ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АГАР АВЗОИ СИЁСИИ ҶАҲОН БЕҲТАР НАГАРДАД...

АГАР АВЗОИ СИЁСИИ ҶАҲОН БЕҲТАР НАГАРДАД...

02 апрел 2024, Сешанбе
35
0
 
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошӣ ба ифтихори Ҷашни Наврӯз иброз доштанд, ки солҳои охир бо сабаби мураккабу ноором гардидани вазъи сиёсии ҷаҳон, тағйирёбии бесобиқаи иқлим ва оқибатҳои ногувори он – камобиву хушксолӣ, инчунин, паҳн шудани бемориҳои сироятӣ, таъминоти аҳолии сайёра бо озуқаворӣ торафт мушкил гардида истодааст. Ҳамчунин, ба таъкиди Пешвои миллат, тибқи мушоҳидаву таҳлилҳо соли 2024 ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нигоҳи таъминот бо маводи ғизоӣ нисбат ба солҳои гузашта ба вазъи боз ҳам мушкилу вазнинтар рӯ ба рӯ мегардад. Имрӯз сокинони беш аз 80 кишвари дунё аз мушкилоти қаҳтиву гуруснагӣ азият мекашанд.
Ин нуктаро бисёре аз коршиносон низ таъкид мекунанд, ки буҳрони озуқаворӣ яке аз проблемаҳои асосии соли 2024 боқӣ мемонад. Тағйирёбии иқлим, махсусан хушксолӣ дар баъзе кишварҳои Осиё ва Амрикои Лотинӣ, боиси идома ёфтани буҳрон гардидааст. Мавриди зикр аст, ки дар ин минтақаҳо на танҳо қисми зиёди маҳсулоти ғалладона ва равғандиҳанда, балки биринҷ, равғани палма ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол мешаванд. Акнун истеҳсол ва, ҳамзамон, содироти чунин маҳсулот кам гардида, нархҳо афзоиш меёбанд. Ҳамчунин, ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо барои содироти маҳсулоти ғизоӣ барои идома ёфтани буҳрон замина мегузорад.
 
ДАСТРАСӢ БА ҒИЗО МУШКИЛТАР МЕГАРДАД
Ноором гардидани вазъи сиёсии ҷаҳон ва низоъҳои мусаллаҳона дар баъзе аз минтақаҳо яке аз омилҳои асосии буҳрони озуқаворӣ дониста мешавад. Канда шудани занҷираҳои тиҷоратӣ ва логистикӣ боиси сар задани буҳрон ва марги ҳазорон нафар аз беғизоӣ мегардад. Аз ҷумла, ҳамлаҳои хусиҳо дар Баҳри Сурх ҳоло яке аз омилҳои аслии болоравии нархҳо ва канда шудани занҷираҳои логистикист. Вазъияти баамаломада на танҳо соҳаи энергетика, балки бо сабаби қиммат шудани интиқоли маҳсулот, ба амнияти озуқаворӣ низ таъсири манфӣ мерасонад. Ин ҳолат аз он шаҳодат медиҳад, ки то авзои сиёсии ҷаҳон беҳтар нашавад, буҳрони озуқаворӣ сол ба сол шадидтар мегардад.
 
ДАР СУДОН ҶОНИ 222 ҲАЗОР КӮДАК ДАР ХАТАР АСТ
Даргириҳои шадид дар кишвари Судон буҳрони озуқавориро ба вуҷуд оварда, дар моҳи май бархе аз манотиқи он ба гуруснагӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Дар ин бора, намояндагони Созмони Милали Муттаҳид иттилоъ доданд.
Дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳонаи байни артиши Судон ва қувваҳои ҳарбии “Қӯшунҳои зудамал”, 18 миллион одам – беш  аз сеяки аҳолии мамлакат, аз нарасидани маҳсулоти ғизоӣ азият мекашанд. Аксари ин мардум дар музофоти Дорфур ва Кордофан, инчунин дар иёлатҳои Хартум ва Алҷазира зиндагӣ мекунанд. Ҷанги мазкур боиси кам гардидани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз байн рафтани инфрасохтори соҳа, якбора боло рафтани нархҳо ва канда шудани занҷираҳои логистикӣ гардид.
Маурисио Мартина, муовини мудири кулли Созмони озуқа ва кишоварзии СММ, гуфт, ки муноқишаҳои мусаллаҳона дар иёлоти ҷанубу шарқӣ, ки бештари ғаллаи ин кишвар дар ин минтақаҳо тавлид мешавад, ҷараён дорад. Тибқи иттилои номбурда, соли гузашта тавлиди ғалла дар Судон 46 дарсад коҳиш ёфта буд.
Айни замон, беш аз 730 ҳазор судонӣ аз камғизоӣ азият мекашад, ки ин рақам бо суръати нигаронкунанда афзоиш меёбад. Бояд гуфт, ки, аллакай, ҳазорон нафар ҷони худро бар асари гуруснагӣ аз даст доданд. Тибқи гузориши ахири созмони "Табибони бидуни марз" дар урдугоҳи Замзам дар Дорфури Шимолӣ ҳар ду соат як кӯдак мемирад. Таҳлилгарон тахмин мезананд, ки тақрибан 222 ҳазор кӯдак метавонад дар моҳҳои наздик аз гуруснагӣ фавтад.
Карл Скау, муовини директори иҷроияи Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ, иброз дошт, ки ҳафт миллион нафар дар Судони Ҷанубӣ ва тақрибан се миллион нафар дар кишвари Чад низ бо норасоии шадиди ғизо рӯбарӯянд. 
 
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 02.04.2024 №: 60
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив