ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАРЗИШ

ВАРЗИШ

02 апрел 2024, Сешанбе
7
0


ФУТБОЛ
Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Доҳа тамрин мекунад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев пеш аз Ҷоми Осиё-2024 дар шаҳри Доҳаи Қатар ҷамъомади ниҳоии тамринӣ баргузор мекунад, ки он 3-юми апрел оғоз меёбад. Ба ҷамъомад 25 бозигар даъват мегардад, ки 23 нафараш ба ҳайати асосӣ шомил мешавад.
Дар Ҷоми Осиё-2024 мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ (16 апрел), Ироқ (19 апрел) ва Тайланд (22 апрел) бозӣ мекунад.
Ҳамчунин, Конфедератсияи футболи Осиё рӯйхати доваронеро, ки дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 миёни ҷавонон фаъолият хоҳанд кард, нашр намуд, ки чор намояндаи Тоҷикистон низ ба он шомил аст: доварони ФИФА Гулмуроди Саъдулло ва Насрулло Кабиров ва ёварони довари ФИФА Ҳасан Каримов ва Вафо Қараев.
Ҷоми Осиё-2024 (U-23) аз 15-уми апрел то 3-юми май бо иштироки 16 даста дар Қатар баргузор мешавад. Се дастаи беҳтарини мусобиқа соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 мегардад.


ҶУДО
Медали тиллои навраси тоҷик дар "Judo Termiz Open 2024"
Паҳлавони навраси кишвар Сомон Турсунзода дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо дар шаҳри Тирмизи Ӯзбекистон сазовори медали тилло гардид.
Дар мусобиқа зиёда аз 800 варзишгар аз кишварҳои Осиёву Аврупо иштирок дошт. Сомон дар вазни -26 кг гӯштӣ гирифта, рақибонашро аз кишварҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон шикаст дод ва сазовори ҷойи аввал гашт.


Тими ҷудои кишвар дар Анталия ба Чемпионати Осиё омода мешавад
Тими ҷудои кишвар дар ҳайати 50 нафар дар шаҳри Анталияи Туркия ба ҷамъомади тамринии байналмилалӣ фаро гирифта шуд.
Ҷамъомад бо иштироки паҳлавонони беш аз 40 давлат 1-уми апрел оғоз гардида, то 10-уми апрел идома меёбад.
Машқҳо дар Анталия барои паҳлавонони мо як марҳалаи омодагӣ ба Чемпионати Осиё (20-22-юми апрел, Ҳонгконги Чин) ва Гранд-слами Душанбе (3-5-уми май) мебошад. Дар он варзишгарони беш аз 35 давлати қора ширкат хоҳанд кард.  

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 02.04.2024 №: 60
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив