Айнӣ ҳафтае қабл аз Наврӯз маросими гулгардонӣ доир мешавад. Кӯдакон бо гули бойчечак ба мардум муждаи баҳорро мерасонанд. Дар ҳама гӯшаву канори кӯҳистон дӯстдорони варзиш мусобиқаҳои гуногунро ташкил мекунанд. Дар арафаи ид бо ибтикори мақомоти маҳаллӣ мусобиқаи варзишии гӯштини миллӣ сурат гирифт.  
Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Наврӯзро бо иқдоми созанда пешвоз гирифтанд. Дар арафаи ид дар ҳудуди деҳаи Худгифи соя ба бунёди 10 га боғ оғоз бахшиданд. Барои шинондани наздик 8 ҳазор бех ниҳоли сояафкану мевадиҳанда тасмим гирифтаанд. Дар баробари мусобиқаҳои мухталиф, таҷлили Наврӯз дар минтақаҳои ноҳия яке аз ташаббусҳои дигари наврӯзии мақомоти маҳаллӣ аёдату ғамхорӣ ба ятимон буд. Дар рӯзҳои наврӯзӣ тарбиятгирандагони мактаб-интернати ноҳия бо ҳадияҳои идона шод гардонда шуданд. 
Сокинони ноҳияи зебоманзари Шаҳристон низ Наврӯзи байналмилалро дар фазои идона ва хотирмон таҷлил карданд. Дар маркази ноҳия бо барномаи ҷолиби фарҳангӣ Наврӯз бо иштироки васеи сокинон ҷашн гирифта шуд. 
Дар ноҳияи Деваштич Наврӯзи ҷаҳониро бо риояи суннатҳои дерина таҷлил карданд. Роҳбарияти ноҳия ба қисмҳои низомӣ рафта, сарбозону афсарони онро табрик ва барояшон хони наврӯзӣ густурд. Дар варзишгоҳи марказии ноҳия бахшида ба Иди Наврӯз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил ва хаймаҳои идона кушода шуданд. Барномаи рангини фарҳангиёни ноҳия шукӯҳи Иди аҷдодиро бештар намуд. 
Дар ноҳияи Зафаробод таҷлили Наврӯз аз деҳот шуруъ шуд. Деҳаҳои Сурхоб, Сарибоғ ва Ҷавонӣ ба ин муносибат тантанаҳои бошукӯҳ барпо карданд. Намояндагони мақомоти маҳаллӣ бошанд, ба аёдати собиқадорони меҳнат, оилаҳои ниёзманд рафта, ба онҳо табъи идона эҳдо намуданд. 
- Наврӯзи ҷаҳонӣ, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони он нақши барҷаста дорад, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангӣ ва унсури тамаддуни миллии дар айни замон ҷаҳонишудаи аҷдодиамон дар масири таърих тамоми инсониятро ба созандагиву офарандагӣ, барои эҷод ва бунёди тарҳи нави зиндагӣ ва ташаббусу иқдомҳои тоза ҳидоят намудааст, - таъкид гардид, дар чорабинии наврӯзии ноҳияи Спитамен. Ба муносибати Наврӯзи байналмилал дар маркази ноҳия чорабинии рангине барпо гардид, ки ифодагари расму оинҳои наврӯзӣ ва барномаи ҷолиби фарҳангӣ буд. 
Дар тантанаҳои бошукӯҳи наврӯзӣ чорабинии идона оғоз гардида, аз ҷониби бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов барномаи зебо ва рангини ҳунарӣ, ки ба ситоиши Наврӯз, баҳор ва зебоию шукуфоии табиат бахшида шуда буд, пешкаши ҳозирин гардонда шуд, ки ба чорабинии ҷашнӣ ҳусну таровати тоза зам намуд. Дар чорабинии барпонамудаи сокинони ноҳия низ фалсафа ва моҳияту ҳикмати Наврӯз ифода меёфт. Мардум шоду масрур, аз хаймаву намоишгоҳҳо дидан карда, аз савту навои дилангези санъаткорон баҳра гирифтанд.
Наврӯз дар Конибодом ҳам имсол дар сатҳи баланд истиқбол шуд. Дар Ҷамоати деҳоти Фирӯзоба Ин Иди аҷдодӣ бо ҳама суннатҳои қадимии ниёгон ҷараён гирифт. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар таҷлили Наврӯзи рустои Фирӯзоба иштирок карда, мардуми меҳнатқарини Конибодомро бо иди бобоӣ самимона шодбош гуфт. 
Исфараи бостонӣ ҳам сар то сар ид дорад. Чун рамзи баҳору арҷгузорӣ ба гузаштаи таъриху фарҳанг сокинони Исфара Наврӯзро дар боғи фарҳангие, ки номи Сайфи Исфарангиро дорад бо шукӯҳу шаҳомат пазироӣ карданд. Дар як тараф  дегҳои пурҷӯши ғизо, тарафи дигар дастархонҳои густурда бо таъомҳои наврӯзӣ, кунҷе ба ихтиёри ҳунармандон вогузошта шудааст, ки дастранҷи худ либосҳои миллиро  ба намоиш гузоштаанд. 
Мардуми Мастчоҳ аз қадимулайём бо як самимияти хосса ҳар иду анъанаҳои ниёкон, аз ҷумла Наврӯзро  арҷ мегузоранду бо шукӯҳу шаҳомат пазироӣ мекунанд. Бошандагони деҳаи ободу зебои Полдарак  миёни деҳоти ноҳия Наврӯзро аз ҳама аввал  истиқбол гирифтанд. Ҳамчун анъана таҷлили Наврӯзи хуҷастапай дар ин ҷо, пеш аз ҳама, аз тозакориҳои ҷойи зисту гирду атроф, кандани ҷӯю заҳбурҳо, шинондани ниҳолҳои сояафкану самаровар, гулу буттаҳо ва омодасозии майдонҳо ба киштукори баҳорӣ оғоз ёфтанд. 
Истаравшан диёри куҳанбунёду маскани ҳунармандон ва тоҷирони муваффақи кишвар низ баҳори имсола, хоссатан Наврӯзи оламафрӯзро, бо чеҳраи шукуфону табъи болида истиқбол гирифтанд. Тантанаи асосӣ дар маркази шаҳр, дар майдони Нишони давлатӣ ба вуқуъ пайваст. Дар баробари оростани дастархони наврӯзӣ, намоиши либосҳои миллии ҳамаи маҳалҳои кишвар манзури иштирокдорон шуд. Барномаи адабиву мусиқии аз ҷониби санъаткорони шаҳр омодашуда  ва театрикунонидашуда хотимабахши тантанаҳои наврӯзӣ буданд.
Дар Ашт низ таҷлили Наврӯзи оламафрӯз басо хотирмон доир шуд. Таҷлили Наврӯз дар Театри драмаи мусиқии ба номи Маҳмуд Воҳидов баргузор гашт. Намоишҳои маҳсулоти кишоварзӣ, оростани ғизоҳои наврӯзӣ, сарулибоси миллӣ оғозбахши тантанаи наврӯзӣ буданд.       
Наврӯзи аҷам дар шаҳри Гулистон низ  чун ҳамешагӣ рангину бо таровати тоза баргузор шуд. Дар тантанаҳои наврӯзии шаҳр баробари сокинони маҳаллӣ, меҳмонони хориҷӣ аз кишварҳои Аврупою Осиё, ки дар таҷдиди НБО "Қайроққум" низ ширкат варзида, аз баргузории чунин як чорабинии рангоранги наврӯзӣ ба ваҷд омаданд.
 
Бобоҷон ҚУРБОНОВ,
Ҷовиди АШТӢ,  “Ҷумҳурият” 
Санаи нашр: 01.04.2024 №: 59
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив