ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВМКБ. АЗ НАВРӮЗ ТО  НАВРӮЗ 423 ИНШООТ БУНЁД ГАРДИД

ВМКБ. АЗ НАВРӮЗ ТО  НАВРӮЗ 423 ИНШООТ БУНЁД ГАРДИД

01 апрел 2024, Душанбе
4
0

 
Имсол  дар  Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон чорабиниҳои  наврӯзӣ аз даҳаи дуюми моҳи март бо  баргузории озмуни  “Тараннуми  Наврӯз”  дар  идораву муассисаҳои  вилоятӣ оғоз ёфта, дар баъзе минтақаҳои вилоят то охири моҳи апрел идома меёбад. 
Наврӯзи имсола барои  Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон ҳам  хушпойиқадам омад. Аз Наврӯзи соли 2023 то имрӯз ба иқтисодиёти вилоят зиёда аз 1,7 млрд сомонӣ ворид гардида, 423 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар соҳаи сохтмон 1,253 млрд сомонӣ хароҷот гардид, ки бесобиқа мебошад. Яке аз омилҳои муҳими муваффақиятҳои бунёдкоронаамон  заҳмати аҳлона ва беғаразонаи мардум аст, ки аз умқи тафаккури созандаи миллат, ки Наврӯз яке аз рукнҳои устувори он мебошад, сарчашма мегирад. Яъне,  қавми ориёитабор аз аҳди бостон табиатан созанда, бунёдкор ва андешаи он ҳамеша ба  эҷоду эҷодкорӣ  нигаронда шуда, дар замири он меҳру шафқат нисбат ба инсону табиат, футуввату эҳсонкорӣ, дӯстиву рафоқат  абадан ҷо гирифтааст.
Намояндаи Ҳукумати мамлакат, котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода сокинони вилоятро табрик намуда, таъкид дошт, ки Ҷашни Наврӯз сароғози таърихи бостонӣ ва пурғановати мост. Ин иди бостониро ҷашни шукӯҳи табиат ва овони эҳёи он номидаанд. Бо фаро расидани Наврӯз табиат зинда шуда, гармӣ бар сардӣ, рӯшноӣ бар торикӣ пирӯз мегардад.
Тибқи анъанаҳои неки наврӯзӣ, бо фарорасии фасли баҳор дар ҳар хонадони мардуми Тоҷикистон айёми киштукор ва дигар корҳои ободонӣ, шинондани ниҳолу гулбуттаҳо, тоза кардани наҳру ҷӯйборҳо, покиза кардану ба тартиб овардани манзили зист, оростани кӯчаву хиёбонҳо, сарсабзгардонӣ ва намуди идона бахшидан ба шаҳру деҳот оғоз меёбад. Бояд таъкид кард, ки Наврӯз ёдгори беназири ниёгони мо буда, далели бузурги ҳастии бостонии ин миллати куҳанбунёд ва исботи равшани ҷаҳонбинии илмии ниёгони мо мебошад. Наврӯз на танҳо ҷашну шодмонӣ, балки муаррифгари таъриху фарҳанги бузурги мо дар сатҳи ҷаҳонист.
Барномаи  фарҳангӣ  бо иштироки аҳли ҳунар, ҳунармандони саршиноси ҷумҳурӣ ва вилоят  анҷомбахши чорабинии идона  гардид.
26-уми март  дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ бахшида ба Ҷашни Наврӯз мусобиқаҳои варзишӣ аз намудҳои гӯштини миллӣ, волейбол, вазнбардорӣ, бандкашӣ, дав ба масофаи 5 км, дав байни бонувон ва кабкҷангу хурӯсҷанг баргузор гардиданд.  Дар ифтитоҳи чорабинӣ раиси вилоят меҳмонон, варзишгарон ва  тамошобинонро бо Ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик намуда, зикр кард, ки имрӯзҳо дар саросари Ватани азизамон тантанаҳои идона ба ифтихори Наврӯз идома доранд ва дар ҳар гӯшаву канори Тоҷикистон мардуми шарифи тамаддунофар ва фарҳангсолори тоҷик кӯшиш менамояд, ки урфу одат, расму  анъанҳои неки ин оини бостонии ориёиро анҷом диҳад.  Яке аз оинҳои наврӯзӣ ин баргузории мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ мебошад, ки аз мавҷудияти тарзи ҳаёти солими ниёгони пуршарафи мо гувоҳӣ медиҳад. Ин анъанаи воло то замони соҳибистиқлолӣ расида, дар тули 33 соли мавҷудияти давлатдории навини тоҷикон барои таҳкими тарзи ҳаёти солим ва равнақи соҳаи варзиш таҳти сиёсати ҷавонпарварона ва варзишдӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзалияти калон дода шуда, равнақи он ҳамчун сиёсати стратегӣ ба шумор меравад. Дар ин ҷода варзишгарони вилояти мо низ саҳми муносиб гузошта истодаанд. 
Таъкид гардид, ки дар ин чорабинӣ  зиёда аз 150 паҳлавони номдор, аз ҷумла ҳафт бону, ҳам аз дохили кишвар ва ҳам берун аз он ширкат варзида, рафти мусобиқаро ҳайати доварони сатҳи байналмилалӣ, ки дар байнашон намояндагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ ҳузур доранд, доварӣ мекунанд.
Умеду эътиқоди устувор дорем, ки соҳаи варзиш дар вилоят боз ҳам рушд намуда, аз байни онҳо ҷаҳонпаҳлавонҳои зиёди номусбардори миллат ба воя хоҳанд расид.
Дар мусобиқаи варзишӣ аз намуди волейбол дастаи ноҳияи Шуғнон ҷойи якум, дастаи ноҳияи Рӯшон ҷойи дуюм ва дастаи водии Бартанг сазовори ҷойи сеюм гардиданд. 
Аз намуди арғамчинкашӣ бошад, ҷойи якумро варзишгарони раёсати ВКД, ҷойи дуюм ноҳияи Роштқалъа ва ҷойи сеюмро дастаи таъиноти махсуси РВКД дар ВМКБ соҳиб шуданд.
Шарифҷон Назриев, варзишгар аз вилояти Хатлон, дар намуди гӯштини миллӣ бар ҳамаи ҳарифонаш зафар ёфта, шоҳҷоизаи раиси ВМКБ – электромобилро соҳиб гардид. Гӯштингирони дигар, ки  ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд, бо  дигар мукофотҳо, аз қабили телевизор, яхдон, қутос ва барзаговҳои калон, сарфароз шуданд.
Ғолибони мусобиқаҳои дигари варзишӣ соҳиби мукофотҳои пулӣ гаштанд. Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷашнҳои наврӯзӣ идома доранд.
 
Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият” 
Санаи нашр: 01.04.2024 №: 59
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив