ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СТЕБЛИН-КАМЕНСКИЙ.  АЗ ОМӮЗГОРӢ ДАР БАДАХШОН  ТО ТАРҶУМАИ "АВЕСТО" 

СТЕБЛИН-КАМЕНСКИЙ.  АЗ ОМӮЗГОРӢ ДАР БАДАХШОН  ТО ТАРҶУМАИ "АВЕСТО" 

02 апрел 2024, Сешанбе
16
0


Академик Иван Стеблин-Каменский аз камшумортарин пажӯҳишгарони номвар буд, ки забон ва хатти авестоиро медонист. Сафари аввалини ӯ ба Тоҷикистон тавассути Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сурат гирифт ва муддате он ҷо омӯзгори забони русӣ буд. Дар баробари донистани забонҳои тоҷикӣ, англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, арабӣ, инчунин, забонҳои помириро низ хуб медонист ва дар мавриди забони вахонӣ, фолклори он асарҳои ҷолибу бунёдӣ навишт. Кори номзадии Стеблин-Каменский «Овошиносии таърихии забони вахонӣ» унвон дошта, дар заминаи он “Луғати этимологии забони вахонӣ”-ро ба забони русӣ чоп кард.

КӮТОҲ ДАР БОРАИ ПАЖӮҲИШГАР
Стеблин-Каменский 5-уми ноябри соли 1945 дар шаҳри Ленинград дар хонаводаи марди сухандон ва олим, филолог-скандинависти машҳури рус, фонолог ва тарҷумон Михаил Иванович Стеблин-Каменский ба дунё омад. Дар риштаи ховаршиносии Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург аз забони классикии форсӣ, забонҳои бостониву миёна ва нави эронӣ, аз ҷумла авастоиву помирӣ ва фолклори қавмҳои эронӣ, дарс додааст. Ӯ кафедраи филологияи Эрон ва Шарқи Донишгоҳи давлатии Ленинградро соли 1968 хатм карда, бо роҳбарии пажӯҳишгари маъруф В. А. Лившитс ба кори таҳқиқотӣ оғоз кард. Дар ин Донишгоҳ дар вазифаҳои гуногун фаъолият бурда, соли 1984 мавзуи «Земледельческая лексика памирских языков в сравнительно-историческом освещении»-ро таҳқиқ ва дифоъ кард. Соли 2003 академики Академияи илмҳои Русия шуд. 3-юми майи соли 2018 чашм аз ҷаҳон пӯшид. 

“АВЕСТО” ӮРО МАШҲУР КАРД
Аз барҷастатарин осори Стеблин-Каменский метавон китобҳои “Забони вахонӣ”, “Афсонаҳои Помир”, “Афсонаҳо ва ривоёти Систон”-ро ном бурд. Вале бояд таъкид кард, ки шуҳрати ӯ баъди тарҷумаи бахшҳое аз сурудҳои “Авесто” бештар гардид. 
– Китобҳои ӯ "Авеста. Избранные гимни" (Душанбе, 1990), "Авеста. Избранные гимни. Из Видевдата" (Москва, 1993), "Гаты Заратуштры" (2009) номи тарҷумонро дар олами эроншиносӣ муаррифӣ карданд. Тарҷумаҳои дигари ин донишманди номвар дар ҳаммуаллифӣ бо Грюнберг "Сказки народов Памира. Перевод с памирских языков" (Москва, 1976), "Языки Восточного Гиндукуша”, “Ваханский язык. Тексты, словарь, грамматический очерк” (Москва, 1976), "Сказки и легенды Систана" (Москва, 1981) мебошанд, ки симои ӯро ба сифати фолклордон ва тарҷумони хушсалиқаи осори шифоҳии халқҳои эронӣ ошно мекунанд, – менависад Субҳони Аъзамзод, номзади илмҳои суханшиносӣ.
Ҳоло дар шабакаи интернет метавон шакли электронии китоби “Авесто”-и тарҷумкардаи мавсуфро пайдо намуд. Инчунин, бояд гуфт, ки нусхаҳои пештар чопшудаи он ҳамчун нигора дар шаҳри Красноярски Русия ба намоиш гузошта шудааст.
Силсилаи мақолаҳояш дар бораи забон, этнолингвистика, этнография ва фолклори қавмҳои эронӣ, аз ҷумла бохтариён, помириён, вахониён, хеле арзишманданд. Дар бораи забони тоҷикон барои яке аз қомусҳои исломӣ мақолае навиштааст, ки кирои таъриф аст. Он мақола чунин ном дорад: Tādjīkī. Language // The Encyclopaedia of Islam [1998] 2000, p. 64b-65a.

ОРДЕНИ «ДӮСТӢ» БА ДӮСТИ ТОҶИКОН
Академик Николай Казанский, забоншиноси рус, яке аз ҳамкорони Стеблин-Каменский, менависад: “Ӯ олими академӣ ва бунёдгаро буд. Дуруст аст, ҳастанд олимони ҷавону донишманд, аммо бештари онҳо як ё ду риштаи ин ё он соҳаро медонанду бас. Вале донандаи чандин забон, бори аввал тарҷумони Авесто ба забони русӣ будан, фароҳамсози луғатномаҳои забонҳои помирӣ («Этимологический словарь ваханского языка») ва пажӯҳишгари мавзуи «Культурные растения в памирских языках» яктост ва он Стеблин-Каменский аст”.  
Мавсуф тарҷумони шеър ҳам буд. Аз ҷумла, рубоиҳои Хайём ва ғазалҳои дилошӯби Ҳофизро ба русӣ тарҷума кардааст. Ҳамзамон, ӯро ҳамчун марди закиву бозарофат ёд мекунанд, ки латифаҳо дар бораи ховаршиносонро гирд оварда, дар як маҷмуа ба табъ расонд.
Олими рус Владимир Владимиров, ки солҳо бо қаҳрамони мо кору фаъолият дошт, ӯро чунин ёд мекунад: “Стеблин-Каменский дар кор ва зиндагӣ шоирона рафтор мекард. Дар Рӯзи суханшинос (День филолога), ки дар Русия ҳамасола шанбеи охири моҳи май ҷашн гирифта мешавад, ҳатман бо ҷома ва тоқии тоҷикӣ меомад ва аз осори классикони Шарқ ба забони тоҷикӣ шеър мехонд”.
Соли 2005-ум Стеблин-Каменский дар панҷумин ҳамоиши “Чеҳраҳои мондагор”-и Эрон симои барҷаста баргузида шуд ва борҳо ба ин кишвар сафар карда, барои донишҷӯёну олимони ҷавон дарс мегуфт. То вопасин нафас ошиқи тоҷикону Тоҷикистон ва аз оғози созмонёбӣ узви Анҷумани байналмилалии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон “Пайванд” буд.
Хидматҳои илмии Иван Стеблин-Каменскийро Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли бузургдошти Сомониён (1999) бо ордени Дӯстӣ қадр карданд.

Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 02.04.2024 №: 60
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив